Тибқи охирин оморҳо, дар Тоҷикистон 10 дарсади занҳо дар хона таваллуд мекунанд ва ҳар чорумин аз чунин таваллудҳо бидуни ҳузури табиб анҷом меёбад.
Маркази таҳқиқоти сотсиологӣ-иқтисодии «Стратегия» дар Душанбе бо кумаки созмони олмонии GIZ таҳқиқоти ҷадидеро дар бораи вазъи саломати модарони тоҷик анҷом додааст. Пажӯҳишгарони ин марказ мушкилоти модаронро дар ноҳияи Ёвон, 60-километрии ҷануби Душанбе таҳқиқ кардаанд. Маълум мешавад, 56 дарсади занҳои ҳомилаи ин минтақа дар бемористонҳо ва 44 дарсади дигар дар хона таваллуд мекунанд.
Фирӯз Саидов, таҳлилгари маркази «Стратегия» рӯзи 9-уми ноябр ба радиои Озодӣ гуфт, «нисфи пурсидашудаҳо дар ноҳияи Ёвон, гуфтанд, ки дар хона дар ҳузури табибон таваллуд кардаанд.» Ба гуфтаи ҷаноби Саидов ҳоло 80 дар сади занҳо чӣ дар хона ва чӣ дар таваллудхона дар ҳузури табибон таваллуд мекунанд.
Гузориши «Стратегия» сеюмин таҳқиқоти мушкили занҳои ҳомила дар Тоҷикистон дар солҳои охир аст. Ду чунин таҳқиқот бо дастгирии Ожонси омори Тоҷикистон, созмони USAID ва UNFPA дар солҳои 2005 ва 2012 анҷом ёфта буд. Таҳлилгарон таҳқиқоти қаблиро бо натиҷаҳои ин таҳқиқот муқоиса мекунанд, ки дар давоми 7 сол дар Тоҷикистон шумораи занҳое, ки бидуни ҳузури табибон ва дар хона таввалуд караанд, коҳиш ёфтааст.
Тавре Фирӯз Саидов, таҳлилгар, мегӯянд, дар баъзе минтақаҳо, хусусан шаҳрҳои калон вазъи саломати занони ҳомила рӯ ба беҳбудӣ овардааст, вале дар рустоҳо ҳоло ҳам чунин мушкилот зиёд аст. Вай гуфт, "Занҳои шаҳрнишин имкониятҳои зиёде доранд, ки дар беморхонаҳо таваллуд кунанд".
Ба гуфтаи ӯ, дар 10 соли охир шумори момодояҳо хеле кам шуда, дар 75 дарсади мавридҳои таваллуд дар шароити хона ба ҷойи момодояҳо аз хидмати табибон истифода мекунанд. Ба гуфти таҳлилгарон, мушкил дар таъмини минтақаҳо бо мутахассисон аст. Ба таври мисол, дар вилояти Суғд 20 дарсади таваллудҳо дар берун аз беморхонаҳо сурат гирифтааст. Вале дар вилояти Хатлон ин нишондиҳанда зиёд будааст ва аз ҳисоби умумӣ ҳар севумин зани ҳомила дар шароити хона таваллуд мекардааст. Ба гуфтаи Саидов, аз ҳама вазъи хуб дар вилояти Бадахшон будааст, ки ҳар даҳумин таваллуд дар ғайри беморхона сурат мегирифтааст.
Дар вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳарчанд ин мушкилро эътироф мекунанд, вале на он қадар муҳим медонанд. Тавре вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимов ба DW гуфтааст, таваллуд дар шароити хона дар водии Рашт зиёд будааст. Аммо ба ҳисоби миёна, ба гуфтаи вазири тандурустӣ, соли 2012 12 дарсади занҳои ҳомила дар кишвар дар хона таваллуд кардаанд ва имсол ин нишондод 10 дарсадро ташкил додааст.
Аммо чаро занҳо бо вуҷуди хатари зиёде ки дорад, боз ҳам дар шароити хона таваллуд мекунанд? Сабаби асосиро таҳлилгарон дар дур будани роҳ ва дастнорас будани беморхонаҳои марказии ноҳияҳо мебинанд. Таҳлилгар Фирӯз Саидов ҳам мушкили асоси манотиқи кӯҳистонро дар вазъи бади роҳҳо ва таъмин набудани марказҳои тиббӣ бо нақлиёти ёри таъҷилӣ мебинад. Сабаби дигари ин мушкилиро дар набудани мардон дар чунин хонаводаҳо медонанд, ки ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд. Вай ҳамчунин гуфт, ки аксари чунин занҳо дар бораи зери назорати табибон қарор гирифтани модару кӯдак иттилоъи кофӣ надоранд.
Ба гуфти мутахасиссон то соли 2015 то 90 дар сдаи занҳо дар ҳузури табибон таваллуд кунанд. Фирӯз Саидов гуфт муҳим нест, ки ҳамаи занҳо дар таваллудхонаҳо таваллуд кунанд, бигзор дар хона таваллуд кунанд, вале дар ҳузури табиб.
Масъулони соҳаи тандурустӣ, мегӯянд нисбати солҳои гузашта ҳоло аксари занҳо дар беморхона ва ё дар хона дар ҳузури табибон таваллуд мекунанд.