Ихроҷи 5500 муҳоҷир аз Маскав (Видео)

Акс аз видеои расмии пулиси Маскав

Раёсати умури дохилаи шаҳри Маскав гуфт, дар пайи ду амалиёти вижа "Нелегал-2016" ва "Заслон-2016", ки аз 5 то 25 май дар пойтахти Русия анҷом шуд, беш аз 14 ҳазор мавриди поймол шудани қонунҳои муҳоҷирати ин кишвар ошкор шуда, дар пайи ин ду амалиёт беш аз 5 500 муҳоҷири ғайриқонуниро аз қаламрави Русия берун кардаанд.

Дар ҷаласаи натиҷагирии амалиётҳои "Нелегал-2016" ва "Заслон-2016" дар раёсати пулиси Маскав, ки шоми 27 май доир шудааст, ҳамчунин гуфта шуд, ки дар ҷараёни ин ду амалиёт ҳудуди 2 кило маводи мухаддир ва тақрибан 180 мил силоҳ низ кашф ва мусодира шуда, 150 нафареро, ки таҳти ҷустуҷӯ қарор доштанд, боздошт кардаанд.

Анатолий Якунин, раиси пулиси Маскав натиҷаҳои амалиётро қаноатбахш номида, гуфт, маъмурони пулис бояд акнун нирӯи худро ба самтҳои дигари кор сафарбар кунанд: “Амалиётҳоро ба сурати умум қаноатбахш ҳисоб мекунем. Натиҷаҳое ба даст омаданд, кори зиёде анҷом дода шуд ва ҳайъати шахсӣ шадидан кор кард. Идҳои моҳи майро мо ба таври шоиста пушти сар кардем. Аз ин рӯ, ташаккур ба ҳама. Онҳое, ки хуб кор карданд, бояд қадрдонӣ шаванд ва паёми ман акнун ба ҳама ин аст, ки ба режими маъмулии кор баргардед.”

Дар гузориши маркази матбуоти пулиси Маскав гуфта намешавад, ки ин 5500 муҳоҷири ихроҷшуда мушаххасан аз кадом кишварҳоянд. Вале Геннадий Голиков, муовини сардори раёсати умури дохилаи Маскав гуфт, аксари ин муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз 2200 манзиле, ки ғайриқонунӣ ба муҳоҷирон иҷора дода шуда буд, боздошт шудаанд ва ба гуфтаи ӯ, аз ин шумор дар 1620 манзилаш маҳз муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба сар мебурданд.

Дар навори видеоие, ки маркази матбуоти пулиси Маскав нашр кард, низ дида мешавад, ки аз даҳҳо муҳоҷири дар як макон дастгиршуда танҳо як нафар ҳангоми бозҷӯӣ мегӯяд, ки аз Озарбойҷон аст. Бақия мегӯянд, ки аз Тоҷикистонанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ихроҷи 5500 муҳоҷир аз Маскав - 1

Баҳром Ҳамроев, раҳбари созмони “Помощь“, як созмони марказаш дар Маскав, ки асосан ба муҳоҷирон ёриҳои ҳуқуқӣ мерасонад, рӯзи 30 май дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, аз шикоятҳои зиёде, ки дар шабурӯзи ин ду амалиёт ба дасти онҳо мерасид, бармеояд, ки аксари боздошту ихроҷшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистонанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баҳром Ҳамроев: Беш аз нисфи ихроҷшудаҳо тоҷикҳову узбакҳоянд

Баҳром Ҳамроев: “Чунин амалиётҳо дар шаҳру вилояти Маскав пайваста идома доранд. Ман худам чандин бор шоҳид будам, ки муҳоҷиронро манъ мекунанд ва бор карда мебаранд. Ҳатто онҳоеро, ки сабти номи қонунӣ доранд. Мо аз муҳоҷирони тоҷику узбак дар ин бора шикояти зиёд мегирем. Мавридҳое буд, ки ҳатто донишҷӯёнро аз қаламрави Русия бе ягон асос берун карданд. Як донишҷӯ аз Узбакистонро созмони мо аз тариқи додгоҳ базӯр халос карда буд. Вале бисёриҳоро ба вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират бюо ягон баҳонаи хеле хурду реза айбдор мекунанд. Барои мисол, баҳона меоранд, ки берун аз маҳалли сабти номи расмиаш дастгир шудааст. Охир, муҳоҷир ҳаққи ба ягон ҷои дигар, барои мисол, ба меҳмонӣ рафтан магар надорад?
Радиои Озодӣ: Яъне бе ягон пурсиш ва танҳо ба хотири иҷрои нақша боздошту ихроҷ мекунанд ҳазорон муҳоҷирро?

