Боздошти 10 нафар дар Дарвоз бо гумони "тундгароӣ"

Шаҳркаи Қалъихум -- маркази ноҳияи Дарвоз.

Дар Дарвоз -- яке аз ноҳияҳои марзии Тоҷикистон бо Афғонистон ба қавли мақомот барои амалҳои ифротгароӣ 10 нафар боздошт ва се нафар аз онҳо барои таҳқиқ ба маркази вилояти Бадахшон шаҳри Хоруғ фиристода шудаанд.

Ба назари огоҳони умур, тайи чанд соли ахир ин нахустин ҳодисаи боздошти афрод дар ноҳияи Дарвоз ба ҷурми тундгароӣ мебошад.

Рӯзи шанбеи 5-уми май кормандони интизомӣ тайи як рейд дар маркази ноҳияи Дарвоз шаҳраки Қалъаихум ва деҳаҳои атрофи он афродеро, ки либоси монанд ба ҳоҷиён, яъне либоси сафеди дароз доштанд, боздошт намуданд. Мақомот мегӯянд, додгоҳ рӯшан хоҳад кард, ки гуноҳи аслии онҳо чист.

"Додгоҳ муайян хоҳад кард, ки ҷурми онҳо чист"

Заррина Мирзозода, муовини раиси ноҳияи Дарвоз рӯзи 7-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, афроди боздоштшуда аслан амали таблиғу ташвиқи тундагароӣ надоштанд ва аз 10 нафар, 3 тани онҳо ба Хоруғ бурда шуданд. Муовини раиси ноҳия афзуд, ки ҷурми се нафар танҳо баъди ҳукми додгоҳ маълум хоҳад шуд

Дарвоз бо Афғонистон марзи муштарак дорад.

"Он ҳафт нафар баъди пурсиш озод карда шуданд ва дар миёни се нафаре, ки ба Хоруғ ба мақомоти додситонӣ фиристода шудаанд, танҳо як нафар ҳоҷӣ буд ва дигарон аслан ба Русия ба муҳоҷират мерафтанд ва меомаданд",-афзуд Заррина Мирзозода. Ба қавли муовини раиси ноҳияи Дарвоз, ҳоло баъди ин ҳодиса "барномаҳои таблиғу ташвиқи зидди тундгароӣ" дар байни мардум ба роҳ монда хоҳад шуд.

Ба назари огоҳони умур, тайи чанд соли ахир ин нахустин ҳодисаи боздошти афрод дар ноҳияи Дарвоз ба гумони тундгароӣ мебошад. Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки имкон дорад баъди пахши хабари таҷаммӯи гурӯҳи Толибон дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон, мақомоти кишвар вазъро бештар таҳти назорат гирифтаанд.​

Мақомот дар Тоҷикистон солиёни охир сару либоси сокинонро назорат мекунанд ва мегӯянд, мухолифин ин ҳастанд, ки сокинон таваҷҷӯҳ ба либоси мазҳабии бегона дошта бошанд. Чунин назорат ҳам аз болои либоси занон ва ҳам мардоне ба роҳ монда шудааст, ки ба пӯшидани либоси мазҳабии ба қавли мақомот хилоф бо анъанаҳои миллӣ ва мазҳаби ҳанафӣ мебошанд.

"Гурӯҳҳои тундрав дар ҳар минтақае метавонад зуҳур кунад"

Аъзамшоҳи Ширговадӣ, коршиноси тоҷик мегӯяд, бори аввал аст бо пахши ин хабар дар бораи боздошти 10 нафар бо гумони тундгароӣ дар Дарвоз, аз эҳтимоли вуҷуди тундравӣ дар ин ноҳия огоҳ мешавад. Ин таҳлилгари тоҷик дар идома гуфт, ки ифротгаро будани ин афрод танҳо баъди баҳсу баррасиҳои додгоҳӣ маълум хоҳад шуд.

Аъзамшоҳи Ширговадӣ, коршиноси тоҷик.

"Аммо ин шабу рӯз мо наметавонем бигӯем, ҳатто дар минтақае, ки мардум маърифаташон баланд аст, тундгаро буруз карда наметавонад. Чунки кафолат нест, ки гурӯҳҳои тундрав дар куҷо, яъне дар кадом минтақа зуҳур мекунанд ва дар кадом минтақа аслан пайдо намешавад. Вале тайи ин чанд соли ахир дар мавриди пайвастани сокинони навоҳӣ дар кишвар бар рӯи санадҳои расмӣ дар Дарвоз танҳо як нафар ба қайд гирифта шудааст".

Ноҳияи Дарвози Тоҷикистон бо вулосволиҳои Куфоб, Шикай, Нусай, Моимай ва Дарвози болои вилояти Бадахшони Афғонистон тақрибан 200 километр ҳаммарз аст. Аҳолии Дарвози Афғонистон низ тоҷикон ҳастанд ва дар миёни сокинони ин минтақа гурӯҳи Толибон ва дигар созмонҳои ифротӣ нуфузе надоранд.