Ҳавопаймоҳои қудрат. Раҳбарони ҷаҳон бо чӣ парвоз мекунанд?

Нигоҳе ба ҳавопаймоҳои шуморе аз раҳбарони ҷаҳон.

1. Амрико

Яке аз ду Boeing 747-и, ки бо номи Air Force One маъруф аст ва раиси ҷумҳури Амрико дар соли 2001 дар дохили он бар фарози Mount Rushmore парвоз кард.

Ҳавопаймоҳои 30-сола қодир ба сӯхт гирифтан ҳангоми парвоз дар ҳаво ҳастанд ва ба шуълаҳои дифои мушакӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Ҳавопаймо ба ранги осмонӣ аслан аз сӯи як тарроҳи фаронсавӣ-амрикоӣ сохта шудааст.

Президент Доналд Трамп дар дафтари кории худ дар дохили Air Force One дар соли 2018.

Яке аз эъломияҳои баҳсбарангези раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар заминаи ҷойгузинии ҳавопаймоҳои Air Force One буд.

2. Русия

Яке аз се ҳавопаймои вижаи Илюшин, ки барои интиқоли раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин Русия истифода шуда буд. Акс аз соли 2008.

Путин як ҳавопаймои ҷангиро, ки ҳавопаймои ӯро ҳамроҳӣ мекунад, тамошо дорад.

Ин ҳавопаймо пурра дар Русия сохта шудааст ва дар сохти ҷиҳози он аз чӯби дарахти тӯс истифода шудааст.​

Ҳавопаймои Путин дар Деҳлии нав. Соли 2018.

Дар соли 2007 аксҳое мунташир шуд, ки нишон медод гӯиё васоили ҳамоми тилоӣ дар яке аз ҳавопаймоҳои раёсати ҷумҳури Русия вуҷуд дорад. Ин амр ҷанҷолбарангез шуд.​

3. Эрон

Ҳавопаймои Airbus A340, ҳомили раиси ҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ, ки соли 2017 дар Маскав фуруд омад.

Рӯҳонӣ дар дохили як ҳавопаймои истеҳсоли 20 сол қабл дар Аврупо аз компютар истифода мекунад.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҳоли поин шудан аз зинаҳои ҳавопаймо дар Теҳрон.

Дар соли 2018 Амрико нисбат ба Dena Airlines – оператори Airbus-и Рӯҳонӣ таҳримҳое ҷорӣ кард. Ин таҳрим барои сафарҳои байналмилалии президенти Эрон мушкил пеш овард.

4. Чин

Ҳавопаймои Boeing 747-и раиси ҷумҳури Чин Си Ҷинпин дар иҳотаи ҳавопаймоҳои ҷангӣ бар фарози осмони Покистон дар соли 2015.

Си Ҷинпин аз ҳавопаймо дар хоки Амрико поин мешавад. Соли 2012.

Дар охири солҳои 90-ум Чин аз ширкати Boeing барои раҳбари ин кишвар ҳавопаймои махсус супориш дод. Аммо пас аз таслими ҳавопаймо, кормандони амниятии Чин шабакае аз дастгоҳҳои шунавоии пешрафтаро дар деворҳои дохилии он пайдо карданд.

Си Ҷинпин вориди Туркия шуд. Соли 2015.

Пас аз он, Чин тасмим гирифт, ки аз ҳавопаймоҳои мусофирбари маъмулии China Air истифода кунад.

5. Қазоқистон

Раиси ҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар ҳавопаймои навъи Airbus A321 ба Маскав расид. Соли 2019.

Тоқаев аз зинаҳои ҳавопаймо, ки бо фарши суннатӣ ороиш дода шудааст, поин меояд.

Ин ҳавопаймои сохти аврупоӣ дар муқоиса бо ҳавопаймое, ки Нурсултон Назарбоев истифода мекард, миёна мебошад. Назарбоев бештар ҳавопаймои Airbus A330-200-ро истифода мекард.

Чархиши ҳавопаймои Тоқаев дар Маскав қабл аз пазироии расмӣ аз ӯ.

То ба ҳол маълум нест, ки раиси ҷумҳури нави Қазоқистон то чӣ андоза ба ҳавопаймоҳо ва чархболҳои хусусие, ки Назарбоев истифода мекард, дастрасӣ дорад.

6.Кореяи Шимолӣ

ИЛ-62 -- ҳавопаймои сохти Шӯравӣ, ки аз сӯи Ким Ҷонг Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ истифода мешавад. (Ин ҳавопаймо соли 2015 бе раҳбари Кореяи Шимолӣ дар Кореяи Ҷанубӣ поин омад)

Ким дар дохили ҳавопаймо.

Кабинаи халабонҳо аз ҳамон модели ҳавопаймо, ки аз сӯи раҳбари Кореяи Шимолӣ истифода мешавад.

Ин ҳавопаймо дар солҳои 60-ум мавриди истифода қарор гирифт. Модели ҳавопаймое, ки Ким Чен Ун истифода мекунад, 39 сол умр дорад. Дар соли 2002 ҳавопаймои ИЛ-62 аз парвоз дар фазои Иттиҳоди Аврупо бинобар ғурриши баланди муҳаррикаш манъ шуд.

7. Олмон

Ҳавопаймои Airbus A340, ки аз сӯи нахуствазири Олмон Ангела Меркел истифода мешавад. Акс аз соли 2014.

Нерӯҳои ҳавоии Олмон ҳавопаймоҳои мухталифро барои истифодаи давлат идора мекунанд.

Ҳавопаймои Airbus маъруф ба Theodor Heuss ҳомили маликаи Бритониё ва раиси ҷумҳури Олмон дар Франкфурт дар соли 2015.

Дар пайи мушкилоти фаровони фаннӣ, парвозҳо боис ба нигаронии олмониҳо шуд. Дар соли 2018 Ангела Меркел пас аз дучори мушкили фаннӣ шудани ҳавопаймояш ба саммити G20 дар Аргентина дертар расид.

Сарвазири Олмон Ангела Меркел ва вазири пешини умури хориҷии он кишвар дар як ҳавопаймои давлатӣ. Соли 2006.

Дар соли 2019 вазири дифои Олмон эълон кард, ки ӯ се ҳавопаймои мушкилзои давлатиро иваз хоҳад кард.

8. Украина

Раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленский аз ҳавопаймои Антонов Ан-148, истифода мекунад. Ин ҳавопаймо ҳангоми иваз кардани зиндониён бо Русия дар соли 2019 аксбардорӣ шудааст.

Зеленский вориди Лаҳистон шуд. Соли 2019.

Алорағми он ки раиси ҷумҳури Украина ба дигар ҳавопаймоҳо, ба шумули Airbus-ҳои қобили эътимод дастрасӣ дорад, аммо тарҷеҳ медиҳад бо ҳавопаймоҳои Антонови муштаракан сохташудаи русӣ-украинӣ парвоз кунад.

Ҳавопаймои Антонови монанд ба ҳавопаймое, ки раиси ҷумҳури Украина аз он истифода мебарад.

Дар соли 2011 яке аз ҳавопаймоҳо ҳангоми парвози озмоишӣ ба мушкил дучор шуд. Дар натиҷа шаш нафар ҷон бохтанд.

9. Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми сафарҳои хориҷӣ аз ҳавопаймоҳои "Боинг"-и ширкати "Сомон Эйр" истифода мекунад. Борҳо ин суол матраҳ шудааст, ки чаро раиси ҷумҳур на аз ҳавопаймоҳои ширкати давлатии "Тоҷик Эйр", балки аз ширкати мустақили "Сомон Эйр" истифода мебарад. Панҷ сол пеш як мақоми ширкати "Тоҷик Эйр" гуфта буд, раиси ҷумҳур ба далоили амниятӣ ҳавопаймоҳои "Сомон Эйр"-ро интихоб кардааст.

Ҳавопаймои "Сомон Эйр" дар фурудгоҳи Порис. Моҳи ноябри 2019

Ҳарчанд "Сомон Эйр" ширкати хусусӣ гуфта мешавад, баъзеҳо онро ба афроди наздик ба раиси ҷумҳур марбут медиҳанд.