Радиои Озодӣ дар остонаи рӯзи 8 март, Рӯзи байналмилалии зан ва ё Рӯзи модар дар Тоҷикистон аз 5 зан ва модари тоҷик пурсид, ҳоло ба Тоҷикистон кӣ бештар хидмат мекунад - мардон ва ё занон? Модарону хоҳарони тоҷикистонӣ ба чӣ эҳтиёҷ доранд ва аз мардҳо чӣ мехоҳанд?
Ба бовари ҳамаи 5 мусоҳиби мо, занон назар ба мардҳо барои Тоҷикистон зиёдтар ва содиқонатар кор мекунанд, ҳарчанд кори онҳо ба "чашми касе наменамояд".
Зӯҳро Мадамидҷонова, номзади илми таърих ва бибии бознишаста аст. Ӯ мегӯяд, дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон чунин пиндоште ҳаст, ки ҳама корҳои асосиву мушкилро мардҳо иҷро мекунанд. Вале дар амал коре, ки занон мекунанд, мардҳо анҷом диҳанд, миёнашон мешиканад:
"Дар солҳои охир онҳо ҳама корро мекунанд, мисли мардҳо ба муҳоҷират мераванд, тиҷорат мекунанд, фарзандонашонро мехонанд, табобат мекунанд. Ҳоло занҳо ба ҳама кор мерасанд ва эҳсос мекунанд, ки на фақат аз дасти мардҳо, балки аз дасти онҳо низ чизе меояд ва ин хуб аст."
Ба андешаи мусоҳибони Радиои Озодӣ, тағйири сохтори ҷомеаи Тоҷикистон кори зиёди занони тоҷикро зиёдтар ва бори зиндагиашонро вазнинтар кардааст. Вале бо вуҷуди ин, бонувони тоҷик ҳамчунон босабру тоқатанд ва орому беҷанҷолу даъво ва хомӯшона ин борро
мекашанд. Нигина Баҳриева, раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи “Нотабене” мегӯяд, дар 25 соли охир дар Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро пушти сар кард, занҳо дар бисёр соҳаҳо назар ба мардон бештар кор мекунанд ва дар як ҳафта ҳафт рӯзу дар як сол 365 рӯз:
"Воқеан аз сабру тоқати занони тоҷик ҳайратзада мешавам, аз онки то чӣ ҳад, дар ҷойи корашон заҳмат мекашанд ва баъдан ба хона бармегарданд ва кори хонаро мекунанд."
Модари дигари тоҷик, Сабоҳат Саидова, ки ба қавли худаш як умр кор кардааст, мегӯяд, муҳоҷирати кории мардони тоҷик ба Русия кори занонро дар Тоҷикистон дучанд кардааст: "Бачаҳои бечора дар Русия гушнаву ташна кор карда гаштаанд, онҳо ҳам кор мекунанд, вале ҳоло дар Тоҷикистон асосан занҳо кори зиёд мекунанд."
Зебо Тоҷибоева, хабарнигор ва муҳаррири рӯзномаи “Азия-Плюс” ҳам ба ин аст, ки ҳоло бори асосии ҷомеаи кишвар, яъне хонаводаҳои Тоҷикистонро занон бар дӯш доранд: “Ба фикрам, ҳоло занҳо бисёр кор мекунанд. Чунки тавре шудааст, ки тамоми мушкилоти хонавода дар аксар ҳолат ба дӯши занон меафтад. “
Сурайёи Шуҷоат ҳам хабарнигор аст ва мегӯяд, ки дарди дили садҳо занро шунидааст ва ба қавли ӯ ҳеҷ шакке ҳам нест, ки кори Тоҷикистонро асосан занҳо мекунанд, ҳарчанд саҳми мардҳоро низ набояд нодида гирифт: “Агар аз рӯи ба даст овардани маблағ бошад, мардҳо ба буҷаи хонаводаи худ маблағи бештар ворид мекунанд. Вале аз рӯи заҳмат, аз рӯи кор занҳо бисёртар заҳмат мекашанд ва бори асосии зиндагиро занҳо мебаранд. “
Бо вуҷуди ин ҳама кору бори зиёде, ки дар зиндагии занони тоҷик дидаанд, ҳеҷ яке аз мусоҳибони Радиои Озодӣ ҳеҷ гоҳ орзу накардаанд, ки мард бошанду “камтар кор кунанд”. Баръакс Зӯҳро Мадамидҷонова Худоро шукр мегӯяд, ки зан аст: “Ман бахти худамро дорам, фарзандону, набераҳо дорам. Ҳарчӣ дар зиндагиям орзу доштам ба он расидам. Барои ҳамин ҳеҷ гоҳ ман фикри онро накардам, ки беҳтар мебуд, агар ман мард мешудам."
