Рӯйхати 15 ёдгории меъмории Душанбе

Бинои Чойхонаи Роҳат

Ҳукумати шаҳри Душанбе номгӯи 15 биноеро нашр кард, ки ёдгории меъморӣ эътироф шудаанд. Ин феҳрист аз бинои Театри опера то чойхонаи "Роҳат"-ро дар бар мегирад.

Дар шаҳри Душанбе барои муайян кардани бинову иншоотҳои таърихӣ ва арзиши меъморидошта як комиссияи вежа таъсис дода шудааст.

Қудратулло Файзуллоев, роҳбари сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии ҳукумати Душанбе рӯзи 28-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тарҳи комили нақшаи генералии шаҳри Душанбе ҳанӯз тасдиқ нашудааст ва 15 биное, ки дар торнамои ҳукумати шаҳри Душанбе ба ҳайси бинову иншооти аҳамияти меъморӣ дошта дарҷ ёфтааст, ҳанӯз комил нест ва ин рӯйхат метавонад бештар ҳам шавад: “Ҳоло барои муайян кардани биноҳои аҳамияти таърихӣ ва ё меъморӣ дошта бо супориши ҳукумат як комиссияи вежа, бо шумули масъулони Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, ҳукумати шаҳри Душанбе ва вазорати фарҳанг таъсис ёфтааст. Аъзои ин комиссия аҳамияти таърихӣ ва ё меъмории биноҳоро дар шаҳри Душанбе санҷида истодаанд ва пешниҳодҳои худро ба вазорати фарҳанг пешниҳод мекунанд.”

Ҷаноби Файзуллоев афзуд, дар асоси гузориши ин комиссия вазорати фарҳанг ин ё ва он биноро ҳамчун ёдгории таърихӣ ва ё меъморӣ шомил мекунад. Ба гуфтаи Файзуллоев дар назди вазорати фарҳанг як феҳристи хос ва ё реестр вуҷуд дорад, ки айни ҳол аз шаҳри Душанбе дар ин феҳрист 7 бинову иншоот ёдгории таърихиву меъморӣ ворид карда шудаанд.

Театри опера ва балети ба номи Айнӣ

Ин дар ҳолест, ки ҳукумати шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии шаҳрсозии Русия "Гипрогор" нақшаи куллии Душанберо, ки ҳанӯз соли 1983 таҳия шуда буд, такмил кардааст. Бар асоси ин нақша, меъморони “Гипрогор”-и Русия дар шаҳри Душанбе 15 биноро ёдгории меъморӣ эътироф кардаанд:

1. Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ

2. Бинои Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон

3. Бинои Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Миллӣ

4. Бинои китобхонаи собиқи Фирдавсӣ (ҳоло Палатаи ҳисоб)

5. Меҳмонхонаи "Пойтахт"

6. Осорхонаи кишваршиносӣ

7. Бинои Филармонияи давлатӣ

8. Бинои Академияи илмҳои Тоҷикистон

9. Бинои Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ

10. Чойхонаи "Роҳат"

11. Бинои Донишгоҳи давлатии тиббӣ

12. Биноҳои бо каркаси чандир дар хиёбони Рудакӣ

13. Маҷмӯи манзилҳои зист дар рӯ ба рӯи боғи Рӯдакӣ

14. Бинои бисёрқабата дар кунҷи майдони 800-солагии Маскав

15. Бинои "Кохи Ваҳдат".

Театри Маяковский

Ба ин рӯйхат биноҳои театри Лоҳутӣ ва Маяковский шомил нашудаанд ва ба эҳтимоли зиёд тасмими тахриби онҳо ҷиддист. Ин дар ҳолест, ки ахиран ҳунармандони театри Маяковский ба нишони эътироз аз тахриби ин бино ва ба кинотеатри “Тоҷикистон” кӯчондани онҳо аз кор даст кашиданд. Тахриби бинои театри Маяковский, ки ҳанӯз соли 1929 сохта шудааст, дар расонаҳои маҳаллӣ ва миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷи эътирозҳоро ба бор овард.

Файзуллоев дар робита ба тақдири минбаъдаи театри Лоҳутӣ ва Маяковский гуфт: “Ҳоло татбиқи нақшаи генералӣ идома дорад. Ҳар чизе ки мувофиқи нақшаи генералӣ тадбиқ мешавад, албатта иншоотҳои дигар бартараф мешаванд. Мо ҳоло театри миллӣ сохта истодаем. Ин театр хеле бузург аст ва фарогири ҳамаи театрҳое хоҳад хоҳад шуд, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе вуҷуд доранд.”

Моҳи январи соли ҷорӣ масъулони Академияи илмҳои Тоҷикистон низ феҳристи иборат аз 26 бинои, ба гуфтаи онҳо, меъмориву таърихиро ба Кумитаи сохтмон ва меъморӣ пешниҳод карда буданд. Ин феҳрист баръакси рӯйхати нави ҳукумати Душанбе бинои театрҳои Лоҳутӣ ва театри Маяковский, Вазорати фарҳангу адлияро низ ҳамчун биноҳои меъморӣ ва таърихӣ эътироф карда буд.

Нақшаи кулли шаҳри Душанбе дар даврони Шӯравӣ ҳанӯз соли 1983 таҳия шудааст. Ин нақшаи куллӣ барои 750 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шуда буд. Аммо тайи солҳои охир раванди урбанизатсия –кӯчидани аҳолии деҳот ба пойтахт зиёд ба чашм мерасад ва ҳоло шумораи аҳолии шаҳри Душанбе расман аз 800 ҳазор, вале ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ, ҳатто аз марзи 1 миллион нафар убур кардааст.

Аз бойгонӣ: Кадом биноҳои пойтахт таърихиянд?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Кадом биноҳои пойтахт таърихӣ мебошанд?