Вакили мудофеи Зайд Саидов гуфт, 3 рӯзи боздошти муваккилаш 22 май ба поён мерасад ва бояд акнун додгоҳ маълум кунад, ки ӯ дар ҳабс мемонад ё на?
Фахриддин Зокиров, вакили мудофеи раҳбари Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав шоми 21 май ба Озодӣ гуфт, онҳо аз додгоҳ тағйир додани чораи пешгирӣ нисбат ба Зайд Саидовро дархост хоҳанд кард.Ӯ гуфт, онҳо барои раҳоии Саидов аз боздошт ба подписка о невиезде (берун нарафтан аз маҳалли зист) тавҷеҳи кофӣ доранд, ки ба додгоҳ пешниҳод хоҳад шуд.
Ӯ гуфт, аввал инки Зайд Саидов худаш ба мақомоти тафтишотӣ ҳозир шуд, сониян, қасди аз тафтишот пинҳон шудан надорад ва дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҷои зисти доимӣ дорад ва дар озодӣ буданаш ба раванди тафтиш монеа эҷод намекунад, балки баръакс, ба ақидаи вакили мудофеъ, метавонад ба тафтишот кумак расонад. Тавҷеҳи дигари ҷониби ҳимоя маҷрӯҳ будани Зайд Саидов аст, ки модарзодӣ аз як даст маҳрум аст ва боқӣ мондан дар боздошт метавонад ба вазъи сиҳҳати ӯ низ осеб расонад. Оқои Зокиров гуфт, онҳо ҳамчунин омодаанд ба мақомот дар ивази раҳоии шартии Зайд Саидов гарав низ пешниҳод кунанд.
Фахриддин Зокиров гуфт, вазъи сиҳатӣ ва равонии Зайд Саидов дар ҳоли ҳозир хуб аст ва замоне ки ӯ бо ӯ гуфтугӯ дошт, аз ягон мавриди бадрафторӣ ё шиканҷа аз ҷониби мақомоти Ожонси мубориза бо фасод шикоят накардааст. Ӯ афзуд, барои тафтиши парванда шояд як гурӯҳи муштараки тафтишотӣ зери назари додситонии кулл ташкил шавад, чунки иттиҳомоти зидди ӯ моддаи 170(бисёрзанӣ)-ро низ дар бар мегирад, ки тафтиши чунин қазияҳо дар салоҳияти додситонии кулл аст, на Ожонси мубориза бо фасод.
Қаблан вакил дигари Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи дигари раҳбари Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав ба Озодӣ гуфт, муваккили ӯро тибқи танҳо моддаи 319, банди 4(порагирӣ) гумонбар медонанд ва ҳукми боздошти ӯ шоми 20 май бар асоси ҳамин иттиҳом содир шудааст.Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон рӯзи 19 май, ба дунболи боздошти Саидов эълон карда буд, ки ӯ ба порагирӣ, қаллобӣ ва сӯиистифода аз мақом айбдор мешавад.
Аз барномаи ТВ то китобча
Оқои Қудратов гуфт, онҳо субҳи 22 май изҳороти вижаеро дар робита ба пахши гузориши телевизионҳои давлатӣ дар бораи Зайд Саидов низ ба дасти мақомот хоҳанд супурд. Вакилони мудофеъ нашри ин барномаро, ки шоми 20 май нашр шуд, як навъи таъсир ба раванди тафтишот медонанд ва мегӯянд, гунаҳкор будан ё набудани Саидовро танҳо додгоҳ муайян хоҳад кард.
Бо ин ҳол, ба дунболи пахши он барномаи телевизионӣ рӯзи 21 май дар кӯчаҳои Душанбе китобчае бо номи “Иллати миллат: Зайд Саидов кист ва чаро майдони сиёсӣ меҷӯяд?”-ро паҳн кардаанд. Дар ин китобчаи 7-саҳифаӣ Зайд Саидов яке аз гунаҳкорони асосии ҳаводиси хунини солҳои 90 муаррифӣ ва ба серзанӣ, ҷамъ овардани сарвати зиёд айбдор мешавад. Хабарнигори Озодӣ дар Душанбе мегӯяд, ин китобча бознашри мақолае бо айни ном аст, ки рӯзи 16 май ҳафтаномаи "Тоҷикистон" нашр кард.
Ҳамин тавр, кофтукоби корхонаҳои марбут ба Зайд Саидов рӯзи 21 май ҳам идома доштааст.Ба гуфтаи пайвандони соҳибкори боздоштшуда, маъмурони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон рӯзи 21 май бӯстонсарои марбут ба Саидов дар дараи Варзоб ва корхонаи ҷавоҳиротсозии "Алмаз-Азия"-ро, ки дар ҳоли ҳозир фаъол нест, кофтукоб кардаанд. Ба гуфтаи як манбаъ, муфаттишон Маҳмудҷон Қосимов - муовини собиқи вазири шуғли аҳолӣ ва узви гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони навро низ бозпурсӣ кардаанд.
Рафтанҳову омаданҳо
Ахиран боз 3 узви ин гурӯҳ - Шавкат Бозоров, раиси Анҷумани менеҷерони миллии Тоҷикистон, иқтисодшинос Баҳодур Баҳодуров ва Сангинбой Сангинов, узви академияи илмҳои кишоварзӣ ҳизби Тоҷикистони навро тарк кардаанд. Қаблан Ҷамшед Ҳафизов, муовини раиси ширкати "Тоҷ-Сохтмон-Байналмилал" ва Абдураҳим Алиев, раиси Анҷумани истеҳсолкунандагон ва соҳибкорон низ аз ин гурӯҳ рафтанд. Аммо ба дунболи боздошти раҳбари гурӯҳи ташаббускор Зайд Саидов профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров ва коргардони маъруф Барзу Абдураззоқов ба Тоҷикистони нав пайвастаанд. Аз аъзои қаблии Гурӯҳи ташаббускор худи Зайд Саидов, Маҳмудҷон Қосимов, Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон ва Мавҷуда Соҳибназарова, рӯзноманигори мустақил дар сафи Тоҷикистони нав боқӣ мондаанд.
Мақомоти Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон шоми 20 май ба вакилони дифоъи Зайд Саидов эълон кардаанд, ки ӯ дигар расман таҳти боздошт қарор дорад. Маъмурони Ожонси мубориза бо фасод рӯзи 20 май асноди як манзили Саидов дар маркази шаҳр ва як ҳавлӣ дар наздикии бемористони "Ёрии таъҷилӣ"-ро тафтиш ва манзили аввалиро кофтукоб кардаанд. Аммо дар мавриди ҳавлӣ, ки як ширкати амрикоӣ иҷора мешинад, танҳо бо тафтиши аснод иктифо кардаанд.
Рӯзи 19 май низ мақомот як манзили Зайд Саидов дар маҳаллаи Шоҳмансур, утоқи кории ӯ дар маркази тиҷоратии "Соҳибкорон" ва манзилҳои чанд хешовандаш дар кӯчаи Қаротегинро кофтукоб кардаанд. Ба гуфтаи пайвандонаш, мақомот рӯзи 19 май аз утоқи кории Саидов 5 компутару ду баста ҳуҷҷат ва 20 000 доллар пули нақдро бурда, мошинҳои соҳибкор ва фарзандонашро низ "ҳабс" кардаанд. Ба гуфтаи яке аз наздикони соҳибкор, манзилҳои ҷамъе аз хешовандони Зайд Саидов дар як рустои воқеъ дар маҳаллаи Нефтянник дар канори шарқии Душанбе низ тафтиш шудааст.
Рӯзи 20 май Зайд Саидовро дар ҳузури вакилаш Фахриддин Зокиров бо Низомхон Ҷӯраев - мудири пешини корхонаи кимиёвии Исфара рӯбарӯ кардаанд. Ба гуфтаи Зокиров, Ҷӯраев муваккили ӯро ба гирифтани пора ба маблағи 100 000 доллар муттаҳам мекунад, вале Саидов инро радд кардааст.
Телевизиони давлатии Тоҷикистон шоми 20 май гузориши муфассалеро дар бораи корхонаҳои марбут ба Зайд Саидов ва наздикони ӯ нашр кард.Дар ин гузориш Зайд Саидов ба қаллобӣ, ришвахорӣ ва аз худ кардани маблағҳои бузург, аз ҷумла дар замони ифои вазифаи вазир айбдор мешуд.
Зайд Саидов соати сеи шаби 19 май баъди бозгашт аз сафар дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд. Рӯзи 20 май маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе бо аксарияти оро дахлнопазирии вакилии ӯро бекор кард. Як вакили Маҷлиси шаҳр ба Озодӣ гуфт, дахлнопазирии Саидов бо пешниҳоди муовини додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидов лағв шуд. Худи Саидов дар ин иҷлосия, ки пушти дарҳои баста гузаштааст, ширкат надошт.
"Қазия сирф сиёсист"
Шӯрои сиёсии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) рӯзи 20 май боздошти Зайд Саидовро як амали сирф сиёсиву ҳадафмандона хонд.«Суоли аслӣ ин аст, ки чаро Зайд Cаидов пас аз он ки дар бораи таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав эълон кард, мавриди таъқиб ва боздошт қарор гирифтааст?», омадааст дар баёнияи Шӯрои сиёсии ҲНИТ. Ба бовари ин ташаккули умдаи мухолифин, «чунин тарзи бархӯрд нобовариро дар ҷомеъа нисбати давлат бештар мекунад. Душмантарошию айбҷӯӣ дар гузашта кишварро ба ҷанг кашида буд ва набояд ба амалҳои носанҷида роҳ дод.»
Шоми якшанбе раиси ҳизби сотсиал-демократ Раҳматуллоҳ Зоиров дар як нома ба шаҳрдори Душанбе аз Муҳаммадсаид Убайдуллоев хост, ки ба қазияи Зайд Саидов, ки вакили маҷлиси пойтахт аст, дахолат кунад. Ба бовари оқои Зоиров, боздошти Зайд Саидов ва бозҷӯии дафтару кору манзилҳои ӯ, ки рӯзҳои 11 ва 19 май анҷом шуданд, мақоми дахлнопазирии вакилии ӯро поймол мекунад, ки ғайриқонунист. Вале шаҳрдори Душанбе ҳанӯз ба ин муроҷиати Раҳматуллоҳ Зоиров вокунише нишон надодааст.
Баҳси дахлнопазирӣ
Боздошти Зайд Саидов, ки ба унвони вакили маҷлиси шаҳрӣ аз ҳаққи дахлнопазирӣ бархӯрдор буд, аз тарафи ҳуқуқдонҳои мустақил муғойир ба қонунгузориии Тоҷикистон қаламдод мешавад.
Ашӯрбой Имомов, ҳуқуқдони тоҷик боздошти Зайд Саидов, соҳибкори тоҷик ва раҳбари гуруҳи ташабускори ҳизби нави «Тоҷикистони нав» -ро аз лиҳози ҳуқуқӣ ғайриқонунӣ медонад.Ба таъкиди ҷаноби Имомов, Зайд Саидов депутат ё вакили маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе аст ва бар асоси қонун «то замоне, ки ин маҷлис иҷозат надиҳад, ҳеҷ ниҳоде ҳақ надорад, ӯро ба ҷавобгарӣ кашад». Ин ҳуқуқдони тоҷик гуфт, «дар қонун омадааст, то замоне ки мақомоти намояндагие, ки шахс вакили он мақомот аст, иҷозат надиҳад, на танҳо ҳабс, балки ба ҷавобгарӣ кашидан низ мумкин нест.»
Дар таҷрубаи мақомоти тафтишотии Тоҷикистон мавридҳои ба масъулият кашондани вакилон вуҷуд дорад, ки пурсарусадотаринҳояш боздошти вакили Шӯрои олӣ ва шаҳрдори Душанбе Мақсуд Икромов дар моҳи марти соли 1992 ва боздошти фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ Хӯҷа Каримов дар миёнаи солҳои 90 аст. Вале дар ин ду маврид додситони кулл шахсан дар назди парлумон гузориши муфассал дода, қабл аз боздошт ризоияти вакилони дигар барои лағви мақоми дахлнопазирии онҳоро ба даст оварда буд.
Мавриди дигар - боздошти вакили маҷлиси ноҳияи Рашт Ҳусниддин Давлатов- дар соли 2011 буд. Бародари Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ, дар Душанбе бо иттиҳоми харидории хокаи алюминий, ки барои сохтани маводи мунфаҷира ҳам истифода мешавад, боздошт шуд. Аммо мақоми дахлнопазирии ӯ аз сӯи маҷлиси ноҳиявӣ танҳо як моҳ баъди боздошти Ҳусниддин Давлатов лағв шуд.
Ба гуфтаи Ашӯрбой Имомов, дар қонун ба ҳолате, ки агар шахс дар ҷои ҷиноят дастгир шуда бошад, низ ишора шудааст, вале ин нишондоди қонун ба ҳодисаи боздошти Зайд Саидов дахл надорад. Ба ин далел, мегӯяд ҷаноби Имомов, «вақте, ки Зайд Саидовро дар фурудгоҳ боздошт мекунанд, инро наметавон ҷои ҷиноят гуфт.»
Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ва вакили порлумон низ бар ин назар аст, ки «вақте далел набошад, ҳеҷ кас ҳақ надорад, касеро боздошт кунад» ва он далелҳоеро, ки нисбат ба Зайд Саидов пешниҳод шудааст, танҳо додгоҳ собит хоҳад кард, ки ин далелҳо дуруст ҳастанд ё сатҳӣ?» Аммо раҳбари комунистҳои Тоҷикистон дар иртибот ба қазияҳои тиҷоратии Зайд Саидов, ки мақомоти тафтишот ӯро мутаҳҳам мекунад, гуфт, ки аз ҷузъиёташ огоҳ нест ва аз ин рӯ, дар ин бора қазоват намекунад.
Таърихча
Зайд Саидовро соати сеи шаби 19 май аз фурудгоҳ ба идораи шаҳрии Ожонси мубориза бо фасод бурданд. Раиси Ӯ аз 11 май ба ҳайси раиси Федеросиюни тенниси рӯи мизи Тоҷикистон дар раъси як ҳайъати варзишкорони тоҷик ба манзури ширкат дар Ҷоми ҷаҳонӣ дар Пориси Фаронса қарор дошт.
Ожонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон баъди чанд соат бо пахши як
иттилоия интиқоли Зайд Саидов аз фурудгоҳ ба ин ниҳодро "даъват" ба қалам дод ва гуфт, вазири собиқи саноат ба ҷиноятҳои сангине, чун «гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон (қисми 4 моддаи 319), қаллобӣ бо истифодаи мақомоти хизматӣ дар ҳаҷми махсусан калон (кисми 4 моддаи 247), сӯъиистифода аз ваколатҳои мансабӣ (моддаи 314)» гумонбар мешавад. Ожонсӣ гуфт, ин ҳолатҳо дар ҷараёни таҳқиқи парвандаи раиси собиқи корхонаи кимиёвии Исфара Низомхон Ҷӯраев, ки як сол боз дар ҳолати нимабоздошт дар дасти ҳамин ниҳод қарор дорад, ошкор шудаанд.
Ожонси зиддифасод қаблан ширкати "Тоҷ-сохтмон байналмилал"-ро, ки ба Зайд Саидов марбут дониста мешавад, ба изофанависӣ дар ҷараёни сохтани "Душанбе-Плаза"- баландтарин бинои пойтахт муттаҳам карда бу, вале раиси ин идора Фаттоҳ Саидов ба дунбол гуфт, ин парванда дар ин маврид на алайҳи Саидову писари ӯ, балки алайҳи масъулони ширкат боз шудааст.
Ҳамин тавр, рӯзи рӯзи 11 май дафтари матбуоти додситонии шаҳри Душанбе хабар дод, ки алайҳи соҳибкори шинохта Зайд Саидов “бо моддаи 170 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои серзанагӣ, яъне зиндагонӣ кардан бо якчанд зан муқаррар менамояд, рӯзи 11 майи соли 2013 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.
Ин парвандаҳо алайҳи Зайд Саидов баъди он кушода шуданд, ки ӯ рӯзи 6 апрел аз азмаш барои сохтани ҳизби Тоҷикистони нав хабар дод. Гурӯҳи ташаббускори ҳизби ҷадид мегӯяд, таъқиби раҳбараш решаҳои сиёсӣ дорад. Худи Зайд Саидов қабл аз бозгашташ ба Душанбе дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Озодӣ иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд кард ва низ гуфт, ки ин ҳама фишорҳо ба фаъолиятҳои сиёсии ӯ рабт мегирад.
Зайд Саидов 54 сол дошта, соли 1999 бо саҳмияи 30-фоизаи мухолифин раиси кумитаи саноат таъйин шуд ва аз соли 2001 то оғози 2007 вазири саноати Тоҷикистон буд. Баъди тарки мақом ба соҳибкорӣ баргашт. Зайд Саидов соли 2012 раиси Шӯрои анҷуманҳои соҳибкорони Тоҷикистон интихоб шуд. Дар пайи оғози таъқиби Саидов, ин Шӯроро ҳам рӯзи 12 май барҳам доданд.
Ӯ гуфт, аввал инки Зайд Саидов худаш ба мақомоти тафтишотӣ ҳозир шуд, сониян, қасди аз тафтишот пинҳон шудан надорад ва дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҷои зисти доимӣ дорад ва дар озодӣ буданаш ба раванди тафтиш монеа эҷод намекунад, балки баръакс, ба ақидаи вакили мудофеъ, метавонад ба тафтишот кумак расонад. Тавҷеҳи дигари ҷониби ҳимоя маҷрӯҳ будани Зайд Саидов аст, ки модарзодӣ аз як даст маҳрум аст ва боқӣ мондан дар боздошт метавонад ба вазъи сиҳҳати ӯ низ осеб расонад. Оқои Зокиров гуфт, онҳо ҳамчунин омодаанд ба мақомот дар ивази раҳоии шартии Зайд Саидов гарав низ пешниҳод кунанд.
Фахриддин Зокиров гуфт, вазъи сиҳатӣ ва равонии Зайд Саидов дар ҳоли ҳозир хуб аст ва замоне ки ӯ бо ӯ гуфтугӯ дошт, аз ягон мавриди бадрафторӣ ё шиканҷа аз ҷониби мақомоти Ожонси мубориза бо фасод шикоят накардааст. Ӯ афзуд, барои тафтиши парванда шояд як гурӯҳи муштараки тафтишотӣ зери назари додситонии кулл ташкил шавад, чунки иттиҳомоти зидди ӯ моддаи 170(бисёрзанӣ)-ро низ дар бар мегирад, ки тафтиши чунин қазияҳо дар салоҳияти додситонии кулл аст, на Ожонси мубориза бо фасод.
Қаблан вакил дигари Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи дигари раҳбари Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав ба Озодӣ гуфт, муваккили ӯро тибқи танҳо моддаи 319, банди 4(порагирӣ) гумонбар медонанд ва ҳукми боздошти ӯ шоми 20 май бар асоси ҳамин иттиҳом содир шудааст.Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон рӯзи 19 май, ба дунболи боздошти Саидов эълон карда буд, ки ӯ ба порагирӣ, қаллобӣ ва сӯиистифода аз мақом айбдор мешавад.
Аз барномаи ТВ то китобча
Оқои Қудратов гуфт, онҳо субҳи 22 май изҳороти вижаеро дар робита ба пахши гузориши телевизионҳои давлатӣ дар бораи Зайд Саидов низ ба дасти мақомот хоҳанд супурд. Вакилони мудофеъ нашри ин барномаро, ки шоми 20 май нашр шуд, як навъи таъсир ба раванди тафтишот медонанд ва мегӯянд, гунаҳкор будан ё набудани Саидовро танҳо додгоҳ муайян хоҳад кард.
Бо ин ҳол, ба дунболи пахши он барномаи телевизионӣ рӯзи 21 май дар кӯчаҳои Душанбе китобчае бо номи “Иллати миллат: Зайд Саидов кист ва чаро майдони сиёсӣ меҷӯяд?”-ро паҳн кардаанд. Дар ин китобчаи 7-саҳифаӣ Зайд Саидов яке аз гунаҳкорони асосии ҳаводиси хунини солҳои 90 муаррифӣ ва ба серзанӣ, ҷамъ овардани сарвати зиёд айбдор мешавад. Хабарнигори Озодӣ дар Душанбе мегӯяд, ин китобча бознашри мақолае бо айни ном аст, ки рӯзи 16 май ҳафтаномаи "Тоҷикистон" нашр кард.
Ҳамин тавр, кофтукоби корхонаҳои марбут ба Зайд Саидов рӯзи 21 май ҳам идома доштааст.Ба гуфтаи пайвандони соҳибкори боздоштшуда, маъмурони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон рӯзи 21 май бӯстонсарои марбут ба Саидов дар дараи Варзоб ва корхонаи ҷавоҳиротсозии "Алмаз-Азия"-ро, ки дар ҳоли ҳозир фаъол нест, кофтукоб кардаанд. Ба гуфтаи як манбаъ, муфаттишон Маҳмудҷон Қосимов - муовини собиқи вазири шуғли аҳолӣ ва узви гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони навро низ бозпурсӣ кардаанд.
Рафтанҳову омаданҳо
Ахиран боз 3 узви ин гурӯҳ - Шавкат Бозоров, раиси Анҷумани менеҷерони миллии Тоҷикистон, иқтисодшинос Баҳодур Баҳодуров ва Сангинбой Сангинов, узви академияи илмҳои кишоварзӣ ҳизби Тоҷикистони навро тарк кардаанд. Қаблан Ҷамшед Ҳафизов, муовини раиси ширкати "Тоҷ-Сохтмон-Байналмилал" ва Абдураҳим Алиев, раиси Анҷумани истеҳсолкунандагон ва соҳибкорон низ аз ин гурӯҳ рафтанд. Аммо ба дунболи боздошти раҳбари гурӯҳи ташаббускор Зайд Саидов профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров ва коргардони маъруф Барзу Абдураззоқов ба Тоҷикистони нав пайвастаанд. Аз аъзои қаблии Гурӯҳи ташаббускор худи Зайд Саидов, Маҳмудҷон Қосимов, Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон ва Мавҷуда Соҳибназарова, рӯзноманигори мустақил дар сафи Тоҷикистони нав боқӣ мондаанд.
Мақомоти Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон шоми 20 май ба вакилони дифоъи Зайд Саидов эълон кардаанд, ки ӯ дигар расман таҳти боздошт қарор дорад. Маъмурони Ожонси мубориза бо фасод рӯзи 20 май асноди як манзили Саидов дар маркази шаҳр ва як ҳавлӣ дар наздикии бемористони "Ёрии таъҷилӣ"-ро тафтиш ва манзили аввалиро кофтукоб кардаанд. Аммо дар мавриди ҳавлӣ, ки як ширкати амрикоӣ иҷора мешинад, танҳо бо тафтиши аснод иктифо кардаанд.
Рӯзи 19 май низ мақомот як манзили Зайд Саидов дар маҳаллаи Шоҳмансур, утоқи кории ӯ дар маркази тиҷоратии "Соҳибкорон" ва манзилҳои чанд хешовандаш дар кӯчаи Қаротегинро кофтукоб кардаанд. Ба гуфтаи пайвандонаш, мақомот рӯзи 19 май аз утоқи кории Саидов 5 компутару ду баста ҳуҷҷат ва 20 000 доллар пули нақдро бурда, мошинҳои соҳибкор ва фарзандонашро низ "ҳабс" кардаанд. Ба гуфтаи яке аз наздикони соҳибкор, манзилҳои ҷамъе аз хешовандони Зайд Саидов дар як рустои воқеъ дар маҳаллаи Нефтянник дар канори шарқии Душанбе низ тафтиш шудааст.
