Корхона ҳаст, аммо нахи пахта нест

Корхонаи ресандагии "Спитамен - Текстайлз", аз бузургтарин корхонаҳои риштабофии шимоли Тоҷикистон, ки бинобар надоштани ашёи хом чаҳор моҳ аз кор монда буд, аз нав фаъол шуд. Дар ин давра ҳудуди 150 коргари ин корхона бекор ва дар рухсатии бемузд буданд. Корхонаҳои дигари коркарди нахи пахта дар шимоли Тоҷикистон низ ба мушкили дастрасӣ ба ашёи хом рӯ ба рӯянд.

Ҳозир дар Тоҷикистон нахи пахта ноёб аст. Корхонаҳои коркард захира надоранд ва ночоранд, ки коргарони худро ба рухсатии бемузд фиристанд

Абдулқодир Бақоев, сардори корхона, рӯзи 10 май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки корхона дубора фаъол гардид, вале барои идомаи кораш ба ашёи хом ниёз дорад. Ӯ гуфт, "ҳозир 150 тонна нахи пахта гирифтем. Дар ҳеҷ ҷо пахта намондааст, барои ҳамин аз чандин ҷо кам-кам харидем, сифату нархаш ҳам фарқ мекунад."

Абдулқодир Бақоев афзуд, як тонна нахи пахтаро охири соли гузашта бо нархи 1 ҳазору 300 доллар, вале акнун ба 1 ҳазору 600 доллар харидаанд.

"Спитамен-Текстайлз", воқеъ дар ноҳияи ҳамном соли 2009 ба кор оғоз карда, иқтидори солонаи коркарди ҳудуди 3,5 ҳазор тонна нахи пахтаро дорад. Дар вилояти Суғд 7 корхонаи ресандагӣ ҳаст ва бузургтарини онҳо "Олими Каримзод" ва "Спитамен-Текстайлз" мебошанд. Як масъули корхонаи "Олими Каримзод", воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳ низ гуфт, ин корхона захираи нахи пахта надорад ва фаъолияти доимиаш то тирамоҳ зери суол аст.

Хушбахти Файз, коршиноси маҳаллӣ, мегӯяд, мушкили аслии корхонаҳои коркарди нахи пахта ин аст, ки имкони молии харид ва захираи нахи пахтаро надоранд. "Ҳозир дар Тоҷикистон нахи пахта ноёб аст. Корхонаҳои коркард захира надоранд ва ночоранд, ки коргарони худро ба рухсатии бемузд фиристанд", - гуфт ӯ.

Қисмати умдаи нахи пахтаи тоҷик ба кишварҳои хориҷӣ содир мегардад.

Абдулқодир Бақоев, сардори корхонаи "Спитамен - Текстайлз", роҳҳали ин мушкилро дар захира намудан нахи пахта барои коркарди дохилӣ мебинад. Ӯ мегӯяд, "нахи пахта - аз моҳи феврал то сентябр - барои ҳафт моҳ ноёб мешавад. Ҳукумат барои ҳамин давра нахи пахтаро барои коркарди доихлӣ захира кунад, мо онро мехарем. Ин як дастгирии корхонаҳои дохилии коркарди пахта мегардад."

Зимнан, нахи пахта ба корхонаҳои дохили Тоҷикистон низ бо нархи ҷаҳонӣ фурӯхта мешавад.

Дар бораи онки ҷиҳати дастгирии корхонаҳои коркарди нахи пахта чӣ корҳо ба анҷом расонда мешавад, раҳбари бахши саноат ва энергетика дар ҳукумати Суғд Озифхон Шарифзода аз ибрози назар худдорӣ кард.

Ин дар ҳолест, ки Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд дар як суҳбати қаблиаш бо хабарнигорон гуфта буд, ки соли 2015 корхонаҳои коркарди нахи пахта дар шимоли Тоҷикистон, ҷиҳати дастрасӣ ба ашёи хом дучори мушкил буданд. Вале моҳи июли соли 2016 ҳукумат андози 10-фоизаи фурӯши нахи пахта барои коркарди дохилиро аз байн бурд ва корхонаҳои ресандагии минтақа ҷон гирифтанд. "Мо бовар дорем, ки имсол дар соҳаи саноати сабуки ресандагӣ як тағйироти куллии мусбат мешавад", - афзуд ӯ.

Тоҷикистон як кишвари кишоварзӣ маҳсуб меёбад, ки умдатан рӯи пахтакорӣ тамаркуз дорад. Бар пояи омори расмӣ, дар ин кишвар солона беш аз 100 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол мешавад ва танҳо 7-8 дар сади он дар дохили кишвар мавриди коркард қарор мегирад.

Вилояти Суғд 7 корхонаи ресандагӣ дорад ва ин корхонаҳо соли гузашта ҳудуди 5 ҳазору 500 тонна нахи пахтаро мавриди коркарди аввалия қарор додаанд. Вале қисмати умдаи нахи пахтаи тоҷик ба кишварҳои хориҷӣ содир мегардад. Мушкили аслии корхонаҳои коркарди нахи пахта дар Тоҷикистон қимат будани ашёи хом ва ҳамчунин дастрас набудани он аст.