Охирин интригаи интихобот-2015 (ВИДЕО)

Акс аз бойгонӣ

Натиҷаи интихоботи порлумонии Тоҷикистон, ба назари бисёриҳо, аз ҳоло маълум аст. Вале як интригаи боқимондаи ин маърака сарнавишти ҳизби наҳзати ислом аст, ки оё 2 курсиашро дар порлумони оянда ҳифз мекунад ё ..?

Ҷавви ҳоким бар арсаи сиёсии солҳои охири Тоҷикистон чунон аст, ки аз кадом тағйири қобили мулоҳизае дар таносуби нирӯҳо дар ҳайати порлумони оянда дар пайи интихоботи рӯзи 1 март дарак намедиҳад. Балки ба бовари аксар, ин интихобот ҳам чун дафъаҳои гузашта ва бо пирӯзии мутлақи номзадҳои мавриди назари мақомот анҷом хоҳад ёфт. Танҳо интригаи боқимондаи ин интихобот зоҳиран сарнавишти ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст, ки оё ҳузурашро дар Маҷлиси намояндагон ҳифз мекунад ё на?

Интихоботи имсолаи Тоҷикистон дар шароите мегузарад, ки ҷавви ҳокимаш аз омилҳои беруна таъсири бештар гирифтааст. Ҳоло зеҳни кишварҳои ғарбӣ – як мубаллиғи умдаи асосии арзишҳои демократие, чун интихоботҳои озодро масоили барояшон муҳимтаре, чун вазъи Афғонистон баъди хуруҷи нирӯҳои эътилоф ва афзоиши таҳдиди гурӯҳҳои ифротӣ дар минтақа машғул нигоҳ медорад, то мурооти меъёрҳои демократӣ дар ин ё он кишвар. Ва ба эҳтимоли ғолиб, Ғарб чун дар намунаи интихоботи моҳи декабри порлумони Узбакистон ба ончӣ ки дар батни интихоботи Тоҷикистон хоҳад гузашт, аз паси панҷа хоҳад нигарист.

Пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон бар додситони Данғара

Эмомалӣ Раҳмон

Бо ин вуҷуд, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар тирамоҳи соли гузашта хостори таъмини шароит барои баргузории як интихоботи дар воқеъ озод дар кишвараш шуд. Оқои Раҳмон ҳатто аз таҷрибаи ширкаташ дар интихоботи соли 1990, ки ҳанӯз Шӯравӣ побарҷо буд, ёд овард ва гуфт, агар дар он аём интихоботи озод намешуд, магар ӯ, он вақт як раиси колхоз, метавонист рақибони пурнуфузе чун додситони ноҳияи Данғараро мағлуб кунаду ба порлумон роҳ биёбад?

Усмон Солеҳ, сухангӯи ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон мегӯяд, ин як ваъдаи хушку холӣ нест: “Фикр мекунам, ин интихобот назар ба интихоботҳои гузашта шаффофтар, демократитар ва озод баргузор мешавад, чунки баргузории интихоботи шаффофу демократиро сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кафолат додааст. Ӯ дар чандин ҷаласа ҳамчун президент таъкид карданд, ки аз захираҳои маъмурӣ истифода карда нашавад.”

Аммо мунтақидони ҳукумат нисбат ба интихоботи 1 март чунин хушбин нестанд. Дар ситоди ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) – умдатарин ташаккули мухолифин –мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботҳои қаблӣ ҳам чунин ваъда дода буд, вале он ҳама дар рӯи қоғаз монд.

Муҳаммадкарими Шодӣ, муовини раиси ҲНИТ ва ҳамоҳангсози ситоди интихоботии ин ҳизб мегӯяд: “Дар интихоботи соли 2010 ҳам раисиҷумҳур ваъдаи интихоботи шаффоф дода буд ва точанд рӯзи қабл аз интихобот як фазои озод эҳсос мешуд. Тафовути интихоботи имсола ин аст, ки аз ҳоло мониасозиҳо шурӯъ шудааст. Тамоми номзадҳои мо дар тамоми минтақаҳо бидуни истисно ба мониаҳои ҷиддие рӯбарӯ шуданд.”

Интихоботи демократӣ, яъне чӣ?

Меъёрҳои қабулшудаи як интихоботи демократӣ чист? Агар содда карда бигӯем, шароити баробар барои пешбарӣ ва таблиғи озодонаи номзадҳову ҳизбҳо ва одилона шумурдани овози дода мардум. Ва ин ҳама бидуни дахолати мақомоти давлатӣ ва таҳти назорати комили ҷомиа. Ва бо вуҷуди ваъдаю кафолати раисиҷумҳур, аксар бар инанд, ки баргузории чунин интихоботи демократӣ дар шароити кунунии Тоҷикистон имкон надорад ва як иродаи сисёии қотеъ ва кофӣ барои он ҳам пухта нарасидааст. Ба гуфтаи мунтақидон, агар чунин ирода вуҷуд медошт, қонуни интихобот аз сӯи давлат ҷиддитар бозбинӣ мешуд ва талаби асосии мухолифин – ташкили ниҳодҳои интихоботӣ аз ҳисоби намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва бо ҳамин аз байн бурдани як заминаи асосии тақаллуб сарфи назар намешуд.

Хуршеди Атовуллоҳ, сардабири ҳафтаномаи “Фараж”, ки ду дафъа дар интихоботҳои Тоҷикистон ба ҳайси нозир ширкат кардааст, мегӯяд: “Дар масъалаи назорат ва пешгирӣ аз қонуншиканиҳо арзу доди нозирон шунида мешавад, вале дар вақти овозҳисобкунӣ касе аз нозирон ширкат надорад ва масъала асосан дар ҳамонҷо ҳал мешавад. Аммо як мушкили аслии интихоботҳои мо ин аст, ки худи мардум ба як интихоботи демократӣ омода нест. Аксари мардум ба касе, ки раҳбари хонавода, раҳбари авлод, раиси маҳалла, ё раиси ҷамоат ё шаҳр гуфт, ба ҳамон овоз медиҳанд.”

Бефарқии мардум

Бефарқии мардум, ки ширкат дар ин маъракаи муҳимро аксар сарфи назар мекунанд ва бо дасти худ барои тақаллубу тахаллуфи фаровон роҳ мекушоянд, як мушкили умдаи интихоботҳои Тоҷикистон боқӣ мемонад. Аз сӯҳбатҳои худи мардум бармеояд, ки як иллати чунин бефарқӣ нобоварии онҳо ба чизеро тағйир дода тавонистан тавассути интихоботҳост.

Бисёриҳо мӯътақиданд, ки сарфи назар аз овоз додан ё надодани онҳо танҳо номзадҳои дилхоҳи ҳукумат ба порлумон роҳ меёбанд. Омили дигари дилсардӣ ваъдаҳои номзадҳост, ки ба гуфтаи мардум, бебаркаш ба забон меоранду ин ҳамаро баъди интихобот ба фаромӯшӣ месупоранд.

Дар як пурсиши сарироҳии Озодӣ сокинони Душанбе назари худро ба интихобот чунин баён доштанд:

- Интихоботи 1 март аз интихоботҳои гузашта фарқе нахоҳад дошт. Ҳамонҳое ки буданд, боз ҳамонҳо мегузаранд. Тақдири ҳамаи мо дар дасти ҳамонҳост. Чи хеле ки хоҳанд, ҳамон тавр мегардонанд. Мегӯянд-ку, усул дар дасти нағорачӣ.

- Интихобот дар кишвар чизеро дигар намекунад. Ҳамон интихоботе ки буд, ҳамон мемонад. Депутатҳо ҳамон депутатҳо мемонанд. Чизе дигар намешавад.

- Ба фикри ман, дигар мешавад. Чунки шояд шахсони беҳтар рӯи кор биоянду қонунҳои аҷоибтар бароранд.

- Дар арафаи интихобот номзадҳо худро шахсони одилу хидматгори халқ нишон медиҳанд, вале дар асл бингарем, чунин нест. Ва масъалаҳои мубрами рӯзро онҳо ҳал карда наметавонанд.

- Боварӣ дорам ва иншоаллоҳ, Худо дар дили депутатҳои мо андозад, ки раҳму шафқат ба халқи худ кунанд, камбудиҳоро ислоҳ кунанд, чашм кушоянду бинанд, вазъ чигуна аст.

Саҳнаи сиёсии "рӯбучин"-шуда

Интихоботи соли 2015 дар ҳоле доир мешавад, ки дар чанд соли охир арсаи сиёсии Тоҷикистон аз сӯи доираҳои ҳоким хеле “рӯбучин” шудааст ва аҳзоби дигарро дар ин арса ҳатто маҷоли нафас кашидан намедиҳанд. Ба бовари маҳофил, ҳукумат тавонист хеле аз аҳзоби як замон саркашро “ром” кунад ва ҳоло, барои мисол, ду ҳизби як замон пурсарусадои демократу сотсиалист ва ҳамин тавр, ду ҳизби нави аграрию ислоҳоти иқтисодӣ ҳамсадои ҳизби ҳокиманд ва гӯш ба қимор, ки оё аз кадом гӯшаи дастурхони интихобот роҳашон медиҳанд.

Шӯҳрат Қудратов

Аз ташаккулҳои бақувваттар ҳизби коммунист дар панҷаи бӯҳрони пиршавии аъзо ва ихтилофоти дохилӣ дармондааст. Ҳизби сотсиал-демократ ҳам, ки тоза яке аз раҳбаронаш Шӯҳрат Қудратовро ба 9 соли зиндон маҳкум карданд, дигар умеди рӯсурхие аз интихоботи порлумонии рӯзи 1 март надорад.

Интригаи асосӣ ва сиёсати сабр

Бо онки масъалаи асосии интихоботи порлумони Тоҷикистон аз пеш ҳалшуда дониста мешавад, як интригаи асосиаш, албатта, сарнавишти ҳизби наҳзати исломист, ки оё ин навбат ҳам ду курсии вакилии меросмонда аз замони Саид Абдуллоҳи Нуриро нигоҳ хоҳад дошт ё на?

ҲНИТ дар соли 2010 бо ҷалби электорати эътирозӣ тавонист аз ҳизби коммунист пеш гузашта, мақоми нирӯи дуюми сиёсии кишварро насиби худ гардонад. Ин ҳизб ҳатто иддао дошт, ки 30-35 фоиз овоз гирифтааст, вале дар ниҳоят чизе беш аз 8 дарсад ва ҳамон 2 курсии вакилиро барояш доданд. ҲНИТ инро “зулм” номид, вале бо такя ба сиёсати чандинсолаи “сабр”-е, ки пеша кардааст, эътирози зиёд накард.

Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар интихоботи соли 2010

Аммо ҳоло ба ин ки ҲНИТ битавонад инбор муваффақияти 5 сол пешашро такрор кунад, дигар касе бовар надорад, зеро ин бор шароит хеле фарқ мекунад. Ҳоло гурӯҳҳои исломӣ нафақат дар Тоҷикистон, балки дар саросари ҷаҳон бавижа ба далели аз нав афзудани хатари ифротгароии исломӣ ва он ҳам дар намунаҳои баде, чун “Давлати исломӣ”, дигарбора дар як шароити тақрибан ҳамсони баъди ҳамлаҳои 11 сентябри соли 2001 қарор гирифтаанд. Дар шароите чунон осебпазир, ки ҳар қадами ноҷо метавонад қадами охирини онҳо шавад.

Муҳаммадкарими Шодӣ, муовини раиси ҲНИТ ҳам вуҷуди ин воқеъиятҳоро эътироф мекунад: “Имрӯз нисбат ба ҳаракатҳои исломӣ дар баъзе кишварҳо аз сӯи мансабдорон як сӯитафоҳум вуҷуд дорад, ки ин, албатта, бетаъсир намемонад. ВА ҲНИТ ҳам бо назардошти шароити дохилӣ ва ҳам фазо дар хориҷ дар ҳар марҳала тасмим мегирад. Мо дар кишваре ҳастем, ки ҳам зулмат мекунанд ва ҳам боз айбдорат мекунанд, ки чаро аз ин зулм дифоъ намекунӣ?”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Охирин интригаи интихобот-2015

Фарзияҳо

Ишораи оқои Шодӣ ба нашри як силсила наворҳои обрӯрезандаи шаҳвонӣ бо ширкати аъзо ва ҳаводорони ҲНИТ, таъқибу ба зиндон андохтани аъзои фаъоли он, бастану ҳатто кандани дафтарҳои ҳизб аст, ки ин ҳама, бо вуҷуди сир бой надодани наҳзатиҳо, ин ҳизби як замон тавоноро ба як нирӯи заиф, дастнигар ва ба гуфтаи мунтақидон, ба ҳар имои мақомот “балегӯ” табдил додааст. Дар маҳфилҳо ақидае ҳам роиҷ аст, ки инбор тамоми талоши ҲНИТ барои ҳадди ақал гум накардани ҳамон ду курсист, ки дорад. На бештар аз он.

