Қисмати узбакистонии хатти сеюми лӯлаи гази Осиёи Марказӣ - Чин рӯзи 31 май ба истифода дода шуд. Қарор аст, соли оянда сохтмони хатти чоруми лӯлаи гази Чин, ки аз Тоҷикистон хоҳад гузашт, шурӯъ шавад.
CNPC – ширкати миллии нафту гази Чин – хабар дод, ки рӯзи 31 май сохтмони қисмати узбакистонии хатти С, ё хатти сеюми лӯлаи гази Осиёи Миёна – Чин пурра анҷом ёфта, рехтани гази табиӣ аз конҳои Туркманистон ба ин лӯла алакай шурӯъ шудааст.
Тавассути хатти С, ё хатти сеюми лӯлаи гази Осиёи Миёна – Чин дар ҳоли ҳозир солона 7 миллиард метри мукааби газ ба Чин интиқол дода мешавад. Вале иқтидори нақшавии ин хатти тӯлаш 1830 километр 25 милиард метри мукааби газ дар солро ташкил медиҳад. Қарор аст, 10 миллиарди онро солона Туркманистон, 10 миллиардашро Узбакистон ва 5 миллиарди боқимондаашро Қазоқистон таъмин кунанд.
Ин хатт аз як минтақаи марзии Туркманистону Узбакистон то гузаргоҳи марзии Қорғаз дар марзи вилояти Шинҷон-Уйғури Чин рафта ва дар онҷо ба хатти сеюми лӯлаи гази Ғарб-Шарқи Чин мепайвандад.
Бино ба гузориши сомонаи Нефтегаз.Ру, ки ахбори марбут ба бозорҳои нафту гази дунёро пайгирӣ мекунад, ширкатҳои CNPC ва “Узбекнефтегаз” барои бунёди хатти С байни Осиёи Марказӣ ва Чин корхонаи муштараке бо номи "Asia Trans Gas" таъсис додаанд. Сохтмони лӯла моҳи сентябри соли 2012 оғоз ёфта, ҷамъулҷамъ барои бунёди қисмати узбакистонии ин хатти газ 2,2 миллиард доллар масраф шудааст.
Ба ин тартиб, хатти сеюми лӯлаҳои газ байни Осиёи Марказиву Чин мавриди баҳрабадорӣ қарор мегирад. Интизор меравад, то поёни соли 2015 хатти С ба иқтидори нақшавиаш, яъне интиқоли 25 миллиард метри мукааби газ дар сол, бирасад. Бо ин, иқтидори умумии ҳарсе хатти газ байни Осиёи Марказиву Чин ба 55 миллиард метри мукааб дар сол хоҳад расид.
Сохтмони лӯлаҳои газ байни Осиёи Миёнаву Чин соли 2008 оғоз ёфта, хутути А ва В мутаносибан дар декабри соли 2009 ва октябри соли 2010 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Чин тавассути ин ду хат дар соли 2013 аз Туркманистон 27,9 миллиард метри мукааби газ гирифтааст.
Ширкати нафту гази Чин ҳамин тавр, рӯзи 21 май бо “Газпром”-и Русия қарордоди бузургеро ба маблағи умумии 400 миллиард доллар имзо кард, ки бар асоси он Русия бояд тайи 30 соли оянда ҳар сол ба Чин 38 миллиард метри мукааби газ бирасонад.
Навбати Тоҷикистон мерасад?
Аммо ҳатто ин ҳаҷмҳои бузурги газ ҳам зоҳиран барои таъмини иқтисоди рӯ ба рушди Чин кофӣ наменамояд. Рӯзи 12 сентябри соли 2013 дар Бишкек Чин бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати сохтани хатти чоруми лӯлаи газ, яъне хатти D, созишнома имзо кард. Ин хатти ҷадид ба фарқ аз хаттҳои қаблӣ, ки бо қаламрави танҳо 3 кишвари манбаи газ – Туркманистону Қазоқистону Узбакистон маҳдуд мешуданд, Қирғизистону Тоҷикистонро низ ҳамчун кишварҳои транзитӣ дар бар мегирад ва аз ин рӯ қарордодаш низ бо мақомоти Бишкеку Душанбе ва Тошканд имзо шудааст.
Як манбаи огоҳ аз ҷараёни музокироти ин созишнома байни Душанбеву Пекин ба Озодӣ гуфт, азбаски Узбакистон дар роҳи ҳама гуна тарҳҳои бузурги минтақавӣ, ки Тоҷикистонро фаро мегиранд, мониагузорӣ мекунад, музокироти байни Душанбеву Пекин дар шароити хеле махфӣ мегузашт ва ҷониби Узбакистон танҳо дар марҳалаи поёнӣ, ки матни созишнома барои имзои тарафҳо омода шуда буд, дар ҷараён гузошта шуд.
Аммо бо исрори мақомоти Узбакистон, дар матни созишнома банде илова шудааст, ки Тоҷикистону Қирғизистонро дар ин қарордод танҳо ҳамчун кишвари транзитӣ манфиатбар мекунад ва онҳо ҳаққи гирифтани газ аз ин лӯларо нахоҳанд дошт.
Ин ҳам дар ҳоле ки Узбакистон баъди оғози содироти газаш ба бозорҳои дигар - ибтидо ба Аврупо тавассути "Газпром" ва ҳоло ба Чин - содироти газ ба Тоҷикистонро аз соли 2008 ба ин сӯ қатъ кардааст. Мақомоти тоҷик мегӯянд, Тошканд ҳамин тавр, кишварҳои дигари содиркунандаи газ дар минтақа, аз ҷумла Туркманистонро ҳам имкон намедиҳад, ки ба Тоҷикистон газ бидиҳанд. Ҳарчанд талаботи Тоҷикистон ба газ чандон зиёд нест ва дар сол ҳадди аксар то 1 миллиард метри мукаабро ташкил медиҳад, тавлидоти дохилии худи Тоҷикистон ҳанӯз барои таъмини аҳолӣ ва корхонаҳояш басанда нест ва ба ин далел аксари корхонаҳои саноатии кишвар, бо шумули ТАЛКО ва "Сементи Тоҷик" ҳоло ба ҷои газ ангиштро истифода мекунанд.
Тибқи қарордод, хатти чорум байни Осиёи Марказӣ ва Чинро ҳам "Asia Trans Gas" – ширкати муштараки “Узбекнефтегаз” ва CNPC хоҳад сохт. Бино ба гузориши Нефтегаз.Ру, интизор меравад, тайи соли 2014 тарҳи асосии фаннии сохтмон таҳия шуда, бунёди ин лӯла дар нимаи аввали соли 2015 оғоз шавад. Иқтидори хатти чоруми лӯлаи газ, ки аз қаламрави Тоҷикистон хоҳад гузашт, 30 миллиард метри мукааб дар сол баровард мешавад.
Бар асоси тарҳ, қитъае лӯлае, ки аз қаламрави Тоҷикистон хоҳад гузашт, 400 километрро ташкил медиҳад ва бояд то соли 2016 мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.
Тӯли умумии 4 хатти лӯлаи гази Осиёи Марказӣ – Чин аз марзи 7 000 километр мегузарад. Хароҷоти бунёди ин лӯлаҳо наздики 10 миллиард доллар баровард мешавад, ки қариб ҳамаашро Чин медиҳад.