Оғохони 4 дар миёни даҳ шоҳзодаи сарватманди ҷаҳон

Шоҳкарим Ал-Ҳусайнӣ, раҳбари исмоилиёни ҷаҳон, ки муқими Фаронса аст, дар феҳристи 10 шоҳзодаи сарватманди ҷаҳон қарор дорад.

Маҷаллаи "Time" феҳристи даҳ шоҳзодаи сарватманди дунёро нашр кардааст, ки аксари онҳо дар ҷаҳони ислом ба сар мебаранд.

Аксари даҳ шоҳзодаи сарватманди ҷаҳон, ки маҷаллаи "Тime" онҳоро аз рӯи дороияшон раддабандӣ кардааст, аз кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форсанд. Дар миёни онҳо ҳамчунин номи Шоҳкарим Ал-Ҳусайнӣ, маъруф ба Оқохони IV, ки дар Тоҷикистон низ пайравони зиёд дорад, дида мешавад. Бар пояи баровардаҳои "Time", дар садри ин феҳрист, Бумибол Адулядеҷ, шоҳи Тайланд бо 30 миллиард доллар сармоя қарор дорад.

1. БҲУМБОЛ АБУЛЯДЕҶ, ПОДШОҲИ ТАЙЛАНД

Бҳумибол Адулядеҷ дарозумртарин шоҳ дар таърихи Тайланд, бо 30 миллиард дороӣ дар садри сарватмандтарин шоҳзодаҳои дунё қарор дорад. Дороиҳои шоҳи Тайланд аз ҷониби Crown Property Bureau танзим мешавад. Ӯ ба шумули ин дороӣ, ҳамчунин дар маркази шаҳри Бангкок ҳудуди 3000 ҳектар замин дорад ва ҳамчунин молики як корхонаи семент ва як бонки тиҷоратӣ аст. Ӯ ҳамчунин бузургтарин тиҷорати сангҳои қиматбаҳо дар ҷаҳонро мечархонад.

2. ҲАСАНАЛ БОЛКИАҲ, СУЛТОНИ БРУНЕЙ

Ба навиштаи "Форбс", сарвати султони Бруней Ҳасанал Болкиаҳ дар соли 2011 зиёда аз 20 миллиард долларро ташкил медод. Дороӣ ва сармояи ӯ аз бахши коркард ва истихроҷи газу нафти он кишвар ба даст омадааст. Султони Бруней бо доштани қасру кӯшкҳо машҳур аст ва иқоматгоҳи ӯ бо номи "Истана Нурул Имон" яке аз бузургтарин қасрҳои ҷаҳон ба шумор рафта, 350 миллион доллар аст.

3. АБДУЛЛОҲ БИН АБДУЛАЗИЗ, ПОДШОҲИ ПЕШИНИ САУДӢ.

Ба гузориши "Форбс", ҳаҷми дороиҳои подшоҳи пешини Арабистони Саудӣ ҳудуди 18 миллиард долларро ташкил медод ӯ савумин подшоҳи сарватманди ҷаҳон буд. Малик Абдуллоҳ дар 23 январи соли ҷорӣ аз дунё гузашт ва тахтро ба бародараш Салмон вогузор кард. Дар соли 2005 ин кишвари саршор аз нафту газ ба бунёди як шаҳр ба номи Малик Абдуллоҳ оғоз кард, ки барои он 26 миллиард доллар сарф хоҳад шуд.

4. ХАЛИФА БИН ЗОИД АЛ-НАҲЁН, АМИРИ АБУ ЗАБӢ.

Халифа бин Зоид Ал-Наҳён, раиси ҷумҳури Имороти Муттаҳидаи Араб ва ҳамзамон амири Абу Забӣ дар ихтиёри худ 15 миллион доллар дороӣ дорад. Ӯ раҳбарии Созмони сармоягузории Абу Забиро ба ӯҳда дорад, ки захоири нафту гази Имороти Муттаҳидаи Арабро мудирият ва тазим мекунад. Захираҳои нафти он кишвар 500 миллиард доллар гуфта мешавад. Халифа бин Зоид Ал-Наҳён ҳамчунин бо фаъолиятҳои башардӯстона машғул буда ва чандин созмонҳои хайрияро таъсис дода ва бунёди беморхонаҳо дар дохил ва хориҷи он кишварро сармоягузорӣ кардааст.

5. МУҲАММАД БИН РОШИД АЛ-МАКТУМ, АМИРИ ДУБАЙ

Дорои Муҳаммад бин Рашид Ал-Мактум, нахуствазири Имороти Муттаҳидаи Араб ва амири Дубай ба навиштаи "Форбс" дар соли 2011 чаҳор миллиард доллар ҳисоб карда шудааст. Ин шоҳзода бо фаъолиятҳои хайрияи худ машҳур аст. Ӯ дар соли 2007 як муассисаи хайрияе бо номи худ ва бо сармояи 10 миллиард доллар таъсис дод, ки ҳадафи он, коҳиши фақр дар ҷаҳони араб будааст.

6. ҲАНС АДАМ II, ШОҲЗОДАИ ЛИХТЕНШТЕЙН

Ба навиштаи "Форбс", дар соли 2011 дороии Ҳанс Адам II, 3,5 миллиард доллар буд. Ӯ соҳиби Liechtenstein Global Trust – бузургтарин ширкати молиявии Аврупост. Шоҳзода Ҳенс Адам ба ҷамъоварии осори ҳунарии қадима машҳур аст ва онҳоро барои намоиш дар бархе аз осорхонаҳо шарик сохтааст.

7. ҲАМАД БИН ХАЛИФА АЛ-СОНӢ, АМРИ ПЕШИНИ ҚАТАР

Дороии Ҳаммод бин Халифа Ал-Сонӣ, амири пешини Қатар ва узви хонадони Ал-Сониро маҷаллаи "Форбс" дар соли 2011 наздики 2,4 миллиард доллар баровард кардааст. Боигарии ӯ аз як ниҳоди сармоягузорӣ дар Қатар, ки таъсис дода буд, ба даст омадааст. Шайх Ҳаммод ҳамчун муассиси бузургтарин шабакаи хабарӣ дар ҷаҳони араб – шабакаи телевизионии "Ал-ҷазира" мебошад ва барои он 137 миллион доллар ихтисос додааст.

8.АЛБЕРТ II, ПОДШОҲИ МОНАКО

Коршиносони маҷаллаи "Форбс" дар соли 2011 дороии Алберт II -- подшоҳи Монакоро наздик ба 1 миллиард ҳисоб кардааст.

9. ШОҲ КАРИМ АЛ-ҲУСАЙНӢ, РАҲБАРИ ИСМОИЛИЁНИ ҶАҲОН

Сарвати Шоҳзода Шоҳкарим Ал-Ҳусайнӣ ё Оғозони 4, раҳбари исмоилиёни ҷаҳон 800 миллион доллар шумориш шудааст. Ӯ дар минтақа ва ё кишвари муайяне ҳукумат намекунад. Дорои шоҳзода аз шабакаи меҳмонхонаҳо, ширкатҳои бима, бемористонҳо, бонкҳо дар қораи Африқо ва Осиё иборат аст.

10. ҚОБУС БИН САД АЛ-САИД, СУЛТОНИ УММОН

Қобус бин Саид Ал-Саид, султони Уммон, ба навиштаи "Форбс", дар соли 2011 наздик ба 700 миллион доллар дошт. Вай шахсан бахши газу нафти кишварро дар ихтиёр дорад. Султон Қобул шахсан бунёди чанд масҷиди бузург дар саросари он кишварро сармоягузорӣ кардааст.