Сайфиддин Тӯраев: “Ман писаре бо номи Александр надорам”

Сайфиддин Тӯраев, акс аз торнамои "Фараж"

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, номзади собиқи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишҳои мудохилаи журналистонро ба ҳаёти шахсии одамон ғайриахлоқӣ номид ва аз батакрор «доғ” шудани мавзӯи марбут ба номаш изҳори нороҳатӣ кард.

Дар расонаҳои ахбори оми Русия рӯзи 1-уми август аз нав масъалаи падари Александр Терехов – писари ҳунарпешаи маъруфи рус Маргарита Терехова будани сиёсатмадори собиқ ва соҳибкори саршиноси тоҷик Сайфиддин Тӯраев зикр шуд. Дар хабарҳо омадааст, ки Александр бо яке аз овозхонҳои гурӯҳи "ВИА Гра" издивоҷ хоҳад кард. Дар ин робита гуфта мешавад, ки «Александр баъд аз як ишқварзии кӯтоҳи модари ӯ бо мудири фабрикаи калони либосдӯзӣ Тӯраев ба дунё омад. Аммо ин мард аллакай хонадор буд ва онҳо издивоҷ накарданд. Ҳоло Александр дар саноати синемо кор мекунад.”

Александр Терехов

Дар сафҳаи Википедия, ки ба ҳолномаи Тереховаи 71-сола бахшида шудааст, гуфта мешавад, Александр 12 июли соли 1981, замоне ба дунё омад, ки Маргарита дар никоҳи шавҳари сеюмаш Георгий Гаврилов буд. Ба Александр насаби Гаврилов дода шуд, аммо дертар бо Терехов ва Тӯраев иваз гардид. Матбуоти Русия мегӯяд, шиносоии Тӯраев ва Терехова дар нимаи дуюми солҳои 1970, ҳангоми сафари Терехова ба Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастааст.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Сайфиддин Тӯраев падари Александр Терехов будани худро рад кард: “Не, ин тавр не. Ҳамон вақтҳо падари Александр, ҳоло номаш дар ёдам нест, аз телевизиони НТВ, баромад карда гуфта буд, ки падари Александр аст. Шумо одамони аҷоиб, проблемаҳои худамон хеле бисёру гирди ин гапҳои 30-40 сол пеш мегардед. Аз Ғарб ёд нагиред, дахолат кардан ба ҳаёти як кас аз рӯйи одобу қоида ҳам мумкин нест.”

Озодӣ: Мо ба ҳаёти Шумо дахолат карданӣ нестем, аммо чун дар расонаҳои русӣ хабару матлабҳои зиёде ба нашр расида, дар бораи издивоҷи Александ Терехов бо як ситораи мусиқии Русия ва аз Шумо “падари Александр” ном бурда мешавад, хостем назари Шуморо пурсем, ки оё ин ҳақиқат дорад ?

С. Тӯраев: Таърихи ин дигар. Дар Истаравшан Маскав як сехи либос таъсис дода буд, ки ному овозааш бисёр баланд шуд. Ин соли 1981 буд. Маскав дар ин ҷо як семинар баргузор кард. Гурӯҳи рассомони Русия омада буданд ва як дугонааш ӯро (Маргарита Терехова) - ро ҳам оварда буд... Аммо аслан аз авлоде, ки бо гузаштагонамон фахр мекунем, ки он гуна муносибатҳо (муносибатҳои номаҳрамона бо зан) набуду нест. Агар мебуд, вақти дар Маскав таҳсил карданам мебуд. Баръакс, вақти таҳсил дар Маскав, ки раҳбари шӯрои донишҷӯён будам, духтарони муҳассили тоҷикро тарбият мекардам, ки ба ягон роҳи бад нараванд. Ҳамаи онҳо бо сарбаландӣ ба ватан баргаштан ва то кунун бо онҳо ҳамчун хешу табор муносибат дорем ва онҳо миннатдоранд.

Озодӣ: Бале, ҳозир ман як саҳфаи русиро дар шабакаи интернет боз кардам, ки акси Александр гузошта шудааст. Мебинам, ки воқеан симои Александ нишонашҳои тоҷикона дорад. Мисли ин ки фарзанди тоҷик бошад.

С. Тӯраев: Якум ин ки русҳо воҷеан ба тоҷикон монанданд. Чунки мо аз як оилаи халқҳои ҳинду аврупоӣ ҳастем. Албатта, ҳозир халқҳо бисёр омехта шудагӣ.

Озодӣ: Медонед, дар хабару матлабҳое, ки дар бораи Тереховаю Александр дар нашрияҳои русӣ дар Интернет ба нашр расида, номи Шумо ҳам зикр шудааст, ростӣ, як чиз бисёр хуш омад, ки Шумо, як марди тоҷикро, як шахси басо обрӯманд ва соҳибэътибор ном бурдаанд. Мисли ин ки ҳам муаллифони матлабҳо аз “падари Александр” ном бурдани Шумо ифтихор доранд.

Маргарите Терехова

С. Тӯраев: Гуфтам, вақте меҳмонони Русия, балки рассомон аз ҷумҳуриҳои дигари шӯравӣ ба Тоҷикистон омада буданд, аз меҳмоннавозӣ ва иззату эҳтироми халқамон дар ҳайрат монда буданд. Байни онҳо Терехова ҳам буд, халқ ин ҳунарвари машҳурро шинохта, иззат мекард. Ба мактабу боғчаҳои кӯдакона барои вохӯрӣ мебурданд ва занҳои Истаравшан ба хонаашон ба меҳмонӣ даъват мекарданд, маълум буд, ки ӯро ҳама дӯст медоштанд. Вай худаш низ як зани бисёр аҷоиб, дорои хислатҳои нек ва ҳимматбаланд будааст.

Озодӣ: Ба назар мерасад, пояи ин эҳтирому дӯстӣ воқеан бисёр самимӣ будааст, ки бубинед, то кунун ёдовар мешаванд.

С. Тӯраев: Шояд барои ҳамин ки вай ин ҷо, дар Тоҷикистон бисёр рафтору гуфтори неки одамон, дӯстӣ ва ҳурмату эҳтироми самимонаи як шахси ҳунарварро дар шахси худаш дар ин ҷо дида, басо хурсанду мамнун буд. Албатта, чунин вохӯриҳо аз хотири кас як умр намеравад.

Озодӣ: Солҳои охир дигар бо хонум Терехова ва писараш – Александр дигар дидору сӯҳбате доштед?

С. Тӯраев: Аз соли 1982 дигар робита надорем, чанд сол шуд, худатон ҳисоб кунед. Аз тарафи дигар, модоме ки хабарҳо чоп шудааст, агар чунин инсонҳои нек як фарзанди тоҷикро дӯст медошта бошанд, ин боиси фахри мо, тоҷикон аст. Ҳамин тавр не? Аз тарафи дигар, ин аз рӯи урфу одат ва одоби мо нест ва ман худам ҳам ҳамин хел ҳастам, ки донистани ҷузъиёти зиндагии як касу дахолат кардан ба зиндагии шахсии дигаронро намеписандам.

Озодӣ: Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ, сиҳатманду хонаобод бошед !

Сайфиддин Тӯраев, сиёсатмадори саршиноси солҳои 1990-и Тоҷикистон, собиқ номзади раёсатҷумҳурӣ ва ноиби аввали раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, соҳибкор, падари 6 фарзанд дар Ӯротеппа (Истаравшани ҳозира) ба дунё омадааст. Соли 1973 Донишакадаи нассоҷии Маскав ва Академияи хоюагии халқи вобастаи Шӯрои Вазирони СССР-ро хатм кардааст. Дар солҳои 1973 то 1986 коргар, устои баст ва мудири Фабрикаи трикотажи Ӯротеппа ва солҳои 1986-89 вазири хидмати маишии Тоҷикистон буд. Солҳои 1991-92 – ноиби аввали раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон буд. Моҳи октябри соли 1999 – номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон.