500 шахсияти қудратманди ҷаҳон. Аз Тоҷикистон касе нест

Дар феҳристи 500 шахсияти ҷаҳон номи Оятуллоҳ Хоманаӣ ва Ҳомид Карзай ба чашм мехӯрад.

Маҷаллаи амрикоии Foreign Policy феҳристи 500 тан аз қудратмандтарин шахсиятҳои ҷаҳонро мунташир кардааст.
Дар ин феҳрист, ки бо истифода аз маълумоти манобеи мухталиф, чун маҷаллаи Форбес, рӯзномаи Wall Street Journal ва муассисаи Томсон Ройтерз ҷамъоварӣ шудааст, қудратмандтарин шахсиятҳои ҷаҳон бар асоси меъёрҳои сиёсат, ҷанҷолофаринӣ, қудрати низомӣ, пул, тавони фикрӣ ва мавқеи хубу буд», дастабандӣ шудаанд. Ин маҷалла дар мавриди вижагиҳои афроди қудратманди феҳристи худ, тавзеҳи зиёд надодааст.

Дар ин феҳрист, ки шахсиятҳои мухталиф дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, мазҳабӣ ва илмӣ қарор доранд, Амрико бо доштани беш аз 140 шахсияти қудратманд, дар садри ҷадвал аст. Foreign Policy таъкид кардааст, ки ҷамъоварии феҳристи 500 нафари қудратмандтарин афроди ҷаҳон ба ин маъно аст, ки дар ҳар 14 миллион нафар, як фарди қудратманд вуҷуд дорад.

Дар ин феҳрист номи сиёсатмадороне чун Саид Алии Хоманаӣ, раҳбари ҷумҳурии исломии Эрон, Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, Бан Ки Мун, дабири кулли СММ, Катрин Аштон, раиси умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ба чашм мехӯранд.

Дар айни ҳол номи Билл Гейтс, аз бунёдгузорони Мicrosoft, Лари Печ аз бунёдгузорони Google, Марк Зуккерберг, бунёдгузори Facebook ва Тим Кук, аз мудирони ширкати Apple, дар ин феҳрист қарор доранд.

Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардони Фаластин, Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср, Далай Лама, раҳбари буддоиёни Тиббет, Набил Ал-Арабӣ, дабири кулли Иттиҳодияи Араб, Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё, Шоҳкарим Оғохон, раҳбари исмоилиёни ҷаҳон аз дигар афроде ҳастанд, ки номашон ба унвони қудратмандтарин шахсиятҳои ҷаҳон дар ин феҳрист омадааст.

Дар ин феҳрист аз ҷумҳурии Исломии Эрон панҷ нафар, аз ҷумла Саид Алии Хоманаӣ ва раиси иттилооти Эрон Ҳайдар Муслиҳӣ шомил мебошанд. Аз кишварҳои шӯравии собиқ дар ин феҳрист ба ҷуз чанд тан аз Русия, номи касе ба чашм намехӯрад.