Кумитаи радиову телевизион мақомоти интизомии Кӯлобро қадрдонӣ кард.
Кумитаи Радио ва телевизиони назди ҳукумати Тоҷикистон ба бархе аз раҳбарони мақомоти интизомии Кӯлоб ва мудири молияи ин шаҳр «барои дар сатҳи олӣ баргузор кардани маъракаи истиқбол аз президент» «Ифтихорнома» тақдим кардааст.
Ин ифтихорномаҳоро Абдуғаффор Раҳмонов, шаҳрдори Кӯлоб ҳангоми таҷлил аз ҷашни «Рӯзи парчам» ба раҳбарони ШКД, КДАМ ва намояндагони дигари мақомоти интизомӣ дар шаҳру минтақаи Кӯлоб супурд. Шаҳрдори Кӯлоб, ки ҳамзамон ба ин афрод «Сипоснома»-и ҳукумати Кӯлобро месупурд, гуфт, «воқеан, намояндагони мақомоти қудратӣ ҳангоми пешвози Ҷаноби олӣ вазифаҳои касбии худро хеле хуб анҷом доданд».
Супурдани сипосномаву ифтихорнома аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ ба масъулони соҳаҳои гуногун як кори маъмулии қадрдонӣ ба ҳисоб меравад, аммо бори аввал аст, ки Кумитаи Радио ва телевизиони назди ҳукумати Тоҷикистон чунин иқдом мекунад.
Намозалӣ, як корманди Идораи ободонии Кӯлоб мегӯяд, додани ифтихорнома ба намояндагони мақомоти қудратӣ аҷиб нест, аммо ба мудири молияи шаҳр додани ифтихорнома, ки дар шабу рӯзи анҷоми сафари президент маоши думоҳаи беш аз сад нафар кормандони Идораи комуналӣ ва ободониро пардохт накарда буд, ҷои ҳайрат аст.
- Мо ҳар рӯз барои маошамон мерафтем, аммо мегуфтанд, ки аз молия пул нагузаронидаанд. Дар Идораи молия мегуфтанд, ки раис нест. Қариб ду-се моҳ маош нагирифтем. Боз имрӯз мегӯянд, ки раиси молия дар пешвози президент саҳм гузоштааст. Саҳми асосиро мо гузоштем, ки бе маош тозагиии шаҳрро барои омадани президент нигоҳ доштмем, - гуфт ин сокини Кӯлоб.
Раҳмон Одинаев, сардори шӯъбаи хазинадории Райёсати молияи шаҳри Кӯлоб вуҷуди чунин мушкилро тасдиқ кард ва гуфт, "воқеан, чунин мушкиле вуҷуд дошт, аммо масъала марбут ба Идораи молия набуд". Ӯ гуфт: «Ба ин ду идора мувофиқи санадҳои иҷроиши корҳо мо маблағ ҷудо мекунем. Яъне, инҳо ба идораҳои давлатӣ чи қадар хизмат кардаанд, пешниҳод мекунанд, мо мабалғашонро пардохт мекунем. Ба мо онҳо ҳуҷҷатҳои лозимиро дертар пешниҳод карданд. Инҳо худ маблағгузор ҳастанд ва бояд аз дигар ҳисоб маоши кормандонашонро пардохт мекарданд ва ду моҳ таъхир намешуд.»
Аммо кормандони Идораи ободонӣ ва коммуналии шаҳри Кӯлоб мегӯянд, ҳама вақт онҳо маошҳояшонро ба таъхир дастрас мекунанд ва дер гирифтани маош хоси идораҳои онҳо шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки бидуни маош кормандони ин идораҳо барои пешвози президент ду мо шабонарӯзӣ ба кор ҷалб шуда буданд.
Президенти кишвар аз 27 то 29-уми октябр, дар остонаи интихоботи президентӣ ба минтақаи Кӯлоб сафари корӣ анҷом дода буд.

- Бо супурдани ифтихорномаҳо бори дигар ташаккури худро мерасонам, ки ҳамаи чорабиниҳои шаҳрӣ бо кӯмаку дастгирии шумо дар сатҳи хуб мегузарад, - гуфт Раҳмонов.