Намояндагони Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон мегӯянд, аз роҳи қонунӣ барои сабти номи Ойниҳол Бобоназарова ба мақоми президентӣ талош хоҳанд кард.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби назҳати исломӣ ва яке аз масъулони ин иттиҳод гуфт, онҳо тасмим доранд, дар мавриди мушаххас кардани шумораи 5 дарсадии имзоҳо барои номзадҳо ба Куммиссиюни Марказии интихобот муроҷиат кунанд. Ба гуфтаи ҷаноби Кабирӣ, танҳо пас аз ин онҳо мавқеъи худро дар робита ба интихобот рӯшан хоҳанд кард.
Ба иддаои ҷаноби Кабирӣ, дар ҳоле ки теъдоди интихобкунандагон дар Тоҷикистон 4 миллиону 120 ҳазор нафар эълон шудааст, Ойниҳол Бобоназарова, тавонистааст беш аз 202 ҳазор, яъне 5 дарсади имзоҳоро аз шумораи умумии интихобкунандагонро ба даст орад. Ин дар ҳолест, ки Раҳматулло Зоиров,раҳбари ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, агар номзадии Бобоназарова ба қайд гирифта нашавад, ҳизби ӯ интихоботро таҳрим хоҳад кард.
Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон даъвои узви Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳталабро бемантиқ медонад ва мегӯяд, онҳо бояд заъфи худро қабул намоянд: «вақте ки дар ҳамин мӯҳлатҳо овозҳоро ҷамъ овардан наметавонанд, бояд даст боло кунанд ва бигӯянд, ки натавонистем, тамом. Ман аслан дар ситезаҳои онҳо мантиқро намебинам.»
Таҳлилгари тоҷик Фариддун Ҳодизода бовар надорад, ки роҳи пешгирифтаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон натиҷае дошта бошад ва вазъро тағйир диҳад. Вай мегӯяд, бовар намекунад, ки куммисиюн ин даъворо қабул кунад чунки тағйири қарор раванди хеле дуру дароз аст, ва онҳо дар байни 10-15 рӯз ин корро анҷом додан наметавонанд. "Ман фикр намекунам, ки дар инҷо бозии паси пардагӣ ҷарёан дорад, зеро дар ин сурат Кумиссияи марказии интихобот ҳанӯз субҳи рӯзи ҷумъа номзадии Ойниҳол Бобоназароваро сабт мекард ва дар он вақт мо мегуфтем, ки ин воқеан бозӣ буд."
Ба фарқ аз Фариддун Ҳодизода, Саймиддин Дӯстов, сарвари созмони «Индем», қадами навбатии Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳталабро як навъ саҳнасозӣ ва гӯл задани мардуми воқеан ислоҳталаб ва тағйирхоҳи тоҷик медонад. Ба назари ӯ, ба эҳтимоли бештар, ин талошҳо аз тарафи ҳукумат ёфта, номзадии Ойниҳол Бобоназарова сабт хоҳад шуд. Ҷаноби Дӯстов мегӯяд, тасмими ниҳоиро худи президент хоҳад гирифт. Ӯ ҳамчунин гуфт, «онҳо ба ҳукумат нишон доданд, ки дар ин дафъа барои муборизаи ҷиддӣ бурдан барои маснади президентии Тоҷикистон омода нестанд. Вале онҳо то ҳанӯз ба ҳар васила ба ҳукумат паём медиҳанд, ки омодаанд, дар машруъият бахшидан ба интихоботи ноябрӣ боз ҳам аз сиёсатҳои феълии ҳукумат, аз самтҳои асосии он дастгирӣ кунанд.»
Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳталаби Тоҷикистон ки аз ду ҳизби сиёсӣ – ҲНИТ ва ҲСДТ ва як силсила созмонҳои ғайридавлатӣ таркиб ёфта, Ойниҳол Бобоназарова ҳуқуқдони саршинос ва фаъоли сиёсиро 10 -уми сентябри соли ҷорӣ ба унвони номзади ягонаи худ ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ кард. Вале ҳафтаи гузашта ситоди интихоботии Бобоназарова эълом дошт, ки натавонистааст, шумораи зарурии имзоҳоро ҷамъоварӣ кунад.
ИНИТ: 202 000 имзо барои сабти номзади мо кифоят мекунад
Ойниҳол Бобоназарова, фаъоли сиёсӣ ва ҳуқуқдони тоҷик, ки номзади ИНИТ буд, гуфт, ки "ҳар чӣ аз дастамон омад дар чорчӯби қонун анҷом додем ва хато ҳам накардем, ки ба ин раванд ворид шудем." Аммо Ойниҳол Бобоназарова раванди баргузории интихоботии президентиро ғайридемократӣ медонад ва мегӯяд, "мушкили аслие, ки қонунӣ будани интихоботро зери суол мебарад, ҷамъ нашудани имзои муҳоҷирон ба тарафдорӣ аз номзадҳои мавриди назарашон аст."
