Ҷашнвораи театрии “Парасту” имсол ба 100-солагии ҳунарманди халқии Шӯравӣ Аслӣ Бурҳонов бахшида шудааст. Шамсиддин Орумбеков, вазири фарҳанги Тоҷикистон рӯзи душанбеи 15 июн зимни ифтитоҳи он ҷашнвора-озмун, “Парасту 2015”-ро “ҷашнвораи махсус” гуфт ва нақши Аслӣ Бурҳоновро дар рушди санъату фарҳанги тоҷик арзанда донист.
Намоишномаи “Бухорои Шариф”, ки ҳунармандони Театри вилоятии шаҳри Хуҷанд ба саҳна гузоштанд, аз рӯи достонҳои устод Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти советии тоҷик рӯи саҳна омад ва он мушкилоти он замон ва имрӯзи ҷомеаро, бозгӯ мекард. Дар ин саҳнаҳо аз ҷумла ба издивоҷҳои бармаҳал, ноадолатиҳои иҷтимоӣ ва бедодгариҳои ҳокимони вақт, ишора шудааст.
Дар маҷмӯъ, дар ҷашнвораи имсолаи “Парасту” 15 намоишномаи озмунӣ ва як намоишномаи ғайри озмунӣ пешкаши тамошобинон мешавад. Ин ҷашнвора аз 15 то 19-уми июн идома мекунад ва дар ҷамъбасти он беҳтарин намоишномаҳоро ҷоиза, аз ҷумла Шоҳҷоиза интизор аст.
Дар ҷашнвораи "Парасту"-и имсола дар сафи ҳайати доварон ҳунармандону санъатшиносон аз театрҳои Русия, Қазоқистон ва Осетияи Шимолӣ ҳузур доранд. Ҳайати ҳакамонро аз Тоҷикистон театршинос Муҳаммадулло Табаров, санъатшинос Тоҳир Маҳмадризоев, саркоргардони Театри драмавии ба номи Лоҳутӣ Давлат Убайдуллоев ва Шаҳноза Мирзоева намояндагӣ мекунанд.
Ҷашнвора-озмуни "Парасту" дар ду сол як маротиба баргузор мешавад ва дар он театрҳои касбии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳаққи ширкат кардан доранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад