"Тетис Петролиум" дар Тоҷикистон конҳои азими нафт ёфтааст

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, изҳороти ширкати бритониёӣ бояд санҷида шавад.
Саридораи Геологияи Тоҷик баёнияи ширкати «Тетис Петролиум»-и Бритониёро, ки захоири нафту гази Тоҷикистонро беҳад азим ё «супергигант» арзёбӣ кардааст, як навъ пешгӯӣ аз тарафи ин ширкат ҳисобид ва онро зери шубҳа қарор дод.

Девид Робсон, мудири кулли ширкати “Тетис Петролиум” ахиран бо пахши як баёния захираҳои нафту гази Тоҷикистонро дар ҳавзаи Амударё ба захоири Туркманистон, ки дар ҷаҳон дар ҷои дуввум қарор доранд, тақрибан баробар донистааст.

Дар ин баёния гуфта мешавад, бино бар пажӯҳишҳо захоири гази Тоҷикистон ба 3 миллиарду 228 миллион метри мукааб баробар буда захоири нафт ва гази моеи он беш аз 8,5 миллиард бушкаро ташкил медиҳад.

Вале Азим Иброҳим, раиси Саридораи Геология тоҷик, дар робита ба баёнияи «Тетис Петролиум» гуфт, ки ин як пешгӯӣ аст ва он вақт ба ин рақамҳо мешавад бовар кард, ки агар ширкати мазкур дар нуқтаҳои нафту гази таҳти назораташ марҳилаи пармакунӣ ва сӯрохкунии қабати намаки заминро анҷом диҳад:

«Далелҳое, ки ин ширкат пеш овардааст, албатта назариявӣ ҳастанд, чунки барои пешниҳод кардани вазъи дақиқи захоири нафту гази Тоҷикистон бояд ин ширкат корҳои пармакуниро анҷом медод. Вале маълум аст, ки инҳо маълумоти назариявӣ ҳастанд ва тавре иддаъо шудааст, ки гӯё ин захоир дар зери замин ҷой дорад. Ин гуна пешгӯӣ дар замони шуравӣ садо дода буд ва пешинҳод шуда буд. Ҳоло мо танҳо аз тариқи матбуот аз ин хабар огоҳӣ пайдо кардем ва дар рӯзҳои наздик аз ин ширкат хоҳиш мекунем, ки ба Шӯрои баррасии вазъи захоири нафту гази идораи мо асноди худро пешинҳод кунанд. Мо мехоҳем фаҳмем, ки далели инҳо чӣ аст».

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, ширкати "Тетис Петролиум" барои таҳқиқи 56 захираи эҳтимолии нафту газ дар ҷанубу ғарби кишвар иҷозаи расмӣ гирифтааст, ки 90 дар сади чунин манобеъро ташкил медиҳад.

Тирамоҳи соли гузашта “Тетис Петролиум” хабар дод, ки баҳрабардорӣ аз чоҳи Бештинтокро сар кардааст. Ҳамчунин дар моҳи маи соли равон он тавонист дар минтақаи Олимтой қабати заминро то чуқурии 3,5 ҳазор метр парма карда ба яке аз захираҳои нафт даст ёбад. Қарор аст, имсол чунин амалиёт дар чоҳҳои Ренган, Қашқокум, Ялгизкак, Саргазон дар ҷанубу шарқи кишвар ҷараён ёбад.

Зимнан, Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, ки бо кӯшишу талоши ширкати бритониёии “Тетис Петролиум” даҳҳо чоҳҳои нафту гази Тоҷикистон барқарор карда шуда ва баъзе аз онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Аз ҷумла, чоҳи Бештинток яке аз онҳо ба шумор меояд.

Бахтиёр Мӯъминов, намояндаи Шӯрои баррассии чоҳҳои нафту гази назди саридораи геологияи Тоҷикистон мегӯяд, ки ширкати “Тетрис Петролиум” ҳоло чоҳи Балҷувон воқеъ дар ҷануби кишварро омода кардааст ва феълан марҳилаи таъмиру тармими он меравад. Вай гуфт, дар ҳоли ҳозир ширкати мазкур ба омӯзиши манбаъҳои нафту гази Тоҷикистон идома медиҳад:

«Дар Балҷувон як чоҳро мавриди иктишоф қарор дода омода карда буданд. Ҳоло онҳо ҳамаҷониба ба омӯзиш давом медиҳанд ва корҳои иктишофиро анҷом медиҳанду мехоҳанд бидонанд, ки захории нафту газ ба чӣ андоза дар ин минтақа вуҷуд дорад.»

Ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, бо талошу кӯшиши ин ширкат тақрибан 15 чоҳи гази Хоҷасартез дар Кӯлоб бозсозӣ шуда, то чанд муддат мавриди баҳрабадорӣ қарор меёбад.

Ширкати “Тетис Петролиум” тибқи як созишнома бо ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2006 ба ин тараф дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон дар шимолу ҷануб ва маркази кишвар ба иктишофу омӯзиши захоири нафту гази ин кишвар машғул аст ва тақрибан беш аз 60 манбаи нафтугази Тоҷикистонро тибқи қарордоди расмӣ дар ихтиёр дорад.