Дар шимоли Тоҷикистон рӯзҳои 18 то 21 сентябр машқҳои низомии муштараки зиддитеррористии қисмҳои ҳарбии Тоҷикистону Узбекистон баргузор мешавад.
Бо ташдид ёфтани вазъ дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистону Узбекистон, вазифаи аввалиндараҷаи низомиён омодагӣ ба баргузор кардани амалиёти зиддитеррористӣ дар сарҳад бо Афғонистон мешавад
Масъулини дафтари матбуоти вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 17 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки машқҳои низомии муштарак бо ширкати ҳама сохторҳои қудратии ин кишварҳо баргузор мешавад. Ориф Нозимов, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 17 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт:
“Рӯзҳои 18 то 21 сентябр дар гарнизони вилояти Суғд машқҳои мукаммал бо ҷалби қувваҳову воситаҳои гарнизони Суғд баргузор мешаванд. Масалан, аз се навъи қӯшунҳои низомии вазорати дифоъ – хушкигард, бригадаи десантӣ, нирӯҳои ҳавоӣ, аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, аз қӯшунҳои сарҳадӣ иштирок мекунанд. Бори аввал дар 27 соли истиқлолияти давлатӣ дар ҳамоҳангӣ машқ миёни артишҳои миллии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад”.
Хабаргузории "Интерфакс" бо пахши ин хабар навишт, ки қарор аст дар размоишгоҳи Чорухдарон ва ҳам тамрингоҳи Нурафшони вилояти Суғд аз ҷониби Тоҷикистон беш аз 500 ва аз ҷониби Узбекистон – 100 низомӣ ва техникаи ҳарбӣ истифода шавад.
Вале як мутахассиси низомӣ гуфт, ки дар таҷрибаи ташкили чунин тамринҳо маъмулан ҳазорҳо низомӣ ва даҳҳо техникаи ҳарбӣ истифода мешавад. Дар машқҳои низомие, ки 17-21 июл дар вилояти Бадахшон ҷараён гирифт, ҳудудан 10 ҳазор нирӯ сафарбар шудааст.
Мақомоти ҳарду ҷониб мегӯянд, баъди оддӣ шудани равобити сиёсии Тоҷикистону Узбекистон бо сари қудрат омадани президент Шавкат Мирзиёев, ҳамкориҳои низомии миёни ду кишвар ҳам тавсеа меёбад.
Таҳдидҳои муштарак зарурати муттаҳид кардани нирӯро тақозо мекунад
Ҳарду кишвар таъкид мекунанд, ки таҳдидҳои амниятии созмону гурӯҳҳои ҷангии мисли “Давлати исломӣ”, Толибон, “Ҳаракати исломии Узбекистон” ва қочоқи маводи мухаддир аз хоки Афғонистон зарурати ҳамкориҳои наздиктар ва ҳамоҳангшударо тақозо мекунад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Эмомалӣ Раҳмон аз истиқболи гарми Узбекистон изҳори сипос кард. ВИДЕО, АКСҲадафи ин тамринҳо – ҳамоҳангии вокуниши низомиён ба эҳтимоли убури марзи Афғонистон кардани ҷангиёни “Давлати исломӣ” буд. “Бо ташдид ёфтани вазъ дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистону Узбекистон, вазифаи аввалиндараҷаи низомиён омодагӣ ба баргузор кардани амалиёти зиддитеррористӣ дар сарҳад бо Афғонистон мешавад”, гуфтааст таҳлилгари масоили низомӣ Саттор Ҷалилов. Ин таҳлилгар ба вебсайти infoshos.ru гуфтааст, ки имконияти муттаҳид кардани нирӯ дар амри мубориза бо таҳдидҳои муштарак нахустин бор дар 15 соли охир даст медиҳад.
Ба иттилои мақомот, ба вилояти Суғд мутахассисони ҳарбии Узбекистон сафар кардаанд, ки нақша ва заминаҳои баргузории тамринҳои муштаракро таҳия хоҳанд кард.
Дар паи беҳбуди равобити Тоҷикистону Узбекистон, 17 августи соли ҷорӣ президентони ду кишвар дар Тошканд аҳдноми ҳамкорҳои стратегиро имзо карда тавофуқ кардаанд, ки сохторҳои давлатӣ дар ҳама бахшҳо ҳамкории наздик барпо мекунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Истиқболи маҳофили коршиносӣ аз натоиҷи сафари Мирзиёев ба ТоҷикистонДар маҷмӯъ, дар шаш моҳи охир миёни ҳама сохторҳои қудратии ду кишвар, аз ҷумла вазоратҳои дифоъ, кумитаҳои амнияти миллӣ ва ҳолатҳои фавқулодда чадин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Дар миёни масоили аслии мавриди таваҷҷӯҳи ин ниҳодҳо – муборизаи муштарак бо таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои муштараки фаромиллӣ, пешгирӣ аз фаъолиятҳои хатарзо ба амнияти ҳарду кишвар, ҷилавгирӣ аз маводи мухаддир қарор гирифтаанд. Инчунин ду кишвар созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои ҳарбиву техникиро имзо кардаанд.