Рӯзи 20 май Зайд Саидовро дар ҳузури вакилаш Фахриддин Зокиров бо Низомхон Ҷӯраев - мудири пешини корхонаи кимиёвии Исфара рӯбарӯ кардаанд. Ба гуфтаи Зокиров, Ҷӯраев муваккили ӯро ба гирифтани пора ба маблағи 100 000 доллар муттаҳам мекунад, вале Саидов инро радд кардааст.
Телевизиони давлатии Тоҷикистон шоми 20 май гузориши муфассалеро дар бораи корхонаҳои марбут ба Зайд Саидов ва наздикони ӯ нашр кард.Дар ин гузориш Зайд Саидов ба қаллобӣ, ришвахорӣ ва аз худ кардани маблағҳои бузург, аз ҷумла дар замони ифои вазифаи вазир айбдор мешуд.
Зайд Саидов соати сеи шаби 19 май баъди бозгашт аз сафар дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд. Рӯзи 20 май маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе бо аксарияти оро дахлнопазирии вакилии ӯро бекор кард. Як вакили Маҷлиси шаҳр ба Озодӣ гуфт, дахлнопазирии Саидов бо пешниҳоди муовини додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидов лағв шуд. Худи Саидов дар ин иҷлосия, ки пушти дарҳои баста гузаштааст, ширкат надошт.
"Қазия сирф сиёсист"
Шӯрои сиёсии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) рӯзи 20 май боздошти Зайд Саидовро як амали сирф сиёсиву ҳадафмандона хонд.«Суоли аслӣ ин аст, ки чаро Зайд Cаидов пас аз он ки дар бораи таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав эълон кард, мавриди таъқиб ва боздошт қарор гирифтааст?», омадааст дар баёнияи Шӯрои сиёсии ҲНИТ. Ба бовари ин ташаккули умдаи мухолифин, «чунин тарзи бархӯрд нобовариро дар ҷомеъа нисбати давлат бештар мекунад. Душмантарошию айбҷӯӣ дар гузашта кишварро ба ҷанг кашида буд ва набояд ба амалҳои носанҷида роҳ дод.»
Шоми якшанбе раиси ҳизби сотсиал-демократ Раҳматуллоҳ Зоиров дар як нома ба шаҳрдори Душанбе аз Муҳаммадсаид Убайдуллоев хост, ки ба қазияи Зайд Саидов, ки вакили маҷлиси пойтахт аст, дахолат кунад. Ба бовари оқои Зоиров, боздошти Зайд Саидов ва бозҷӯии дафтару кору манзилҳои ӯ, ки рӯзҳои 11 ва 19 май анҷом шуданд, мақоми дахлнопазирии вакилии ӯро поймол мекунад, ки ғайриқонунист. Вале шаҳрдори Душанбе ҳанӯз ба ин муроҷиати Раҳматуллоҳ Зоиров вокунише нишон надодааст.
Баҳси дахлнопазирӣ
Боздошти Зайд Саидов, ки ба унвони вакили маҷлиси шаҳрӣ аз ҳаққи дахлнопазирӣ бархӯрдор буд, аз тарафи ҳуқуқдонҳои мустақил муғойир ба қонунгузориии Тоҷикистон қаламдод мешавад.
Ашӯрбой Имомов, ҳуқуқдони тоҷик боздошти Зайд Саидов, соҳибкори тоҷик ва раҳбари гуруҳи ташабускори ҳизби нави «Тоҷикистони нав» -ро аз лиҳози ҳуқуқӣ ғайриқонунӣ медонад.Ба таъкиди ҷаноби Имомов, Зайд Саидов депутат ё вакили маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе аст ва бар асоси қонун «то замоне, ки ин маҷлис иҷозат надиҳад, ҳеҷ ниҳоде ҳақ надорад, ӯро ба ҷавобгарӣ кашад». Ин ҳуқуқдони тоҷик гуфт, «дар қонун омадааст, то замоне ки мақомоти намояндагие, ки шахс вакили он мақомот аст, иҷозат надиҳад, на танҳо ҳабс, балки ба ҷавобгарӣ кашидан низ мумкин нест.»
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад