Таҳдиди Толибон ба ҷануби Туркманистон

Марзи Афғонистон ва Туркманистон. Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти маҳаллӣ дар шимоли Афғонистон таъйид мекунанд, ки баъзе аз минтақаҳои марзии он кишвар бо Туркманистон, ба контроли гурӯҳҳои тундрав даромадааст.

Ҳамлаҳои мавсимии Толибон дар қисматҳои шимолии Афғонистон идома дорад. Шимоли ин кишвар се сол пеш минтақаи то андозае ороми Афғонистон ба шумор мерафт ва чунин вазъ ба ҳукуматҳои кишварҳои ҳаммарзи Осиёи Миёна, ки аз нооромӣ дар Афғонистон ҳарос доштанд, писанд буд. Вале соли ҷорӣ дар ҳамаи 8 вилояти ҳаммарз бо кишварҳои Осиёи Миёна, даргириҳо мушоҳида мешавад.

Сарҳанг Ризо Ризоӣ, сухангӯи бригадаи 209-и артиши Афғонистон, ки дар шимоли он кишвар ҷойгир аст, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки, “аз 1 июн ба ин сӯ дар вулусволии Ғурмач ҷангҳои шадид идома доранд. Чанд нафар аз тундравҳо кушта шудаанд. Дар миёни нируҳои амниятӣ низ талафот ҳаст. Ба вулусволиҳои Қайсару Давлатобод ва Хоҷа Сабзпӯш ҳамла сурат гирифтааст ва ҳаракати мошинҳо дар роҳи Андхой-Маймана боздошта шудааст.

Ғурмач ва Давлатобод бо Туркманистон ҳаммарз мебошанд. Андхой ҳам минтақаест, ки бояд аз қаламрави он роҳи нави оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон бигзарад. Сарҳанг Ризоӣ мегӯяд, “ҳоло ду посгоҳи амниятии вулусволии Сабзпӯшро тундравҳо гирифтаанд ва ду русто низ ба тасарруфи онҳо даромадааст. Дар вулусволии Қайсар 18 русто дар контроли тундравҳост. Дар вулусволии Паштун Кут низ Толибон ҳузури қобили мулоҳиза доранд.

Тоҳир Раҳмонӣ, раиси шӯрои вилояти Форёб суханони Ризоиро таъйид мекунад ва мегӯяд, ки дар вулусволии Паштун Кут даргириҳои шадид давом дорад ва тундравҳо ба маркази вилоят шаҳри Маймана наздик мешаванд. Ҷовид Бедор, сухангӯи волии вилояти Форёб низ гуфт, ки ҷангҳо ба Маймана наздик шудаанд ва бидуни кӯмак мумкин аст ин шаҳр ба тасарруфи тундравҳо дарояд. Бедор мегӯяд, ки тундравҳо роҳи мошингарди Маймана-Шибирғонро бастаанд. Шибирғон маркази вилояти Ҷузҷон аст.

Мақомоти расмии вилояти Форёб мегӯянд, ки аксари тундравҳо аз кишварҳои Осиёи Миёна аз Туркманистону Узбакистон ва ҳатто аз Тоҷикистон низ ҳастанд. Ба гуфтаи ин мақомот, баъзе аз минтақаҳои марзии миёни Афғонистону Туркманистон низ ба контроли гурӯҳҳои тундрав даромадааст.

Бо вуҷуди сафари генерал Абдулрашид Дустум, муовини раиси ҷумҳури Афғонистон мушкилоти амниятӣ дар ин минтақа боқӣ мондааст. Худи Дустум низ аз ҳамин минтақа мебошад. Генерал Дустум аз тобистони соли 2015 ба ин сӯ дар ин минтақа фармондеҳии чаҳор амалиёти густардаро бар зидди гурӯҳҳои тундрав бар ӯҳда дошт. Неруҳои вай тундравҳоро дар ҷараёни ин амалиёт аз минтақаҳо берун ронданд. Вале баъд аз бозгашти неруҳо, тундравҳо дубора минтақаҳои озодшударо ба назорати худ медароранд.