Раиси Додгоҳи Панҷ: "На захми табар рафт ва на захми сухан"

Давлатманд Раҳимзода, раиси Додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, ки мавриди ҳамлаи ҷавобгари парвандаи "алимент" қарор гирифта буд, пас аз се ҳафтаи табобат дубора ба кор баргашт. Раҳимзода рӯзи 22-юми сентябр дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳанӯз осори захм дар баданаш боқист, вале ҳоло худашро хуб ҳис мекунад.

Мо фақат барои фарзандони худаш гуфтем, ки ҳар моҳ 250 сомонӣ супорад. Бо ин аҳвол ӯ соҳиби ду ҳамсар аст. Аз зани аввалааш ду фарзанд ва аз зани дувумаш низ ду кӯдак дорад.

Рӯзи 31-уми август сокини 39-солаи ноҳия Панҷ Диловар Олимов, ки додрас Давлатманд Раҳимзода парвандаашро баррасӣ карда буд, дар идораи додгоҳ бо табар ба ӯ ҳамла кард. Олимов зоҳиран аз қарори додгоҳ, ки барои кумак ба кӯдаконаш ба ӯ "алимент" таъин кард, норозӣ буд. Дар пайи ин ҳамла, сару чашм ва дастони Давлатманд Раҳимзода осеб дид. Диловар Олимов бо иттиҳоми “ҳамла ба додрас” ва “сӯиқасди куштор” боздошт шуд.

Диловар Олимов кист?

Радиои Озодӣ: Пайвандони Диловар Олимов гуфтанд, ки гуё парвандаи ӯро ноодилона баррасӣ кардед ва ҳамин боис шуд, ки ҳамла сурат бигирад...

Бинои Додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон

Давлатманд Раҳимзода: "Вақте қарор содир шуд ва агар касе норозӣ аст, бояд ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят барад. Вақте як қарор эътибори қонунӣ пайдо мекунад ва нисбат ба он касе ба додгоҳи болоӣ шикоят накардааст, чӣ тавр мешавад онро ноодилона гуфт? Шумо ҳақ надоред, ки аз номи худ қарор ё ҳукмро ноодилона бигӯед. Ба ҳалномаи додгоҳ танҳо зинаи болоии додгоҳ хулоса медиҳад. Додгоҳи болоӣ бар асоси аризаи шикояти даъвогар ва ҷавобгар парвандаро баррасӣ мекунад. Мо ин мардро фаҳмонида будем, ки агар розӣ нестед, марҳамат, шикоят баред, мо шикоятро ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ мефиристем. Он кас ин корро накарда, бо табар омад ва кирдори ҷиноятӣ содир кард. Ҳоло Шумо - журналистон мегӯед, ки парванда ноодилона баррасӣ шуд."

Радиои Озодӣ: Мо инро аз номи худамон нагуфтем.

Давлатманд Раҳимзода: "Фарқ надорад, ки аз номи кӣ мегӯед. Мо ҳуқуқ надорем, “беадолатӣ” гӯем. Вақте Додгоҳи вилоят қарорро бекор кард, баъд метавонем гӯем, ки ноадолатӣ шудааст, қонуншиканӣ шудааст. Ҳамсари ӯ даъво пешниҳод карда буд, ки Диловар Олимов ба кӯдаконаш "алимент" бидиҳад. Мо бо дарназардошти онки гуфт, дар ошхонае кор мекунад, барои ду кӯдак 250 сомонӣ кумакпулӣ муқаррар кардем. Куҷои ин беадолатӣ ҳаст? Ман 32 сол шуд, ба ҳайси додрас кор мекунам. Агар дар ҳамин 32 соли кор як парвандаи оддиро дуруст баррасӣ карда натавонам, ин маънои барбод рафтани меҳнати чандсолаи маро дорад. Аз нигоҳи шахсии ман ҳамчун инсон, ҳамчун додрас қарори баровардаам одилона аст. Мо бояд гапи мардумро гӯш кунем, аммо гапе, ки ба ҳақиқат мувофиқат кунад. Сатҳи дониши ҳуқуқии мардуми мо каме паст аст. Дар ҳар ҳукму ҳалнома як тараф норозӣ ҳаст. Дар бисёр маврид қарорро баҳс накарда, ба шахсияти мо мерасанд. Моро бояд дуруст дарк кунанд."

Ҷавоби ҳамла бо табар – Диловар дар ростои то 18 соли зиндон

Захмҳое, ки он нафар расонд, ҳанӯз осораш ҳаст. Вазъам беҳтар аст. Муҳим инки корро сар кардам

Радиои Озодӣ: Баррасии парвандаи Диловар Олимов чӣ тавр гузашт ва оё ин эҳсосро доштед, ки ӯ ба Шумо ҳамла мекунад?

Давлатманд Раҳимзода: "Ростӣ гап, дар вақти кор ба ин чиз аҳамият надодам. Ин одамро се моҳ ба мурофиаи судӣ даъват мекардем, намеомад. Судяи пештара (Тоҷиддин Қурбониён) дар бораи хулқу атвор ва хавфнокии шахсияти ин кас медонистааст, вале бо сабабҳои маълум аз кор рафт ва баррасии парванда ба дӯши ман афтод. Мо бо котиб борҳо Олимовро даъват кардем, вале писанд намекард. Дар ниҳоят ба сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия муроҷиат кардем, ки ӯро ба суд даъват кунанд. Гуфтем, фаҳмонанд, ки гап дар сари манфиати кӯдакони хурдсол меравад. Баъдан, ӯро як майори милиса овард. Вақте аз ғизои нисфирӯзӣ баргаштам, котиб гуфт, ки ҷавобгар боз баромада рафт. Ҳамин вақт ӯ рафта, дар ҳамон ошхона 200 грам арақ нӯшидааст. Омад ва дар мурофиа ба ҳамсараш таҳдиду ҳақоратро сар кард. Тамоман судро эҳтиром накард ва ҳама намуди ҳақоратро ба забон меовард. Ҳарчанд мегуфтам, ки мурофиаи додгоҳӣ аст, ором шавед, ҳақорат накунед, бас намекард ва давом медод. Дар охир барои ҳамла ба тарафи занаш рафт. Дақиқан ӯро заданӣ буд, ки ман рафта ва ӯро гуфтам, ки дар ҷоят бинишин. Ҳарчанд, пеши роҳашро гирифтем, боз ҳақоратро давом медод. Як чизро фикр кунед, ҷавоне, ки ба сари раиси суд бо табар ҳамла мекунад, наход кор карда, ду кӯдаки худро нигоҳубин карда натавонад? Мо фақат барои фарзандони худаш гуфтем, ки 250 сомонӣ ҳар моҳ супорад. Бо ин аҳвол ӯ ду ҳамсар дорад. Аз зани аввалааш ду фарзанд ва зани дувумаш низ ду кӯдак дорад. Он занаш душмани ин занаш ва кор фақат ҷангу ҷанҷол. Қарорро баровардам, бо забони хеле дағал гуфт, ки ин қарор барои ман аҳамият надорад. Ҳатто маро ҳақорат кард, ки чизе нагуфтем."

Радиои Озодӣ: Ин ҳарфҳо ҳам буд, ки гӯё Шумо ӯро таҳқир кардаед, ин иддао то куҷо ҳақиқат дорад?

Давлатманд Раҳимзода: "Ин ҳақиқат надорад. Ҳарчанд, хешу табораш гуфтаанд, ки гуё мо ӯро ҳақорат карда задаем. Ин дурӯғ аст. Ҳатто фурсати сӯҳбат кардан ҳам надоштам, куҷо расад ба ҳақорат кардан."

Радиои Озодӣ: Пас, дар кадом ҳолат ӯ ба Шумо ҳамла кард?

Давлатманд Раҳимзода: "Парвандаи ин нафарро дидам ва рафтам ду се парвандаи маъмурии дигарро дидам. Як парванди оилавиро дида, дар хонаи машварат қарор доштам. Зада даромад, ман ҳеҷ гоҳ интизор надоштам, ки ӯ ҳамла мекунад. Табарашро зери тасма пинҳон карда, будааст. Табарро бардошту дигар нигоҳ накарда, ҳамла кард. Бештар пушти табар ба ман расид."

Радиои Озодӣ: Ҳоло сиҳатиатон пурра барқарор шуд?

Давлатманд Раҳимзода: "Як моҳ пеш диламро табобат карда будам. Захмҳое, ки он нафар расонд, ҳанӯз осораш ҳаст. Вазъам беҳтар аст. Муҳим инки корро сар кардам."

Радиои Озодӣ: Парвандаи ҳамла бо Шумо дар кадом сатҳ қарор дорад?

Давлатманд Раҳимзода: "Ба кори тафтишот кор надорам. Ин кори тафтишот ҳаст, дахолат карда наметавонам ва карда ҳам наметавонам. Додситонии вилоят парвандаро тафтиш дорад. Ман нишондодамро додам, қарзи шаҳрвандиамро иҷро кардам. Он тарафаш кори тафтишот ҳаст. Лозим шуморанд ва даъват кунанд, дар рӯ ба рӯ кардан ҳам иштирок мекунам. Ҳоло аз ҷониби хешу табори ин нафар тӯҳмат ҳаст, бӯҳтон ҳаст, вале бахшишу пушаймонӣ дида намешавад."

Радиои Озодӣ: Корро пас аз ин ҳодиса аз чӣ оғоз кардед? Ин ҳодиса чӣ таъсире ба Шумо гузошт?

Давлатманд Раҳимзода: "Ҳоло як парвандаи дигарро барасӣ дорем, ки он шахс ба додгоҳ ҳозир намешавад. Мо одам фиристодем, лекин дар хонааш пинҳон шудааст. Пайдо карда овардем, вале худашро ба беморӣ задаст. Намефаҳманд, чӣ кор кунем? Шукр, ки одамҳои мефаҳмидагӣ ҳаст, вале шумораашон кам аст. Аксари вақти мо ба хӯрдагирӣ ва саркашии шаҳрвандон дар баробари қонун сарф мешавад. Ҳоло дар қонунгузорӣ тағйирот даромадааст, дар бораи дар ҳолати мастӣ рондани воситаи нақлиёт. Шаҳрвандоне, ки қонуни навро вайрон мекунанд, меоянд ва вақте мегӯям, ки ҷарима ё ҷазояш чунин аст, тамоман қабул намекунанд. Бисёрашон ҷаримаро намесупоранд ва онҳоро маҷбурем, бар асоси қонун 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ кунем. Мо судҳо иҷрокунандаи талаботи қонун ҳастем. Вақте як касро ҷазо медиҳем, баъд гап мекунанд, ки беинсофӣ карданд. Бароям бисёр дардовар аст, ки чунин ҳолат рух дод. Ҳарчанд ҳеҷ гоҳ ба касе хиёнат накардам. Дар панҷ шаш соли ахир ягон қарорам ҳам бекор нашудааст."