Дар паи таркиши як маргталаби узви Толибон дар шарқи Афғонистон се низоми узви паймони НАТО - шаҳрвандони Чехия ба ҳалокат расиданд. Ин низомиён узви нирӯи кӯмакрасони паймони НАТО мебошанд.
Дар як паёми хаттиаш дар шабакаи иҷтимоии Твиттер нахуствазири Чехия Андрей Бабиш аз сарбозони ҳамватанаш ба унвони “қаҳрамон” ситоиш ва ба хонаводаҳои онҳо тасаллият баён кард.
Қалбҳои мо ва ҳам таърих ин қурбонии онҳоро фаромӯш намекунад ва қотеияти моро дар мубориза мустаҳкамтар хоҳад кард
Масъулияти ҳамлаеро, ки рӯзи 5 август рух дод, ҷангиёни Толибон ба ӯҳда гирифтанд. Ин ҳодиса дар наздикии пойгоҳи низомии Багром дар вилояти Парвон рух дод.
Ҳукумати Чех дар фикри афзоиши нирӯҳо дар Афғонистон аст
Низомиёни амрикоӣ бо пахши изҳороте гуфтанд, ки сарбозон замоне мавриди ҳадаф қарор гирифтанд, ки ҳамроҳ бо нирӯҳои милии Афғонистон пои пиёда назорати маъмулии амниятиро анҷом медоданд.
Дар ин таркиш инчунин як сарбози амрикоӣ ва ду низомии афғон ҷароҳат бардоштанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Чех ахиран нақшаи то соли 2020 истиқрор кардани 390 низомӣ дар Афғонистонро тасдиқ кард. Феълан шумори низомиёни чех, ки ҳамчун бахше аз нирӯҳои НАТО дар Афғонистон хидмат мекунанд, ба 230 нафар мерасад.
Фармондеҳи нирӯи кӯмакрасони паймони НАТО дар Афғонистон, генерали амрикоӣ Ҷон Николсон бо пахши изҳороте гуфт, “қалбҳои мо ва ҳам таърих ин қурбонии онҳоро фаромӯш намекунад ва қотеияти моро дар мубориза мустаҳкамтар хоҳад кард”.
НАТО соли 2014 расман рисолати худро дар Афғонистон анҷом дод, вале ҳамоно ҳазорҳо низомӣ ба хотири тамрини аъзои артиши милии Афғонистон дар ин кишвар ба сар мебаранд ва дар амалиёти зиддитеррористӣ иштирок мекунанд.
Шарқи Афғонистон - пурхушунаттарин макон баъди соли 2014
Дар вилояти шарқии Нангарҳор, ба иттилои мақомот, рӯзи 5 август як маргталаби ҳамлагар боиси кушта шудани сарбози артиши Афғонистон шуд. Ин ҳодиса дар маркази вилоят - шаҳри Ҷалолобод рух дод.
Атоулло Хогиёнӣ, сухангӯи волии Нангарҳор гуфт, ки дар ин ҳамла инчунин се узви нирӯҳои амниятӣ ва як мулкӣ маҷрӯҳ шуданд. Масъулияти ин ҳамларо ҳеҷ гурӯҳе ба дӯш нагирифтааст, вале дар гузашта дар ин минтақа аъзои Толибон ва гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ҳамлаҳо анҷом додаанд.
Шурӯъ аз соли 2014, замони тарки Афғонистон кардани нирӯҳои НАТО, шарқи ин кишвар яке аз манотиқи пурхушунат боқӣ мемонад.