Нигина Баҳриева низ аз зан буданаш ҳеҷ гоҳ пушаймон нашудааст ва орзуи мард буданро ҳам накардааст: “Ман хушбахтам, ки дар хонаводае ба дунё омадаам, ки занро бисёр ҳурмат мекунанд. Ман дар замони таҳсил дар мактабу донишгоҳ ва ҳоло коре, ки мекунам, тавонистам ба муродам бирасам ва эҳсос ҳам накардаам, ки чун зан ҳуқуқи маро маҳдуд кардаанд. “
Садбарг Саидова, модари бознишаста ба суоли Радиои Озодӣ, ки оё орзуи мард буданро кардаед, посухи қотеъона дод: “Не. Не. Не. Ҷойи модарро ҳеҷ кас намегирад ва ман ҳеҷ гоҳ чунин фикр накардаам. Мард буданд дигар аст ва модар будан дигар.”
Зебо Тоҷибоева мегӯяд, ҳоло занҳо дар Тоҷикистон ҳам мард ҳастанд ва ӯ ҳам аз зан буданаш ифтихор мекунад: “Ман ҳеҷ гоҳ мард буданро орзу накардаам, ман худро тавре ки ҳастам, дӯст медорам.”
Ба Сурайёи Шуҷоат аксарият мегуфтаанд, ки “мардсифат” аст ва шунавандагони “Садои Душанбе” рӯзҳои 23-уми феврал барояш ҳадя мебурдаанд. Барои Сурайё зан будан кофист ва ӯ низ ҳеҷ гоҳ ба худ нагуфтааст, "Эй Худо чаро маро зан офаридӣ“. Аммо ӯ меафзояд, "ба занони тоҷик имрӯз ишқу муҳаббат ва такягоҳ дар симои мардҳо" намерасад. Ва ҳам зан бояд вақти зиёд дошта бошад, ки фарзандонро парварад.
Вале оё барои ҳамаи ин мардонагиву хидмат ба халқу миллату хонавода зани тоҷик подоши корашро мегирад. Посухи ҳамаи 5 мусоҳиби Радиои Озодӣ ба ин суол манфӣ аст. Ба қавли онҳо, зани тоҷик дар ивази тамоми заҳматҳояш, дар ивази рӯфтану чидану пухтану, покиза кардану, пул овардан чизи зиёде талабу тамаъ надорад. Барояш сухани хубу муҳаббат ва дилбардорӣ кофист, ки ҳоло бисёре аз мардони тоҷик онро фаромӯш кардаанд.
Садбарг Саидова: “Модар дунё наметалабад, фақат фарзандонаш саломат бошанд ва тинҷу амонӣ бошад, ба ҳаминаш шукр. Саломатии фарзандҳо барои ман бахт аст, давлат аст, тоҷ аст, аз ин зиёд модар чӣ мехоҳад, ҳеҷ чизи зиёд аз ин ба модар даркор нест.”
Ва ба ин суоли Радиои Озодӣ, ки агар мард мебудед, ба хоҳар, модар ва ё ҳамсари худ дар рӯзи 8-уми март чӣ ҳадя мекардед, аксарият ҳамон чизеро гуфтанд, ки зани тоҷик ба он эҳтиёҷ доштааст, аввал таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ва сипас як даста гул.
РS: Бино ба омори расмӣ, то соли 2014, аз миёни аҳолии бештар аз 8- миллионнафарии Тоҷикистон, 50, 5 фоиз, яъне 4 миллиону 124 ҳазор нафарро мардон ва 4 миллиону 36 ҳазор нафар, ё 49,5 фоизро занон ташкил медоданд. Бар асоси ҳамин омор, 19 дар сади занони аз 15 то 49-сола ҳадди аққал як бор “шаппотӣ ва ё лагад” хӯрдаанд. Дар миёни занони шавҳардори ҳамин синну сол ҳар панҷумини онҳо ҳадди аққал як бор аз тарафи ҳамсараш мавриди зӯроварии ҷинсӣ, ҷисмонӣ ва ё равонӣ қарор гирифтааст. Бо вуҷуди ҷабр дидан, аз миёни ҳар 5 зани тоҷик танҳо яке аз онҳо барои поён додан ба зӯроварӣ нисбат ба худ, ба ҷое муроҷиат мекардааст, бақия ин зӯровариву ҷабрро таҳаммул мекардаанд.