Даъво барои маош: пули сохтмончиёнро кӣ медиҳад? ВИДЕО

Даҳҳо коргари як ширкати хусусии сохтмонии мавсум ба “Сохтмони нав” муддати се сол аст музди маоши худро дарёфт карда наметавонанд. 30 сохтмончӣ мегӯянд ширкат маоши онҳоро дар ҳаҷми 729 ҳазор сомонӣ (беш аз 82 ҳазор доллар) пардохт накардааст. "Сохтмони нав", дар навбати худ сармоягузори сохтмон - ширкати "Эскон"-ро гунаҳгор мекунад, ки раҳбари эрониаш ду сол шуд ба Тоҷикистон барнамегардад. Ширкати "Эскон" дар Тоҷикистон ва аз ҷониби соҳибкори эронӣ Абдулризо Иҷоғӣ Мирсолеҳ таъсис шудааст.

Шурӯи сохтмон дар чор соли пеш

Баҳси маош ба додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон рафт. Таърихчаи шурӯи

Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон, вақте ки ба таври хаттӣ ба фармоишгар барои идомаи марҳилаҳои дигари сохтмонӣ муроҷиат карда мешаваду вале дар зарфи 10 рӯз посух дарёфт намекунад, дигар фармоишгар метавонад ҳақгузорӣ накунад

ҳамкориҳои ширкати “Эскон” ва ширкати «Сохтмони нав» аз соли 2013 шурӯъ мешавад. “Эскон” бо ширкати хусусии “Сохтмони нав” дар заминаи бунёди як бинои панҷтабақаи истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе шартнома баст.

“Сохтмони нав” мегӯяд, бо гузашти вақт ширкати эронӣ ба унвони сармоягузори ин тарҳ аз иҷрои ӯҳдадории худ даст кашид ва дар натиҷа беш аз 30 коргари ширкати “Сохтмони нав” бемузд монд. Абдукарим Сангов, раиси ширкати “Сохтмони нав” мегӯяд, ширкат муфлис шуда ва Абдулризо Иҷоғӣ Мирсолеҳ, раиси ширкати "Эскон” ба Эрон баргашт.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Даъво барои маош: пули сохтмончиёнро кӣ медиҳад?

Сангов гуфт, баъди чунин ранг гирифтани кор ширкати «Сохтмони нав» бинои панҷошёнаро бо пули худ сохта ба анҷом расонд, вале қарзи маоши солҳои 2013-2015-и ширкати “Эскон” пардохтношуда монд. Бо вуҷуди ин ки бинои истиқоматии панҷошёна дар кӯчаи Валаматзодаи пойтахт пурра ба анҷом расида ва аллакай дар он сокинон ба сар мебаранд, баҳси ин ду ширкат дар долонҳои додгоҳҳои иқтисодии Тоҷикистон барои дарёфти 729 ҳазор сомонӣ идома дорад.

20 ҳазори маро бидиҳанд!

Даҳҳо коргари тоҷик ҳамчунон дари ширкати “Сохтмони нав”- ро мекӯбанд ва қарзи маоши сесолаи худро талаб мекунанд.

Шамс Холов, яке аз сохтмончиёни ин бинои панҷошёна мегӯяд, тӯли панҷ соли ахир дар ин тарҳ кор карда, вале бо вуҷуди талаби сесола аз музди кор дараке нест: “Фақат мегӯянд, ки “мешавад”, аммо то имрӯз ҳеҷ чиз маълум нест. Ман ҳар моҳ якуним ҳазор сомонӣ маош мегирифтам, вале инак се сол шудааст, ки аз пули мо дарак нест. Ман соҳиби се фарзанд ҳастам ва зиндагии хубе надорам”.

Таваккал Холов

Андовагар Мирзосаид Ҷалилов мегӯяд, пули коркардааш беш аз 20 ҳазор сомонӣ мебошад. Ба гуфтаи вай, ин пули каме нест ва дар зиндагиаш хеле зарур аст. Дар паи муфлис шудани ширкати “Сохтмони нав”, ҳудуди 100 коргар натавонист маоши чандинмоҳаашро дастрас кунад. Бо ин ҳам аксари онҳо ба Русия барои муҳоҷират рафтанд.

Абдукарим Сангов мегӯяд, ширкати ”Эскон”, сармоягузори аслии бинои истиқоматии панҷошёна дар маркази шаҳри Душанбе ҷиҳати сармоягузории 819 ҳазор доллар барои сохтмони бинои панҷошёна қарордод дошт, аммо қисмати ками онро сармоягузорӣ карда ва соли 2014 аз идомаи сармоягузорӣ даст кашид ва ба Эрон рафт. Сангов гуфт, ки ин тарҳро аз ҳисоби фурӯши мошинҳои ширкати “Сохтмони нав” сохта анҷом дод.

"Эскон": Идомаи сохтмон дар масъулияти мо нест

Дар ҳамин ҳол ​Некмурод Нуров, вакили дифои ширкати эронии “Эскон” дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт:

“Ширкати “Сохтмони нав” дар вақти иҷрои корҳои иловагӣ бояд бо ширкати “Эскон” ҳамчун фармоишгар шартномаи иловагӣ мебаст, вале ин корро накард ва бар асоси қонунҳои ҷории кишвар сармоягузор муваззаф нест, ки идомаи сохтмонро маблағгузорӣ кунад.

Абдурасул Сангов

Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон, вақте ки ба таври хаттӣ ба фармоишгар барои идомаи марҳилаҳои дигари сохтмонӣ муроҷиат карда мешаваду вале дар зарфи 10 рӯз посух дарёфт намекунад, дигар фармоишгар метавонад ҳақгузорӣ накунад ва бо ҳамин далел даъвои “Сохтмони нав” рад карда шуд”.

Додгоҳ аз идомаи баррасии қазия даст кашид

Дар ҳамин ҳол бо як қарори худ аз ҳафтаи гузашта додгоҳи иқтисодии ноҳияи Шоҳмансур баррасии ин қазияро рад кард. Масъулони ширкати “Сохтмони нав” мегӯянд, аз болои ҳалномаи додгоҳи иқтисодии ноҳияи Шоҳмансур ба Додгоҳи олии иқтисодӣ дар ҳафтаи оянда аризаи шикоятӣ пешниҳод мекунанд.

Абдукарим Сангов

​Ширкати “Эскон” бо кӯшиши соҳибкор ва сармоягузори эронӣ Абдулризо Иҷоғӣ Мирсолеҳ дар соли 2012 дар Душанбе таъсис шуда, вале дар натиҷа камтар аз ду сол кор карда Тоҷикистонро тарк кардааст. Даъвои миёни ширкати эрониву тоҷикӣ дар ҳоле ҷараён мегирад, ки дар давоми ду соли охир дар Тоҷикистон ҳузури тиҷоратҳои эронӣ шадидан коҳиш ва маҳдуд шуда, дар сатҳи сиёсӣ Теҳрон ва Душанбе маблағҳои нопадидшудаи соҳибкори зиндонӣ Бобаки Занҷониро баррасӣ мекунанд.