Хуршеди Атовуллоҳ

Хуршеди Атовуллоҳ, сардабири ҳафтаномаи “Фараж” бар ин назар аст: “Як фарзия ин аст, ки ба Муҳиддин Кабирӣ мансабе медиҳанд ва ду нафари баъдӣ дар рӯйхати ҲНИТ – Саидиброҳими Назар ва Саидумар Ҳусайнӣ – ба порлумон мераванд. Фарзияи дигар аст, ки шояд ба ҲНИТ фақат як курсӣ бидиҳанд. Вале фикр мекунам, ки ҳатто агар ягон курсӣ ҳам ба онҳо надиҳанд, ҲНИТ, агар раҳбараш Кабирӣ бошад, боз ҳам ба сабр даъват мекунад ва боз ҳам сабр мекунад.”

Намояндагони ҳизби ҳоким вуҷуди кадом сенарияи ба ҳар роҳе аз порлумони оянда “рӯфтан”-и ҲНИТ-ро рад мекунанд ва мегӯянд, худи мардум дар интихобот маълум мекунад, ки ба кадом ҳизбу кадом номзад раъйи бештару ба кадоме камтар диҳад?

Усмон Солеҳ, сухангӯи ҲХДТ мегӯяд: “Ба ин ё он ҳизб ё ба ин ё он номзад мардум овоз медиҳад. Ин бевосита ба иродаи халқ вобаста аст. Як интихобкунанда меравад, баргаи овоздиҳиро гирифта, дар ғуфра медарояд, ӯ мустақил аст. Касе ба ӯ халал намерасонад ё фармон намедиҳад, ки ба кӣ овоз диҳад.”

Шанси ночизи интихоботе "озодтару демократитар"

То ҳол нозирони САҲА, ки аз соли 2000 ба ин тараф интихоботҳо дар Тоҷикистонро назорат мекунанд, ягон овоздиҳӣ дар ин кишварро ҷавобгӯи меъёрҳои як интихоботи озоду демократӣ эътироф накардаанд. Аммо баҳои ин нозирон паёмаде, ба ҷуз аз масъалаи обрӯ надорад ва кам касеро парвост, ки интихоботи 1 март дар кишвари дуре бо номи Тоҷикистон чигуна мегузарад.

Ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон

Бахусус дар шароити феълӣ, ки Ғарб ба дунболи хуруҷи нирӯҳояш аз Афғонистон саргардони масоили муҳимтаре, чун таъмини ҳукуматҳои қавии буферӣ дар роҳи тавсиаи ҷабҳаи ҷанги гурӯҳҳои ифротист ва дар ин роҳ бештар ба ҳифзи суботи режимҳои худкомаи ҳоким аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ ниёз дорад, то ба даъвати ин режимҳо ба мурооти озодиҳои сиёсӣ. Таниши Ғарб бо Русия бар сари Украина низ нархи “саҳмия”-и сулолаҳои ҳокими Осиёи Марказиро дар Аврупову Амрико болотар бурдааст ва онҷониб маҷбур аст, ҳадди ақал дар кӯтоҳмуддат ба чигуна гузаштани маъракаҳое, чун интихоботҳо, дар ин паҳно чашм бипӯшад.

Аз тарафи дигар, баъди ваъдаи миллиардҳо доллар сармояи Чин, он миллионҳое, ки он ҳам ба 100 шарт аз Ғарб ба Душанбе мерехт, дигар хеле ҳақиру ночиз менамоянд. Ва дар Душанбе ин ҳамаро хуб медонанд, ки дар чунин як шароит ба тағйироти фавқулоддае, чун баргузориии интихоботи, ба таъбири сухангӯи ҳизби ҳоким Усмони Солеҳ, “нисбат ба гузашта озодтару демократитар” ташаббус кунанд.