"Ойина"-и Убайдулло Раҷабовро мебанданд?

Убайдулло Раҷабов, бунёдгузори театри "Ойина"

Масъулони идораи фарҳанги Душанбе хостаанд, ки фаъолияти театри мазҳакавии "Ойина" қатъ карда шуда, ба ҷойи он гурӯҳи рақсиву овозхонӣ таъсис диҳанд. Коршиносон мегӯянд, "Ойина" дар оғози солҳои 90-ум бо барномаҳои ҷолиб машҳур буд, аммо солҳои ахир аз худ кам дарак медиҳад. Убайдулло Раҷабов, бунёдгузори театр, тасмими идораи фарҳанги пойтахтро ғайри қобили қабул хонд.

Нуралӣ Шоев, сардори раёсати фарҳанги ҳукумати Душанбе, ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳтавои намоишномаҳои театри "Ойина" "ҷавобгӯи замон нест". Ба бовари ӯ, ин театр чанд сол боз толори намоиш низ надорад ва сокинон вуҷуди онро ба гӯшаи фаромӯшӣ бурдаанд.

"Солҳои ахир асосан машғули ташкили барномаҳои наврӯзӣ ва ҷашнҳои Истиқлолу Ваҳдат аст. Ба ин хотир, ба раиси шаҳр пешниҳод кардем, фаъолияти театр, ки зерсохтори шаҳрдорӣ мебошад, қатъ ва ба ҷойи он гурӯҳҳои рақсиву овозхонҳо таъсис карда шавад," – афзуд ӯ.

Ҳанӯз тасмими қатъи фаъолияти театри "Ойина" ниҳоӣ нашудааст, вале нигаронии кормандонаш аз он аст, ки заҳмати онҳоро нодида мегиранд. Асланшоҳ Раҳматуллоев, саркоргардони театр, рӯзи 8-уми декабр гуфт, тӯли ду соли ахир дар минтақаҳои Тоҷикистон буданд ва аз ҷумла ба назди коргарони сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” намоишнома бурданд.

Ӯ афзуд: “Дуруст аст, ки бинои худро надорем ва наметавонем тамошобинонро ба намоишномаҳо даъват кунем. Феълан дар се табақаи бинои маъмурии “Душанбе Плаза” ҷойгир ҳастем ва студияи филмсозиро ташкил кардем.”

Театри мазҳакавии "Ойина" тобистони соли 1991 таъсис шуда, то ду соли дигар бояд сисолагиашро таҷлил кунад. Убайдулло Раҷабов, бунёдгузор ва роҳбари пешини театр, мегӯяд, таъсиси он ба душворӣ ба даст омада буд ва набояд ба ин осонӣ аз даст биравад.

"Мо театрро бо дастгирии Мақсуд Икромов, шаҳрдори пешини пойтахти Тоҷикистон таъсис дода будем. Бо кумаки дӯстон бинои муваққатии театрро дар муқобили боздоштгоҳи шаҳри Душанбе сохтем. Мақомоти шаҳри Душанбе ваъда доданд, ки бинои наверо барои театри мо месозанд, аммо то ҳол ин ваъда иҷро нашудааст. Чунин тасмими раёсати фарҳанги шаҳрдории Душанберо навъи задани теша бар пояи миллати тоҷик медонам", -- гуфт ӯ.

Раҷабов ду сол пеш бо хоҳиши худ аз вазифаи роҳбари театри “Ойина” истеъфо дода, то ҳол дар намоишномаҳои ин театр нақшҳоеро иҷро мекунад. Ба гуфтаи вай, ҳамаи ҳунармандони театри "Ойина" ба таҷлили 30-юмин солгарди театр омодагӣ доштанд.

Аммо зоҳиран мушкили "Ойина" ин шабу рӯз пайдо нашудааст. Дастикам даҳ соли ахир дар бораи кампайдо будани ин театр суҳбат мекунанд ва соли 2012 Убайдулло Раҷабов дар як суҳбат бо Радиои Озодӣ иқрор карда буд, ки "Ойина"-ро ғубор зер кардааст... Ин ғуборро як кас ва дар танҳоӣ тоза карда наметавонад. Барои он ки “Ойина” чун пештара ҷило диҳад ва зиндагии моро акс кунад, мардони саховатпешаву ҳунардӯст заруранд. Ва аммо...мутаассифона, на ҳарчиро, ки дар дил дорам, метавонам ба забон биёрам..."

Баъзе аз коршиносон мегӯянд, аз як тараф давои дарди "Ойина" вуҷуд дорад ва мешавад бо кумаки мақомот онро дубора фаъол кард, аммо аз сӯи дигар "завқи насли нав дигар аст ва аз эҳтимол дур аст, ки намоишномаҳо бинандаи зиёд ёбанд."

"Ҳоло даҳҳо гуруҳҳои ҳаҷвӣ ҳастанд, ки ҳар рӯз дар интернет фаъоланд ва дар барномаҳои консертӣ иштирок мекунанд. Ҳарчанд муҳтавои суҳбати онҳо ва масъалаҳое, ки матраҳ мекунанд, ҷиддӣ нест, вале ҳаводорони худро доранд. Мардум Убайдулло Раҷабовро дар ёд доранд, аммо "Ойина"-ро фаромӯш кардаанд", -- гуфт яке аз ҳамсуҳбатони мо.

Тиллои Некқадам, коршиноси тоҷик дар умури театру синамо низ мегӯяд, "воқеан дар солҳои ахир фаъолияти театри “Ойина” назаррас нест. Вале бо ин вуҷуд, магар имкон надорад, ки ҳам театр фаъол бошад ва ҳам гурӯҳҳои нави рақсиву овозхонӣ таъсис диҳанд?"

Театри миниатюрии “Ойина” аз ҳунармандони шинохтае чун Убайдулло Раҷабов, Тоҷиннисо Саидова, Асланшоҳ Раҳматуллоев, Саидмурод Мардонов, Раҳмондӯсти Қурбониён ва дигарон таркиб ёфтааст. Онҳо бештари вақт дар алоҳидагӣ дар синамо ва театр нақш иҷро мекунанд. Ҳоло гӯш ба ҷавоби мақомот нишастаанд, ки ба кори онҳо нуқта мегузоранд, ё ба қавли Убайдулло Раҷабов, ғубори "Ойина"-ро пок мекунанд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10