Баҳром Ҳамроев

Баҳром Ҳамроев: Вақте муҳоҷиронро пулис боздошт мекунаду парвандаҳояшонро ба додгоҳ мефиристад, дар додгоҳ амалан ягон пурсиш нест. Мегиранду “даста-даста”, бе ягон баррасӣ маҳкум ба ихроҷ аз қаламрави Русия мекунанд ин бечораҳоро. Додрас номи онҳоро ба навбат мегирад ва ҳукмашро ба дасташон месупорад, ки шумо ихроҷ шудед. Тамом, вассалом. Аксари ин муҳоҷирон барои адвокат пул надоранд ва ҳукми ихроҷашон дар даст ҳатто наметавонанд аз ин ҳукм шикоят баранд.

Радиои Озодӣ: Аммо то куҷо дар пушти ин амалиётҳо сояи фасод дида мешавад?

Баҳром Ҳамроев: Чунин ҳолатҳо хеле зиёданд. Буд ҳолате ки маъмури пулис муҳоҷирро манъ мекунад ва мегӯяд, ки номаш дар “рӯйхати сиёҳ” аст, вале агар 10 000 рубл бидиҳад, метавонад бигардад. Муҳоҷир ба ин пулис пул медиҳад, вале баъди чанде ӯро маъмури дигар манъ мекунад. Бубинед, мақомот боздошти беш аз 14 000 муҳоҷирро дар ҷараёни ду амалиёти ахир тасдиқ карданд. Вале дар асл боз ҳазорон муҳоҷири дигар ҳам ҳаст, ки баъди боздошт бо пардохти пора худро аз чанги пулис халос кардаанд. Низоми фасодзада дар мавриди муҳоҷирон хеле хуб кор мекунад. Ҳар мақоми зидахл – аз додрас то пулиси оддие, ки дар кӯча аз муҳоҷирон пул меканад, аз ин дарёи фасод моҳии худро шикор мекунанд.

Радиои Озодӣ: Занозании рӯзи 14 май дар қабристони Хованскоеи Маскав, ки дар он 3 шаҳрванди тоҷик кушта шуданд, оё дар ин боздоштҳои густардаи ахири муҳоҷирон таъсире дошт?

Баҳром Ҳамроев: Албатта! Амалиётҳои "Нелегал-2016" ва "Заслон-2016" маҳз баъди ин ҳодиса авҷ гирифтанд. Рӯёрӯии муҳоҷирони тоҷик бо гурӯҳи ҷиноие, ки мехост онҳоро “ҳақ” бандад, як баҳонаи муносибе барои мақомоти пулис шуд, то аз ҳузури муҳоҷирон ба истилоҳ “пок кардан”-и Маскавро густариш бидиҳанд ва дар натиҷа, беш аз 5500 нафарро аз Русияро берун карданд. Медонед, ман аз таҷрибаи худам як чизро дарк кардам, ки чунин ҳаводисро дониста дар матбуот бузург карда, дар зеҳни мардум эҳсоси тарс аз муҳоҷиронро ҷо мекунанд ва ба дунбол мебинед, ки амалиёти боздошту ихроҷи муҳоҷирон дар ин ё он шаҳри Русия сар шуд.

Пасманзар

“Гражданское содействие”, яке аз созмонҳои маъруфи ҳомии ҳуқуқи башари Русия ахиран дар як гузориши муфассал дар мавриди ихроҷи муҳоҷирон навишт, ки додгоҳҳои Русия барои баррасӣ ва судури ҳукми ихроҷ ё берун кардани як муҳоҷир ҳамагӣ чанд дақиқа сарф мекунад.

Ба ҳисоби Хадамоти муҳоҷирати вазорати шуғли аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон, то 26 марти соли равон шумори он шаҳрвандони тоҷике, ки ба “рӯйхатҳои сиёҳ”-и Русия афтода, аз ҳаққи сафар ба он кишвар маҳрум шудаанд, ба 330 576 нафар расидааст. Ин тақрибан сеяки артиши феълан ҳудуди 900-ҳазорнафарии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро ташкил медиҳад.

Азбаски мардикорӣ дар Русия як манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ихроҷи ҳар муҳоҷири тоҷик аз Русия ба маъноест, ки дастикам як хонавода аз як манбаи муҳими таъмини зиндагиаш маҳрум мешавад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ихроҷи 5500 муҳоҷир аз Маскав - 2