Се таҳдиди террористӣ ба Тоҷикистон дар соли 2015

Пайвастани Гулмурод Ҳалимов, полковники ОМОН ба ДИИШ чолиши аввали ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2015 шуд

Вазорати умури хориҷаи Амрико дар гузориши нави худ оид ба вазъияти "Терроризми ҷаҳонӣ" дар бахши Тоҷикистон менависад, ки соли 2015 се ҳодисаи муҳим боис ба афзоиши таваҷҷӯҳи ҳукумат ба таҳдидҳои террористӣ шуд.

Моҳи апрел полковники гурӯҳи таъиноти махсус ё ОМОН-и Вазорати корҳои дохилӣ Гулмурод Ҳалимов дар бораи пайвастшавиаш ба ҳайати гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” хабар дод. 4 сентябри соли 2015 гурӯҳи мусаллаҳи хурде таҳти раҳбарии муовини собиқи вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода чанд ҳамларо дар дохил ва атрофи Душанбе анҷом дод, ки дар натиҷа 9 ходими полис ва 17 ҳамлагар кушта шуданд.

Гузориши вазорати корҳои хориҷии Амрико ҳокист, ки ҳарчанд сабабҳои даст ба чунин амал задани ҳамлагарон маълум нест, ҳукумати Тоҷикистон ин ҳодисаро ба терроризм рабт дод. Ва ниҳоят таҳдиди сеюми террористие, ки таваҷҷӯҳи ҳукумати Тоҷикистонро соли 2015 ба худ кашид, аз ҷониби Толибон дар моҳи сентябр ишғол шудани шаҳри Кундуз, яке аз

Ҳукумат мегӯяд, ошӯби мусаллаҳонаи генерал Назарзода бо ҳадафи ба ҳам задани суботи Тоҷикистон анҷом шуд

марказҳои манотиқи шимолии Афғонистон буд. Таваҷҷӯҳи Тоҷикистон, ҳамсояи наздиктарини Афғонистон ба ин ҳодиса аз лиҳози нигарониҳои амниятӣ, аз ҷумла хатари ба хоки ин кишвар ворид шудани ҷангиёни силоҳбадаст ва ҳам муҳоҷирон афзоиш ёфт.

Гузориши Департаменти давлатӣ баёнгари он аст, ки соли гузашта 700 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳайати ДИИШ – гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” шомил шуданд.

Инчунин, нигарониҳо аз тавсеаи хушунатҳо дар Афғонистон боиси тақвиятёбии нирӯҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон шуд, вале айни замон, мегӯянд муаллифони гузориши “Терроризми ҷаҳонӣ”, ҳукумати Тоҷикистон барои муқобила бо экстремизми пурхушунат таваҷҷӯҳи кам нишон дод. Нуктаи дигари мавриди таваҷҷӯҳи гузоришгарони Департаменти давлатӣ – ба феҳрасти афроди мавриди таъқиби байналмилалӣ – Интерпол - ворид кардани исми сиёсатмадорон будааст.

“Дар бархе ҳолатҳо, - омадааст дар гузориш, - ҳукумати Тоҷикистон аз “Ҳушдорҳои сурхи Интерпол” барои таъқиби сиёсатмадорони мухолифи ҳукумат истифода кардааст”. “Ҳушдори сурх” дар феҳрасти Интерпол дар ҳолате ба кор бурда мешавад, ки нафари мавриди ҷустуҷӯ шахси махсусан хатарнок ва ҳам муттаҳам дар ҷиноятҳои сангин дониста

Фаррух Шарифов баъди бозгашт аз Сурия даҳшатҳои ДИИШро ба дигарон нақл кард

шавад. Гузориш ҳокист, ки бархе ташаббусҳои ҳукумат барои коҳиши таҳдиди тундгароӣ дар муҳити озодиҳои мазҳабиву сиёсии шаҳрвандон таъсири манфӣ гузоштааст. Дар бархе ҳолатҳо, менависад Департаменти давлатӣ, аъзои гурӯҳҳои мазҳабӣ бо иттиҳоми “экстремизми динӣ” мавриди шиканҷа қарор дода шудаанд.

Дар гузориш инчунин аз дастовардҳои ҳукумати Тоҷикистон дар амри ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои террористӣ ҳам ёдоварӣ шудааст. Аз ҷумла, рӯзи 23 июл Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар дод, ки ҳукумат тавонист аз як силсила амалиёти террористии тарафдорони ДИИШ ҷилавгирӣ кунад. Аз рӯи иттилои матбуот, террористон мехостанд ба 10 идораи полис дар Душанбе, Кӯлоб, Файзобод ва Ғарм ҳамла анҷом диҳанд, вале аз ин ҳамлаҳо ҷилавгирӣ шуд. Дар гузориш инчунин ваъдаи афви ҷангиёни тоҷики пушаймоншуда ба таври ҷудогона таъкид шудааст. Гузориш мегӯяд, ки барои нахустин бор ҳукумати Тоҷикистон ваъда дод, ки афроди аз ҷангҳои Сурияву Ироқ ба таври довталабона баргаштаро афв мекунад ва дар намунаи ҷавоне бо исми Фаррух Шарифов аз аъмоли ДИИШ ва ваҳшонияту хушунатҳои онҳо, талош кард аз сафари ҷавонон ба ҷангҳои Ховари Миёна ҷилавгирӣ кунад.

Аз рӯи маълумоти ахири ҳукумати Тоҷикистон, дар ҷангҳои Ховари Миёна на камтар аз 1000 шаҳрванди ин кишвар иштирок мекунанд ва марги 300 нафари онҳо расман тасдиқ шудааст.