Мансаби нави Шоҳрух Саидзода дар вазорати корҳои дохилӣ

Шоҳрух Саидов

Шоҳрух Саидзода - писари Абдуфаттоҳи Ғоиб ва аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ муовини сардори раёсати ҷустуҷӯи ҷиноии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъин шудааст.

Шоҳрух Саидзода, писари раиси Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳи Ғоиб, ва аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ - писари раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран муовини сардори раёсати ҷустуҷӯи ҷиноии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъин шудааст.

Шоҳрух Саидзодаи 30-сола то кунун президенти тими футболи “Истиқлол”-и Душанбе буд. Ин хабарро рӯзи 25 феврал ибтидо хабаргузории “Азия Плюс” бо такя ба манобеаш дар вазорати корҳои дохилӣ нашр кард. “Азия-Плюс” гуфт, Шоҳрух Саидзода ҳафтаи гузашта ба ин мақом таъин шудааст.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ низ рӯзи 25 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки Шоҳрух Саидзода дар ҳақиқат муовини сардори раёсати ҷустуҷӯи ҷиноии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъин шудааст.

Шоҳрух Саидзода соли 1986 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, баъди ба Душанбе кӯчидани волидонаш дар пойтахт ба камол расидааст. Ӯ риштаҳои ибтидо иқтисодӣ ва сипас ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Шоҳрух Саидзода (рост) ҳамроҳи Аҳтам Абдуллозода ва Рустами Эмомалӣ

Яке аз афроди наздик ба Шоҳрух Саидзода дар сӯҳбат бо Озодӣ ӯро ҳамчун як менеҷери муваффақ ва кордон тавсиф кард. Ин ҳамсӯҳбати мо, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, аз ҷумла гуфт: "Бубинед, ӯ тавонист тими "Истиқлол"-ро аз сифр бисозад ва инак чанд сол боз ин тим қаҳрамони футболи Тоҷикистон аст. "Истиқлол" ҳам аз нигоҳи сифати бозигаронаш ва ҳам аз нигоҳи тавоноияш дар Тоҷикистон дигар рақиб надорад. Ва "Истиқлол" танҳо як тими футбол нест. Шоҳрух дар атрофи он як инфраструктураи бақуввате бунёд кардааст, ки ҳам мактаби футболи худро дорад, ҳам академия, ҳам сохторҳое, чун бари "Истиқлол", ки ба як макони баргузории чорабиниҳои муҳими фарҳангии пойтахт табдил ёфтааст."

Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи футболи “Истиқлол” низ ба Озодӣ гуфт, ки хабари ба вазифаи нав таъин шудани президенти ин бошгоҳро аз Радиои Озодӣ хабардор шудааст. Ӯ бо тавсиф аз президенти ин бошгоҳ гуфт: "Шоҳрух Саидзода ҳамчун роҳбар инсони серталаб ва сахткӯш буда, тарзи дурусти ба роҳ мондани корро хуб медонад ва инсонҳои дурӯяро дӯст намедорад." Вай гуфт, муваффақиятҳои бошгоҳи “Истиқлол” ба истеъдоду талошу кӯшишҳои президенташ рабт дорад.

Аммо мунтақидон мегӯянд, ин муваффақиятҳои "Истиқлол" нафақат бо шарофати "кордонӣ"-и Шоҳрух Саидзода, балки бештар аз ҳисоби заиф кардани тимҳои дигар, ба мисли "Равшан"-и Кӯлоб ва "Регар-ТадАЗ" ба даст омадааст.

Рустам Ҳакимов, сухангӯи "Истиқлол" мегӯяд, азбаски мақоми президентии бошгоҳ мақоми ифтихорист, Шоҳрух Саидзода баъди интисобаш дар вазорати корҳои дохилӣ низ дар мақоми президенти "Истиқлол"-и Душанбе хоҳад монд.

Шоҳрух Саидзода аз намояндагони “ҷавонони тилоӣ”, ки фарзандони мансабдорони баландпояи Тоҷикистонро дар бар мегирад, мебошад. Ӯ ҳамин тавр аз афроди хеле наздик ба Рустами Эмомалӣ, раиси кунунии Оҷонсии зиддифасод ва писари калонии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ном бурда мешавад. Тими футболи “Истиқлол” дар соли 2007 бо ибтикори ҳардуи онҳо ба вуҷуд омад ва Рустами Эмомалӣ ибтидо дар ҳайъати ин тим як муддат бозӣ ҳам мекард ва муассиси аслии “Истиқлол” ном ҳам бурда мешуд. Аммо аз ҳамон сол то ба имрӯз президентии ин тими футболро Шоҳрух Саидзода бар ӯҳда дошт.

Шоҳрух Саидзода ду сол пеш дар як мусоҳибаи нодираш бо маҷаллаи VIPzone гуфта буд, ки худро намояндаи “ҷавонони тилоӣ” намедонад, зеро “волидон моро дар кӯдакӣ ҳеҷ го эрка накарданд ва намегузоранд, ки мо ягон кори бад кунем.” Ӯ дар ин сӯҳбат ҳамчунин гуфтааст, ки байни дӯстонаш фарқ намегузорад ва бисёре аз онҳо ҷавонони хеле оддианд.

Рустами Эмомалӣ

Шоҳрух Саидзода дар мавриди дӯстиаш бо Рустами Эмомалӣ гуфт, “дӯстӣ бо вай кори осон нест, масъулияти зиёд дорад.” Шоҳрух Саидзода гуфтааст: “Мо бо Рустам дар мактаб дӯст шудем, дар як синф мехондем, баъдан дар донишгоҳ ҳам дар як гурӯҳ будем. Ӯ барои ман бештар аз як дӯст аст ва нафақат барои он ки Рустам писари президент аст. Ман ӯро ҳамчун як одами хеле дилкушод мешиносам, нафарест, ки ҳеҷ гоҳ бадӣ намекунад. Ман ӯро барои ҳамин қадр мекунам ва ифтихор дорам, ки дӯсти чунин ҷавонмарде ҳастам.”

Номи Шоҳрух Саидзода дар соли 2014 дар робита ба моҷарои ҷудо шудани ӯ аз ҳамсараш Шаҳрзода Абдуллоева расонаӣ шуда буд. Он замон падари ӯ Абдуфаттоҳи Ғоиб ҳанӯз раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон буд. Вақте сарусадоҳое пайдо шуд, ки гӯё байни Шоҳрух Саидзода ва ҳамсараш, ки бо як фарзанд аз ӯ ҷудо шуд, бар сари тақсими молу мулк баҳс бархостааст, вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов, ки бо Оҷонсии зидди фасод баҳс дошт, ҳатто эълон кард, ки омода ҳаст, ҳимояти Шаҳрзода Абдуллоеваро бар ӯҳда бигирад.

Абдуфаттоҳи Ғоиб

Аммо Абдуфаттоҳи Ғоиб баъдан дар як нишасти хабариаш гуфт, ин ҳама овозаҳо асос надоранд ва касе ҳуқуқи келини собиқи ӯ ва фарзандашро поймол накардааст. Шӯҳрат Қудратов дар ҳамон сол аз сӯи маъмурони Оҷонсии зиддифасод дастгир ва соли гузашта бо иттиҳоми қасди додани пора ба 3 соли 8 моҳи зиндон маҳкум шуд.

Аммо Шоҳрух Саидзода дар ҳоле соҳиби мақоми баланд дар вазорати корҳои дохила мешавад, ки бино ба гузоришҳои матбуотӣ, дар Тоҷикистон як марҳалаи наве дар сиёсати кадрии ҳукумат авҷ мегирад. Ин марҳала марбут ба фарзандони мансабдорони баландпояи ин ҳукумат аст, ки акнун паиҳам як-як ба камол мерасанд ва соҳиби мансабҳои муҳими давлатӣ мешаванд.

Дар ин байн бештар исми фарзандҳову домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон матраҳ мешавад. Духтари ӯ Озодаи Раҳмон баъди 6 соли кор дар мақомҳои раиси раёсати консулӣ, муовини вазир ва муовини аввали вазири хориҷа, дар моҳи январ раиси дастгоҳи президенти Тоҷикистон таъин шуд.

Писари калонии президент – Рустами Эмомалӣ – як сол боз раҳбарии Оҷонсии мубориза бо фасодро бар ӯҳда дорад. Иттифоқан Рустами Эмомалӣ ба ҷои Абдуфаттоҳи Ғоиб, падари дӯсташ Шоҳрух Саидзода ба ин мақом таъин шуд. Вале президент Раҳмон ёри собиқадорашро низ ноумед нагузошт ва Абдуфаттоҳи Ғоибро ба мақоми қаблии Рустами Эмомалӣ – раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон – таъин кард.