Солеҳи Ҳотамиёнро бешак метавон “ҷанҷолбарангезтарин” корбари гӯшаи тоҷикии Фейсбук номид, зеро бо ҳар як навиштаи ӯ, ин гӯша ба занбӯрхонаи воқеъӣ табдил мешавад.
Нашри видеои ҷанҷолбарангези иртиботи ҷинсии як мулло аз ноҳияи Рӯдакӣ, ки Фейсбуки тоҷикиро “тарконд” ва нашри видеои шабеҳи дигар бо номи “муллои ҷодугар” маҳз кори Солеҳи Ҳотамиён буд, ки ҳарду навор барои муддате мавзӯъи рақами як дар Фейсбук ва ҳам расонаҳои мустақили Тоҷикистон буд.
Ӯро барои навиштаҳои тавҳину таҳқиромезаш дар ҳаққи мухолифони давлат, бахусус Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби сотсиал демократ, тарафдорони ин ҳизбҳо дар Фейсбук “манфуртарин” корбари гӯшаи тоҷикии ин шабакаи иҷтимоӣ хондаанд ва дашномҳои бадтарини тоҷикиро дар ҳаққи ӯ раво дидаанд. Ӯ худро дар саҳифаи Фейсбукаш хабарнигори хабаргузории русии “Регнум” муаррифӣ мекунад, агарчӣ “Регнум” расман гуфтааст, ки чунин хабарнигоре дар Тоҷикистон надорад. Ӯ ба дархости Радиои Озодӣ, барои сӯҳбат аз тариқи Фейсбук посухе надод.
Аммо маълум нест, Солеҳи Ҳотамиён, номи воқеъии ин корбар аст ва ё зери исми мустаоре, ба Фейсбук пайвастааст. Ӯ замоне ба Фейсбук омад, ки аксаран мухолифони давлат, дар ин шабака буданд ва бо таъсиси гурӯҳҳои сиёсӣ, аксаран аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон интиқод мекарданд. Солеҳи Ҳотамиён аввалин коре, ки кард, ба гурӯҳи Платформа пайваст, ки гурӯҳи бузургтарини сиёсӣ дар Фейсбуки тоҷикӣ буд ва баҳсҳои доғе дар он доир ба авзоъи сиёсиву иҷтимоӣ ва сиёсатҳои ҳукумат дар ҷараён мегирифт. Ӯ бо таърифу тавсифи ҳукумати Тоҷикистон ба торҳои асаби мухолифон нохун мезад ва бо интиқоди онҳо ва шарҳҳои аксаран олуда ба таҳқир маҷрои баҳсро тағйир медод ва хашми ҳамақидаҳои мухолифони давлатро бармеангехт, ки баъзан дар тавҳин аз ӯ камӣ намеомаданд.
Аксарияти корбарон ӯро маъмури амниятӣ ва ё корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон медонанд, ки бо ҳадафи дилсард кардани корбарони Фейсбук аз баҳсҳои сиёсӣ ва ҷалби таваҷҷӯҳи онҳо ба масоили камаҳамият омадааст. Ҳамчунин мегуфтанд, ки мақсади омадани Солеҳи Ҳотамиён ба Фейсбук, бадном кардани мухолифони давлат дар Тоҷикистон дар ҷаҳони маҷозӣ аст ва барои ин гуфта далел ҳам доранд, зеро ӯ дар бисёре аз навиштаҳояш, дар бораи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзат, Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии шинохта бад мегӯяд ва онҳоро масхара мекунад.
Агарчӣ собит кардани ин иддао сахт аст, аммо бисёриҳо фирори корбарони воқеъӣ, аз гурӯҳи “Платформа”-ро ба “шарофати” Солеҳи Ҳотамиён медонанд. Дар баҳсҳои сиёсии ин гурӯҳ, ки як замон садҳо нафар ширкат мекарданд, ҳоло теъдоди ангуштшумор ва аксаран бо исмҳои мустаор мондаанд, худи Солеҳи Ҳотамиён ҳам дар он нест, зеро гардонандагони баҳс дар Платформа ӯро аз ин гурӯҳ ронда ва аз ҳаққи вуруди дубора ба он маҳрум кардаанд.
Солеҳи Ҳотамиён ба ҳар гурӯҳе, ки дар Фейсбуки тоҷикӣ ҳаст, пайвастааст, бештар аз 1000 дӯст дорад, дар саҳифааш навиштааст, ки аз Душанбест ва дар Ричмонди Вирҷинияи Амрико зиндагӣ мекунад. Аксҳоеро ҳам дар саҳифааш гузоштааст, вале маълум нест, ки дар воқеъ аксҳои худи ӯ ҳастанд, ё каси дигар. Аммо ҳар касе ки набошад, то кунун гурӯҳҳои мухолифи давлати Тоҷикистонро дар атрофи навиштаҳои ҷанҷолиаш дар Фейсбук “машғул” медорад ва дашномҳои онҳоро низ “таҳаммул” мекунад. Шояд кораш ҳосил додааст, ки моҳҳои ахир “шогирдонаш” ва ҳамақидаҳояш дар Фейсбуки тоҷикӣ зиёд шудаанд ва дар набудани ӯ “ҷабҳаи набард” бо мухолифони давлатро холӣ намегузоранд.