Коршиноси Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар мегӯяд, ки ҷомеаи шарвандӣ дар Озарбойҷон “фалаҷ” шуда, дар ду-се соли охир аз оғози истиқлолият, ба бадтарин вазъият рӯ ба рӯ шудааст. Мишел Форст, гузоришгари вежаи СММ дар умури ҳуқуқи башар рӯзи 22 сентябр гуфт, ки мақомоти Озарбойҷон фишори беандозаро рӯи хабарнигорон ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон пиёда ва фаъолияти созмонҳои ғайридавлатиро дар кишвар номумкин кардаанд. “Дар натиҷаи чунин фишорҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ фалаҷ шудааст”, - гуфт Форст бо изҳороте дар поёни сафари нӯҳрӯзааш ба ин кишвари Қафқози Ҷанубӣ.
"Мақомот ҳомиёни ҳуқуқи инсонро ҳамчун “сутуни панҷуми ҳукуматҳои Ғарбӣ” ва ё ҷосусони хориҷӣ маҳкум мекунанд ва ин суитафоҳумеро дар робита ба нақши пурарзиши ҷомеаи шарвандӣ ба бор меорад", - мегӯяд Форст.
Мақомоти кишварҳои ғарбӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон солҳои ахир саркӯбҳои густардаи дигарандешон, бо шумули ҳабси рӯзноманигорон ва фаъолонро танқид мекунанад, ки барои интиқоди ҳукумати Илҳом Алиев муҷозот мешаванд.
Қазияи хабарнигори радиои Озодӣ Хадиҷа Исмоилова, ки 17 моҳро дар зиндон сипарӣ кардааст, рушантарин мавриди нақзи ҳуқуқи рӯзноманигор аст, ки барои гузоришҳои пажуҳишӣ дар бораи хонаводаи Алиев зиндонӣ шуд. Исмоилова мегӯяд, хабарнигорони пажуҳишгар ҳеҷ қонунро нашикастаанд, ба ҷуз қонуни нонавиштаи хомӯшӣ, ки режими Озарбойҷон ҷорӣ кардааст. “Ҳақиқати нохушоянд чӣ аст, ки ҳукуматро нороҳат мекунад? Гап сари пул аст, гап дар бораи фасод аст", - гуфт Хадича Исмоилова.
Ёвари президент Алиев дар умури ҷомеа ва сиёсат Алӣ Ҳасанов арзёбиҳои гузоришгари СММ-ро рад кард ва ба хабаргузории APA гуфт, ки ин гузориш муғризона буда, мавқеи ҳукумати Озарбойҷонро инъикос накардааст. Гузориши Мишел Форст дар фосилаи чанд рӯз аз баргузории референдуми ворид кардани тағйирот ба қонуни асосии Озарбоҷон пахш шуд, ки ба гуфтаи мунаққидон қудрати Алиевро афзунтар мекунад. Илҳом Алиев аз соли 2003 раҳбари Озарбойҷон буда қудратро дар вақташ аз падараш Ҳайдар Алиев ба “мерос” гирифтааст.
Коршиносони Шӯрои Аврпуо мегӯянд, ки тағйироти пешниҳодӣ тавозуни қудратро дар кишвар вайрон мекунад ва салоҳияти бенамунаро ба Илҳом Алиев медиҳад. Раиси бахши ҳуқуқии дастгоҳи раёсати ҷуҳмури Озарбойҷон арзёбиҳои Майкл Форстро “шитобзада ва дорои ангезаҳои сиёсӣ” унвон кард.