30 кушта ва 50 захмӣ дар ҳамлаи интиҳории Ҳилманд

Бар асари таркиш дар назди бинои як бонк дар шаҳри Лашкаргоҳ -- маркази вилояти Ҳилманд дар ҷануби Афғонистон, 30 нафар ҷон бохта ва беш аз 50 тани дигар, захмӣ шудаанд. Умар Звок, сухангӯи раиси вилояти Ҳилманд ба Радиои Озодӣ гуфт, ки таркиши интиҳорӣ пеш аз зӯҳри панҷшанбеи 22-юми июн замоне рух дод, ки сарбозон барои дарёфти моҳонаи худ дар остонаи Иди Фитр, дар назди шӯъбаи нави "Кобулбонк", саф кашида буданд.

Ҳоҷӣ Мавлодод Тавбагар, як масъули идораи тандурустӣ дар Ҳилманд гуфт, ки баъд аз ҳамла, ба бемористони шаҳрӣ 25 ҷасад ва ҳамчунин 60 захмӣ интиқол дода шудааст. Дар миёни қурбониён афроди ғайринизомӣ, кормандони шӯъбаи "Кобулбонк" ва шуморе аз нерӯҳои амниятӣ, низ ҳастанд.

Як манбаи дигари амниятӣ гуфтааст, ки эҳтимолан омори кушташудаҳо афзоиш ёбад, зеро вазъияти шуморе аз захмиёни ин ҳодиса хуб нест. Ба гуфтаи Муҳаммад Карим Атал, узви шӯрои вилоятии Ҳилманд, таркиш дар пайи тирандозӣ дар бонк, сурат гирифтааст.

То ба ҳол ҳеҷ гурӯҳи масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Аммо дар гузашта Толибон ва гурӯҳи "Давлати исломӣ" бонкҳоеро, ки сарбозон ва кормандони давлатӣ маоши худро аз онҷо дарёфт мекарданд, ҳадаф қарор дода буданд. Аз ҷумла, моҳи гузашта дар як ҳамла ба бонке дар шаҳри Гардез дар шарқи Афғонистон, се нафар кушта ва шуморе маҷрӯҳ шуда буданд.

Ҳилманд яке аз ноамнтарин вилоятҳо Афғонистон ба шумор меравад ва гурӯҳи Толибон 80 дарсади қаламрави ин вилоятро дар ихтиёр доранд. Ҳамлаи Лашкаргоҳ дар ҳоле рух дод, ки ахиран Созмони Милали Муттаҳид ва вазорати дифои Амрико аз вахим шудани вазъ дар Афғонистон, ҳушдор доданд.

Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон рӯзи 21-уми июн бо нашри як гузориш гуфт, ки вазъ дар Афғонистон ҳанӯз "бесубот" аст. Ба гуфтаи СММ, oамлаҳои хунини чанд моҳи ахир, аз ҷумла ҳамла дар минтақаи дипломатнишини шаҳри Кобул, ки боиси қатли беш аз 150 нафар шуд ва чанд ҳамлаи хунбори дигар, далели ноамниҳои рӯ ба афзоиш дар Афғонистон мебошад.

Тибқи гузориши Созмони Милали Муттаҳид, аз 1-уми март то 31-уми майи соли ҷорӣ, 6252 ҳодиса ва даргириҳо сурат гирифтааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта, 2 дарсад зиёд мебошад. Вазъ дар минтақаҳои шарқӣ ва ҷанубии Афғонистон боз ҳам хатарноктар мебошад ва дар инҷо ноамниҳо назар ба ҳамин давраи соли гузашта, 22 дарсад афзоиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, вазорати дифои Амрико ҳушдор додааст, ки Афғонистон бо хушунатҳои мусаллаҳонаи афзоянда, рӯбарӯ мебошад. Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки ҳукумати Афғонистон контроли Кобул, бештари маркзаҳои аҳолинишин, шоҳроҳҳои калидӣ, марказҳои вилоятҳо ва бештари марказҳои ноҳияҳоро дар ихтиёр дорад.

Ба пояи ин гузориш, Толибон барои маркази ноҳияҳо рақобат мекунанд, маркази вилоятҳоро таҳдид менамоянд ва ба таври муваққат дар бархе манотиқ, назири Кундуз ва Ҳелманд, роҳҳои иртибототиро соҳибӣ мекунанд.