Раҳматулло Зоиров, раҳбари ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) мегӯяд, интихоботро қабул надорад, аммо тақозояш ин аст, ки Куммиссиюни марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) Ойниҳол Бобоназароваро сабти ном кунад. Аммо дар ҳоле ки Раҳматулло Зоиров, раҳбари ҲСДТ, интихоботро қабул надорад, мегӯяд, ки "мо тақозо дорем, ки номзадии Ойниҳол Бобоназарова сабти ном шавад ва қароре, ки КМИРТ содир кардааст, тариқи Додгоҳи Олӣ бекор гардад." Ҷаноби Зоиров меафзояд, "ба ҷуз Ойниҳол Бобоназарова, номзадҳои дигар, ҳатто Эмомалӣ Раҳмон низ имзои лозимии тарафдоронро ҷамъ наовардаааст."
Оқои Зоиров мегӯяд, ҳизби ҳокими халқии демократӣ, Иттифоқи ҷавонон ва Иттифоқҳои касаба бояд имзоҳоро дар алоҳидагӣ ба КМИРТ пешниҳод мекарданд ва муштаракан пешниҳод кардани онҳо мантиқӣ нест. Ба ин далел, ин иқдом низ ҷанбаи додгоҳӣ дорад ва дар чорчӯби додгоҳ бояд ҳал шавад. Раҳматулло Зоиров бо ибрози ин андешаҳо таъкид кард, ки ин мавқеъи ҲСДТ аст ва бояд дастгирӣ шавад.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, аз Ойниҳол Бобоназарова ба унвони қаҳрамон ном бурд ва гуфт, ки "он нафароне, ки фикр мекунанд, ки ИНИТ шикаст хӯрд, албатта аз ҷиҳати воқеият ва тактикӣ, шикасти дастаҷамъӣ аст, аммо ин шикаст ба худи миллат ва шикасти худи хукумат аст."
Ойниҳол Бобоназарова ҳамчунин гуфт, варақаҳои холӣ барои ҷамъоварии имзоҳо, ки раисони шаҳру навоҳӣ муҳр ва имзо гузоштанд, низ мухолиф ба қонуни интихобот аст. Дар ҳоле, ки ба таъкиди вай, дар қонун омадааст, ки ин варақаҳо бояд пас аз ҷамъ шудани имзоҳо муҳр ва имзои раисони шаҳру навоҳиро дошта бошанд. Вай тамдиди 3 рӯзи дигар барои ҷамъоварии имзои тарафдоронро низ бозие беш намедонад.
Алим Шерзамонов, узви дигари ИНИТ дар мавриди сарнавишти ин созмон гуфт, ки бояд фаъолияташ идома ёбад ва барои соли 2015, ки соли интихоботи парлумонист, ИНИТ гомҳои муассиртаре бардорад.
Нишасти имрӯзаи ИНИТ бо ширкати масъулони ҲНИТ, ҲСДТ, ҳизби сотсиалисти ҷиноҳи Мирҳусайн Нарзиев, шахсиятҳои шинохта, назири Ойниҳол Бобоназарова, фаъоли сиёсӣ ва ҳуқуқдони саршинос, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии маъруф, Маҳмудҷон Қосимов, узви гурӯҳи ташабускори ҳизби Тоҷикистони нав мебоист мавқеи ин ташаккули сиёсиро дар қиболи интихоботи президентӣ рӯшан мекард.
Ойниҳол Бобоназарова, номзади ИНИТ барои интихоботи президентӣ, пас аз он ки ба гуфтаи вай бо фишору маҳдудиятҳои мақомот натавонист имзои кофии тарафдоронашро ба даст оварад, аз сабқат берун шуд. Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон, узви ИНИТ, бо баргузории анҷумани интихоботӣ дар рӯзи шанбеи 12 октябр, ба мақомот шарт гузошт, ки "агар Ойниҳол Бобоназарова, сабти ном нашавад ин ҳизб интихоботро таҳрим ё байкот хоҳад кард."
Бо онки ИНИТ чӣ тасмимеро дар қиболи интихобот рӯи даст мегирад, аммо КМИРТ эълом кард, ки дар интихоботи президентӣ 6 номзад ширкат мекунад. Абдуманнон Додоев, раҳбари дастгоҳи КМИРТ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "бо таваҷҷӯҳ ба онки Ойниҳол Бобоназарова, номзад аз ҲНИТ натавонист имзои лозимии тарафдоронро ба ин ниҳоди интихоботӣ пешниҳод кунад, вай аз ширкат дар интихобот маҳрум шуд."
Бар асоси муқаррароти қонун, номзадҳо ба хотири сабти ном дар КМИРТ бояд 210 ҳазор имзои тарафдоронро пешниҳод кунанд, аммо Ойниҳол Бобоназарова гуфт, ситоди вай танҳо беш аз 202 ҳазор имзо ҷамъ овардааст.
Барои ширкат дар интихоботи президентии Тоҷикистон 6 номзад - Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ, Олим Бобоев, Саидҷаъфар Исмонов, Абдуҳалим Ғафорров, раҳбарони аҳзоби ислоҳоти иқтисодӣ, демократ ва сотсиалист, Исмоил Талбаков ва Толиббек Бухориев, муовинони раҳбари ҳизби коммунист ва аграрӣ сабти ном шудаанд. Интихобот рӯзи 6 ноябр доир мешавад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад