Дар баробари даҳҳо сокини деҳаи Селгаҳ дар ҷамоати деҳоти "Кабут Сайфиддинов"-и ноҳияи Панҷ, Шамсулло Исматов, як хонандаи мактаби миёнаи рақами 8 ҳам дар ташвиш аст.
Шамсулло то вақти дарс кӯмаки ҷамъовардаи омӯзгорони мактабро, ки аз картошкаю пиёз иборат аст, ба осебдидагон аз сел мерасонад: "Ин кӯмакҳо аз тарафи мактаб аст, омӯзгорон маслиҳат карданд, ки хӯрок ҷамъ кунанд, инҷо макарон, пиёз ва дигар чизҳои хӯрданӣ аст, ки мо ба мардум мерасонем",-гуфт ӯ.
Сели ахир дар ноҳияи Панҷ ҷони се нафарро рабуд ва асосан се ҷамоат -- "Озодагон", "Кабуд Сайфиддинов" ва "Намуна" зарари бештар диданд. Ҳукумат комиссияе таъсис додааст, ки зарари сокинонро ҳисоб мекунад.
Аз сели рӯзи 17-уми дар деҳаи Селгаҳи ноҳияи Панҷ, худуди 30 хона зарар дида, даҳҳо гектар киштзор хароб шуд. Ба гуфтаи сокинон, фақат ақрабо ва ҳамдеҳаҳо ҳастанд, ки дар ин рӯзи сахт паҳлӯи онҳо истодаанд.
Гулиҷон Расулова, як сокини ин деҳа мегӯяд, як муаллим аз деҳаи поёнтари Селгаҳ бо як маошаш нон харидорӣ намуда, ба осебдидагон тақсим намуд. Ӯ гуфт, вақте аз омадани сел хабар ёфт, ки аллакай лойоб дари даромади хонаашро гирифта буд. Ӯ бо чаҳор кӯдакаш дар чаҳор девори хона танҳо монд.
Маҳина -- як сокини дигари деҳаи Селоба мегӯяд, чун аз омадани сел бохабар шуд, сару пои луч кӯдаконашро гирифта, аз хона берун шуд. Сел ба хонааш зарари ҷиддӣ ворид карааст ва ҳоло ба танҳоӣ талош дорад хонаро ба ҳолати аввал баргардонад, ҳарчанд кори душворе ҳам ҳаст.
Аз ҳодиса фаромадани сел чанд рӯз гузаштааст, вале сокинон мегӯянд, ки то ба ҳол кормандони ҳолатҳои фавқулодда ба кӯмакашон нарасидаанд. Як сокини маҳал гуфт, МЧС (манзур Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда) агар дар чунин рӯзҳо кӯмак накунад, пас ба чӣ дард мехӯрад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Раиси ноҳияи Панҷ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ ба осебдидагон кӯмак мерасонанд. Сели ахир дар ноҳияи Панҷ ҷони се нафарро рабуд ва асосан се ҷамоат -- "Озодагон", "Кабуд Сайфиддинов" ва "Намуна" зарари бештар диданд. Ҳукумат комиссияе таъсис додааст, ки зарари сокинонро ҳисоб мекунад.
Ҳайате дар Хатлон оқибатҳои селро арзёбӣ мекунад
Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 21 май гуфтанд,ки ба арзёбии хисороти селу обхезиҳои ахир шурӯъ кардаанд ва мегӯянд, ба зудӣ натиҷаҳои онро эълон мекунанд. Борони зиёд ва сел дар вилояти Хатлон, бахусус ноҳияҳои Панҷу Фархор, Хуросону Бохтар хонаҳои даҳҳо нафарро вайрон кард ва даҳҳо гектар зироат ва киштзорҳои мардумро аз байн бурд. Дар натиҷаи фалокатҳо, се нафар ҷон доданд.
Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 21-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки як ҳайат барои ошноӣ бо миқёси воқеии фалокат ва барои рафъи оқибатҳои он ба Хатлон рафтааст. Умеда Юсупова, сухангӯи кумита гуфт, “ҳар як хонае ки зарар дидааст, масоҳати онро дуруст ҳисоб мекунанд ва баъд хисороти расидаро муайян мекунанд”.
Умеда Юсупова гуфт, барои кӯмак ба мардуми осебдида маъмурони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаро фиристодаанд ва ба сокинони зарардида ҳукуматҳои ноҳияву вилоят кумаки моддӣ мерасонанд. Ба қавли вай эҳтиёҷ ба кӯмаки башарии созмонҳои хайрия вуҷуд надорад.
Умеда Юсупова гуфт, “Техникаҳо сафарбар шудаанд, аз сӯи кумита танҳо барои ин техникаҳо ба ноҳияи Фархор ду тонна маводи сузишворӣ фиристода шуд”. Ба қавли ӯ, бартараф кардани оқибатҳои фалокат дар муддати кӯтоҳ имконнопазир аст.