Бежан, хонандаи яке аз мактабҳои шаҳри Душанбест ва ҳамагӣ 14 сол дорад. Аммо ӯ дар дили кӯчакаш нақшаҳои бузург мепарварад. Ӯ орзуи таъсиси ширкати хусусии либос ва ҷиҳози варзиширо дорад ва аз ҳоло шеваҳои муваффақ шудан дар тиҷоратро меомӯзад. Ба бахти Бежан Рӯзибоев ҳам барои аввалин бор дар Тоҷикистон як маҳфили омӯзишии “Тоҷирони наврас” дари худро барои хоҳишмандон боз кард. Бежан ҳам яке аз аввалин шогирдони ин марказ шуд, ки ба наврасон малакаҳои тиҷорат ва сирри соҳибкорони комёбро меомӯзонад.
Бежан дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “Аз аввали моҳи январ дар ин марказ дарсҳо сар шуд ва мо дар як ҳафта се маротиба дарс мехонем ва дар он роҳҳои ворид шудан ба тиҷоратро меомузем. Барои мисол, дар бораи ки будани тоҷир, бозор, бонк, пул, андоз. Ман худам ҳам аз хурди инро орзу мекардам, ки ин касбро аз худ кунам ва дар оянда тоҷири муваффақ шавам”.
Дар қатори Бежан, 24ҳамсоли дигари ӯ дар ин марказ дарси тиҷорат мегиранд. Онҳо мехоҳанд, дар синни ҷавонӣ соҳиби тиҷорати бузурги худва миллионҳо доллар шаванд.
Иқтисоддони тоҷик Зафар Абдуллоев, ки бунёдгузори маркази омӯзишии “Тоҷирони наврас” аст, мегӯяд, ин андеша як сол пеш дар зеҳнаш пайдо шуд, вале имсол ҳангоми таътили зимистонаи мактаббачаҳо онро роҳандозӣ кард. Ба гуфтаи Зафар Абдуллоев, омӯзиши асрору малакаҳои соҳибкорӣ дар синни наврасӣ метавонад, дар оянд тоҷирони доно ва муваффақро ба бор орад.
“Мактаббачаҳо нисбат ба калонсолон бештар завқи аз худ кардану омӯхтани тиҷоратро доранд. Ҳоло дар ин марказ, ду гурӯҳ таҳсил мекунанд, вале мо тасмим дорем, ки онҳоро ба се гурӯҳ тақсим кунем. Бачаҳои аз 9 то11 аз 12 то 14 ва наврасони аз 15-16-сола,” -- мегӯяд Зафар.
Шогирдони ин марказ аксаран аз хонаводаҳое ҳастанд, ки яке аз волидонашон тоҷир ва ё корманди бонку созмонҳои ғайридавлатиянд. Ҳамакнун ба гуфтаи Зафар Абдуллоев барои аввалин бор дар таърихи бонкҳои Тоҷикистон ин гурӯҳи наврасон рӯзҳои наздик ба "Спитаменбонк" мераванд ва ҳамчун дарси амалӣ, бо анбори пул дар ин бонк аз наздик ошно мешаванд. “Ҳамчунин дар баробари он ки бачаҳо худашон нишаста, лексия гӯш мекунанд, боз дарсҳои амалӣ ҳам ба роҳ мондем, ки ба онҳо соҳибкорон ё тоҷирони шинохта дарс гӯянд. Барои намуна, ҳоло мо бо як корманди Кумитаи андоз созиш ҳосил кардем, ки барои ин наврасон ду рӯз дар бораи низоми андозу андозбандӣ дарс гузарад. Миёни ин наврасон онҳое, ки аллакай тиҷорати худро шуруъ кардаанд, пайдо шуданд. Дар маркази мо як духтараки 15-сола ҳам ҳаст, ки бо истифода аз тиҷорати модараш низ ба хариду фурӯши мол машғул аст,”-- гуфт Абдуллоев.
Ин таҷриба дар Тоҷикистон нав аст, аммо сафи тоҷирони ҷавон дар ҷаҳон ки дар ҳисоби худ миллионҳо доллари амрикоӣ доранд, ба ҷамъоварии он ҳанӯз аз замони наврасӣ шурӯъ кардаанд.
Барои мисол, Шон Белник (Sean Belnick) асосгузори BizChair.com аст, ки нахустин миллион доллари худро дар 16-солагӣ ба даст овардааст. Ӯ дар чаҳордаҳсолагӣ бо 500 доллар фурӯшгоҳи интернетии худро боз намуд. Microsoft, Google ва Пентагон аз ҷумлаи мизоҷон ва ё муштариёни аслии фурӯшгоҳи интернетии Шонанд. Ин миллионери ҷавон ҳоло 25 сол дорад ва даромади солонааш ба 60 миллион доллари амрикоӣ баробар аст.
Кэтрин Кук (Catherine Cook), асосгузори MyYearbook.com, миллион доллари аввалини худро дар 15-солагӣ кор кардааст. Ин толибаи амрикоӣ дар қатори 10 гонаи беҳтарин миллионер-ҷавонони ҷаҳон аз рӯи феҳристи маҷаллаи Forbes аст. Вай соли 2005 бо ҳамроҳи бародари 17-солааш Дэвид албоми интернетии аз ҳама босифат ва беҳтари он замонро ихтироъ кард, ки тақрибан ҳамаи мактаббачагон онро пазируфтанд ва истифода мебурданд. Нархи ин барнома 20 миллион доллар баровард мешавад.
Дар ҳоле, ки ҷаҳон аз комёбии даҳҳо миллионери наврасу ҷавон сӯҳбат мекунад, дар Тоҷикистон дар ин бобат танҳо метавон чанд ҷавонеро намуна овард, ки онҳо ҳам дар тиҷорати хурду миёна то ҷое пешрафт кардаанд. Ғолибан дар Тоҷикистон ҷавонон ба тиҷорати хурду миёна машғуланд ва тиҷорати бузургу соҳиби миллионҳо доллар шудан барои аксарияти онҳо як орзуи дастнорас аст.
Ин ҳам дар ҳоле, ки Зафар Абдуллоев иқтисоддон ва хабарнигори тоҷик, ки ба наврасон аз ҳоло дарси тиҷорат меомӯзад, мегӯяд, ин нақшаҳои Бежану дигар наврасоне, ки орзуи соҳибкории бузургро доранд, амалишаванданд. Фақат барои ин, ба фикри ӯ, падару модарон бояд фарзандони худро аз хурдсолӣ омода кунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад