Боздошти се шаҳрванди Полша дар марз бо Тоҷикистон

Марзбони қирғиз дар минтақаи Зардолуи марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон

Се шаҳрванди Лаҳистон(Полша) рӯзи 28 апрел ҳангоми наворгирӣ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон дастгир шудаанд.

Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон мегӯяд, рӯзи 28 апрел се шаҳрванди Лаҳистон (Полша) дар наздикии марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон боздошт шуданд.

Саҷира Ҷаколоева, сухангӯи Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 29 апрел дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ин се шаҳрванди Лаҳистон дар тақрибан 300-метрии гузаргоҳи марзии Бордобо дар марзи вилояти Ӯш бо вилояти Бадахшони Тоҷикистон замоне дастгир шуданд, ки бар хилофи режими сарҳадӣ манотиқи марзиро ба навор мегирифтанд.

Саҷира Ҷаколоева афзуд: “Яке аз онҳо ҳатто бо худ санаде, ки ҳувияташро маълум кунад, надошт. Ҳар се шаҳрванди хориҷӣ бо иттиҳоми вайрон кардани режими сарҳадӣ боздошт ва барои идомаи таҳқиқ ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон супурда шуданд.”

Гузаргоҳи Бордобо дар минтақаи Саритош, ки бо вилояти Бадахшони Тоҷикистон ҳаммарз аст, ҷойгир шудааст.

Ин нахустин мавриди боздошти шаҳрвандони хориҷӣ дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон бо иттиҳоми наворгирӣ дар манотиқи сарҳадии мамнӯъ нест.

Дар моҳи августи соли 2015 дар ҳамин минтақаи Саритоши ноҳияи Олойи вилояти Ӯш дар наздикии марз бо Тоҷикистон дастгир шуд. Гуфта мешуд, ки ин хориҷӣ бидуни иҷозаи махсус барои навгорӣ бо квадрокоптер – ҳавопаймои бесарнишини наворбардор – манотиқи марз дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистонро ба навор мегирифт.

Моҳи декабр марзбонҳои қирғиз дар Қаратеити ноҳияи Ҷон-Олойи вилояти Ӯш дар наздикии марз бо Тоҷикистон як шаҳрванди 34-солаи Ҷопонро низ ҳангоми наворгирии манотиқи марзии мамнзъ дастгир карданд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар шаҳри ин ҳодиса гуфт, “ин шаҳрванди Ҷопон ба Қирғизистон барои саёҳат омадааст ва дар маҳалли Қаратеит ҳангоми наворбардорӣ боздошт шуд. Вале вай барои вуруд ба минтақаи марзӣ ва барои наворбардорӣ дар хатти марз ҳуҷҷат надошт.”

Дар ду мавриди қаблӣ хориҷиҳои дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон дастгиршуда бо муҷозоти маъмурӣ – ҷарима ва ихроҷ аз қаламрави Қирғизистон халос хӯрданд.

Саҷира Ҷаколоева мегӯяд, ба фарқ аз ду мавриди аввал, ин дафъа бори аввал аст, ки якбора се хориҷӣ бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои наворгириву аксбардорӣ дар манотиқи мамнӯи сарҳадӣ дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон дастгир мешаванд. Ӯ афзуд, таҳқиқоти баъдии мақомоти амниятӣ маълум хоҳад кард, ки дар қиболи онҳо танҳо бо парвандаи маъмурӣ иктифо кунанд ё ин қазия ангезаҳои ҷиддитар ҳам дорад?

То имрӯз аз 970 марзи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо ҳудуди 520 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст. Аммо ин раванд чанд сол боз дучори рукуд шуда, Душанбеву Бишкек дар дастикам 7 соли охир дар амри таъин ва аломатгузории марзҳояшон дигар ягон километр пеш нарафтаанд. Аксари минтақаҳои баҳсии марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон дар байни ноҳияҳои Исфараву Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон бо ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканд ҷойгир шудаанд ва ҳар сари чанд вақт сабаби муноқишаҳо байни сокинони ду тарафи марз ва сарҳадбонони тоҷику қирғиз мешавад.

Таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ дар марзи вилояти Ӯши Қирғизистон бо вилояти Бадахшони Тоҷикистон асосан анҷом ёфтааст, вале дар ин қисмати марзи ду кишвари Осиёи Марказӣниз дастикам ду минтақаи баҳсӣ то ҳол таъин ва аломатгузориношуда боқӣ мондааст.