Бар асоси афве ки дар поёни соли 2014 дар Узбакистон ба муносибати солгарди 22-юми тасвиби Қонуни асосии ин кишвар қабул шуда буд, 42 маҳбуси хориҷӣ, аз ҷумла 10 шаҳрванди Тоҷикистон афв шудаанд. Вале даҳҳо шаҳрванди дигари Тоҷикистон ҳамчунон дар зиндонҳои Узбакистон боқӣ мемонанд.
Рӯзномаи “Новый век” рӯзи 5 март аз қавли раҳбарони идораи зиндонҳои вазорати корҳои дохилии Узбакистон хабар дод, ки дар чорчӯби ин қонуни афв “аз ҷумла 11 шаҳрванди Қазоқистон, 10 шаҳрванди Тоҷикистон ва 9 шаҳрванди Русия ҳам озод шуданд.”
Қонуни афви Узбакистон бояд дар маҷмӯъ 52 498 маҳбус ва афроди таҳти таъқибу тафтишро фаро бигирад. Аз ин миён 3 289 нафар бояд аз маҳбасҳо раҳо ёфта, мӯҳлати ҳукми бақия кам ваё парвандаҳои алайҳашон қатъ шавад. Аз ҷумла заноне ки бори аввал ҷиноят кардаанд, ҷинояткорони ноболиғ ва маҳбусони аз синни 60 боло ва ҳамчунин маҳбусони хориҷӣ бояд мавриди афв қарор бигиранд.
Аз соли 2005 ба ин тараф ҳаққи афви маҳбусон бо қарори раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов, ба Сенат – маҷлиси болоии парлумони ин кишвари Осиёи Марказӣ дода шудааст. Сенати Узбакистон аз соли 2005 ба ин тараф ҳар сол ба муносибати рӯзи тасвиби Қонуни асосӣ эълони афв мекунад.
Дар афви як сол қабли Узбакистон, ки беш аз 19 000 маҳбусро дар бар гирифт ва аз ҷумла 2095 зиндониро ба озодии комил расонд, 55 маҳбуси хориҷӣ аз зиндонҳои Узбакистон раҳо ёфтанд. Вале ин маҳбусон асосан аз 4 кишвар – Русия, Афғонистон ва Қазоқистону Қирғизистон – буданд ва афви соли 2013 ягон маҳбуси тоҷикистониро фаро нагирифта буд.
Шумори дақиқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар зиндонҳои Узбакистон маълум нест, вале ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, теъдоди онҳо ба даҳҳо нафар мерасад, Шаҳрвандони тоҷик дар ин кишвари ҳамсоя асосан бо ҷурмҳое, чун убури ғайриқонунии марз, қочоқи маводи мухаддир, ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои тундрав ва ҳамин тавр, теъдоде бо ҷурми ҷосусӣ ба фоидаи Тоҷикистон маҳкум ба зиндон шудаанд.
Яке аз онҳо Сулаймон Бӯриев, як сокини ҷамоати Фароби ноҳияи Панҷакент аст, ки дар тобистони соли 2013 ҳамроҳ бо 3 наврас ва падари 74-солааш ҳангоми алафдаравӣ дар як минтақаи баҳсии марзи Тоҷикистону Узбакистон дастгир шуд. Мақомоти Узбакистон 4 нафар аз ин “марзшикан”-ҳоро баъди чанд моҳ раҳо карданд, вале Сулаймон Бӯриев аз сӯи додгоҳи он кишвар ба 17 соли зиндон маҳкум шуд. Баъдан аз ҳукми ӯ 7 солро кам карданд, вале ӯ то ҳол дар маҳбаси Қизилтеппа адои ҳукм мекунад.
Маҳбуси дигари тоҷикистонӣ Саидқул Ашӯров, муҳандиси 49-сола аз Панҷакент аст, ки ба ҳайси муҳандиси калон дар Узбакистон дар ширкати бритониёии тилошӯии “Оксус Голд” кор мекард, вале дар моҳи августи соли 2011 бо гуноҳи ҷосусӣ ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯ худаш мегӯяд, ҳеҷ гуноҳе надорад ва қурбонии ҷанҷоли ҳукумати Тошканд ва ширкати “Оксус Голд” шудааст. Байни ин ширкати истихроҷи тилло ва ҳукумати Узбакистон қабл аз боздошти Саидқул Ашӯров ҷанҷол сар зад ва дар ниҳоят “Оксус Голд” Узбакистонро тарк кард.
Вазъи зиндониёни тоҷикистонӣ дар маҳбасҳои Узбакистон моҳи сентябри соли 2014 дар пайи расонаӣ шудани хабари ҳалокати Нилуфар Раҳимҷонова, ҳамсари блогнавис ва донишманди шинохта Саидюнуси Истаравшанӣ ва духтари рӯҳонии маъруфи тоҷикистонӣ Домулло Маъруфҷони Истаравшанӣ рӯ зад. Нилуфар Раҳимҷонова дар соли 2011 ҳангоми сафараш ба Узбакистон барои ширкат дар тӯйи бародараш дастгир ва бо ҷурми терроризм ба 10 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ӯ рӯзи 13 сентябри соли 2014 дар зиндони занонаи ноҳияи Янгиотаи Тошканд ба таври мармуз даргузашт. Ба ақидаи ҳомиёни ҳуқуқ, Раҳимҷонова дар Узбакистон бар асоси иттиҳомоти бофта зиндонӣ шуда буд.
Баъди даргузашти ӯ ҳомиёни ҳуқуқ боз аз як мавриди дигари ҳалокати маҳбусони тоҷикистонӣ дар зиндонҳои Узбакистон дарак ёфтанд. Бино ба иттилои Анҷуман(Ассосиатсия)-и ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ, генерали тоҷиктабор Зокир Ҳасанов ҳанӯз дар соли 2012 дар Тоштурма(зиндони сангин)-и Тошканд ба таври мармуз даргузаштааст. Генерал Зокир Ҳасанов дар Ленинобод, ҳоло Хуҷанд ба дунё омада, аслаш тоҷик буд, вале дар вилояти бо Афғонистону Тоҷикистон ҳаммарзи Сурхондарёи Узбакистон дар ҳайати нирӯҳои марзбонӣ хидмат мекард ва шаҳрвандии Узбакистонро дошт. Аммо дар соли 2011 генерал Ҳасанов боздошт ва ба ҷосусӣ ба фоидаи Тоҷикистон айбдор шуд.
Аммо достони аз ҳама аҷибу ғариби ҷосусӣ байни Тоҷикистону Узбакистон моҷарои ду сол пеши 3 «ҷосуси сабукпо»-е буд, ки дар вилояти бо водии Ҳисори Тоҷикистон ҳаммарзи Сурхондарёи Узбакистон бо ҷурми ҷосусӣ дастгир ва маҳкум ба зиндон шуданд.
Бино ба гузориши расонаҳои Узбакистон, гӯё ин се хонум - ду шаҳрванди Узбакистон Хуршида Бобоҷонова, Нигора Қодирова ва як узбактабори шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Марҳамат Пӯлотова «бо истифода аз сабукпоӣ» ва асосан тавассути алоқаҳои ҷинсӣ бо афсарони артиш ва нирӯҳои марзбонии Узбакистон дар минтақаи Сурхондарё маълумотҳои махфиро барои Тоҷикистон ҷамъоварӣ мекарданд. Додгоҳи Узбакистон дар тобистони соли 2013 ин се занро барои ҷосусӣ 14-солӣ ҳукми зиндон дод.