Театр. Саҳнае, ки ҷанҷол барангехт. ВИДЕО

Гушае аз намоишномаи "Наход, ки ман нестам"

Ҳунармандони театри Маяковский мегӯянд, ки бардошти бархе аз сокинон аз намоишномаи “Наход, ки ман нестам”, дуруст нест ва ҳадафи онҳо ҳаргиз тарғиби фаҳшу шаҳват дар байни наврасону кӯдакон набуд.

Мунтақидон мегӯянд, пахши саҳнаҳои шармовар дар кишваре, ки барои ҳифзи фарҳангу суннатҳояш мубориза мебарад, дуруст нест.

Намоишномаи мазкур аз ҷониби ҳунармандони навраси студияи назди Театри Маяковский рӯйи саҳна омад ва ахиран мӯҳтавои он аз сӯи бархе аз тамошобинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди интиқоди шадид қарор гирифт. Ин гурӯҳ ҳам аз ҳамоғӯш шудани ду ҳунарманди мактабхон, дар намоишнома ва ҳам ишқи як наврас ба зани бузургтар аз худ эрод мегиранд.

Аммо ҳунармандони Театри русии Маяковский мегӯянд, бо таҳияи намоишномаи “Наход, ки ман нестам” танҳо мехостанд аз як дарди ҷомеа, муносибати нодурусти волидон бо фарзанд, оворагардӣ ва ба доми фиреб афтодани наврасон бигӯянд.

Хуршед Мустафоев, ҳунарманди театри Маяковский аз ин нигаронӣ мекунад, ки дар бархе аз расона ва шабакаҳои иҷтимоӣ мардум ин саҳнаро надида, фақат бар асоси чанд акс, борони танқидро бар сари ҳунармандон мерезанд.

Хуршед Мустафоев.

Хуршед гуфт, “як аксе, ки дар Фейсбук партофта шудааст, дар он писарбача дар оғӯши муаллимааш аст ва муаллима ӯро мисли фарзандаш меҳрубонӣ мекунад. Писарак ҳам ба оғӯши муаллима мисли фарзандаш нишастааст. Намедонам, ки дар ин саҳна фаҳш дар куҷост? Танҳо ба хотире ки ӯ курта надорад? Аз тан бадар кардани курта дар намоишнома ба маънии аз ӯ гирифтани зиндагиаш буд.”

Намоишномаи “Наход ки ман нестам” сарнавишти писари 16-солаеро ҳикоят мекунад, ки ҳамеша аз модараш таҳқир мешунавад ва ӯро “ноқисулақл” меномад. Муносибати носолим сабаб мешавад, ки ӯ пайваста аз хона фирор мекунад. Ба ҳодисаҳои нохуше мисли таҷовуз ба номус дучор мешавад. Дар яке аз чунин рӯзҳои оворагардӣ бо зани бадахлоқе ошно мешавад ва зан ҳам бо дарки онки писарак ба меҳрубонӣ ва дӯстдорӣ ниёз дорад, ӯро ба худ моил ва ба манфиати хеш истифода бурдан мехоҳад.

Дар натиҷа писар тамоми дороии модарашро ба ин зан медиҳад ва баъдан бо дасти зан кушта мешавад. Хуршед Мустафоев мегӯяд, театр оинаи зиндагӣ аст ва тавассути ин оина бояд воқеияти зиндагӣ намоиш дода шавад, то инсонҳо инро бубинаду бадро аз хуб фарқ кунад.

“Ман фикр мекунам, аз саҳнаи театр бояд мавзӯъҳоеро нишон дод, ки мардум бубинанд ва ба хулосаи дуруст биёянду панде бигиранд, то дар зиндагӣ онро такрор накунанд. Мо фақат тавассути ин намоишнома хостем, бигӯем, дар кӯча бо нафаре, ки саратро як бор сила кард, набояд бовар карду рафт. Панд ин аст, на онки як навраси 16-сола бо зане ҳамхобагӣ кард.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Саҳнае, ки ҷанҷол барангехт.

Фирӯза Абдували Қизӣ, ҳунарманди ҷавоне, ки дар намоишномаи “Наход ки ман нестам” нақши модари писаракро бозидааст, гуфт, қабл аз намоиши ин саҳна дар театр онро ба волидони ҳунармандони наврасу ҷавон пешкаш карданд. Вокуниш мусбат буд. “Як рӯз мо махсус барои падару модаронамон намоишномаро пешниҳод кардем. Хеле хуб қабул карданд, ҳар касе дид он рӯз ягон бардошти фаҳшомез надошт. Баръакс, ба мо гулҳо тақдим карда ва табрик намуданд.”

Намоишномаи “Наход, ки ман нестам” барои шашумин ҷашнвораи байналмилалии театрии ҷавонон “Нигоҳи нав” аз сӯи ҳунарманди ҷавони театри Маяковский, Тереза ба саҳна гузошта шуд ва ба гуфтаи ҳунармандони театр, танҳо як бор, дар рӯзи ҷашнвора пешниҳоди тамошобинон шуд. Ин намоишнома дар байни 10 саҳнае, ки аз тамоми Тоҷикистон барои иштирок дар “Нигоҳи нав” пешниҳод шуданд, беҳтарин дониста шуд ва ба ҷашнвора роҳ ёфт. Масъулини ҷашнвораи “Нигоҳи нав” мегӯянд, саҳнаҳоро аз рӯйи ду шарт, бидуни сиёсат ва бидуни фаҳш интихоб карданд.

Соҳибёри Толиб, рӯзноманигори тоҷик.

Аммо Соҳибёри Толиб, хабарнигори тоҷик ва яке аз фаъолони Фейсбук, дар матлабе аз масъулини театр интиқод кард, ки саҳнаҳои шаҳватбарангезро ба кӯдакон намоиш доданд. Соҳибёри Толиб мегӯяд, пахши саҳнаҳои шармовар дар кишваре, ки барои ҳифзи фарҳангу суннатҳояш мубориза мебарад, дуруст нест. Ба гуфтаи ин хабарнигор, рӯзе ки ӯ ин намоишномаро тамошо мекард, дар толор кӯдакон ҳузур доштанд.

“Агар мо берун аз андешаҳои суннатии ҷомеа ҳам ба мавзӯъ нигарем, дар пешрафтатарин кишварҳо ҳам барои кӯдакон ингуна намоишномаро ба саҳна намегузоштанд. Дар намоишнома муносибати писаре бо зани бузургсол ба намоиш гузошта шуд, ки он ҳам аз сӯйи кӯдакон иҷро мешуд. Ду саҳнаи дигар, ки хеле шаҳватбарангез буд, ҳамоғӯш шудани ду навраси мактабхон дар саҳна буд. Инҳо мегӯянд, ин саҳнаҳо рамзӣ буд, кӯдак аз куҷо рамзро мефаҳмад. Аз ҳама аҷибаш ин аст, ки аксбардорӣ ва гузориш дар бораи ин намоишро манъ карданд”, - афзуд ӯ.

Абдумуъмин Шарифов.

Бархе аз ҳунармандони тоҷик ҳам аз саҳнаҳои “боз”- дар намоишномаи “Наход, ки ман нестам”танқид кардаанд. Аммо Абдумуъмин Шарифов, ҳунарманди Театри ҷавонон, ки спектаклро дар ҷашнвораи “Нигоҳи нав” тамошо кардааст, аз чунин бархӯрд бо кори шогирдонаву таҷрибавии чанд ҷавоне, ки аз дарди худ гуфтаанд, нороҳатӣ мекунад.

“Намоишномаҳои ҳирфаӣ монда, кори як донишҷӯро мегиранду ҳангома месозанд. Ин, ки як зан ҷавонеро фиреб мекунад, чизи воқеӣ аст ва онҷо ягон саҳнаи фаҳшро ман эҳсос накардам. Агар чунин саҳнае мебуд, онҷо ҳатман дар борааш баҳсҳо мешуд”, - афзуд ӯ.

Ҳунармандони тоҷик мегӯянд, театр бояд воқеиятҳои зиндагиро тасвир кунад, на ончӣ аз сӯрохи ғалбери сензураи суннатӣ мегузарад. Онҳо мегӯянд, барои донистани воқеияти зиндагии наврасони раҳгумзада бояд ба атроф нигарист ва мушкилро дар саҳна гуфт, на хобу хаёл, ки тамошобинро аз воқеият дур мекунад.