Шикояти хешовандони омӯзгори гунаҳкор ба "рафтори шаҳвонӣ". ВИДЕО

Мунираи Мирзохон, духтари омӯзгори маҳкумшуда, гуфт, падараш "кори баде накардааст"

Хешовандони омӯзгоре, ки барои, ба истилоҳ, "рафтори шаҳвонӣ" нисбат ба шогирди ноболиғаш 17,5 сол зиндонӣ шуд, ҳукмро сангин хонда, барои бознигарии он ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят кардаанд.

Онҳо мегӯянд, ба падарашон "туҳмат шудааст", вале манобеи додгоҳ гуфтанд, "иттиҳоме, ки ба зидди омӯзгор эълон шуда буд, исботи худро ёфт".

Мунираи Мирзохон, духтари омӯзгори маҳкумшуда, рӯзи 16-уми октябр ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, падараш дар вохӯрӣ бо аъзои хонавода исрор варзидааст, ки "амали нанговаре накардааст". Ба нақли ӯ, омӯзгор фақат мехостааст як шогирди ноболиғашро, ки дар сабқати шоҳмот пирӯз шуд, табрик кунад ва гӯиё "падарвор бӯсидааст". "Падарам бо модар ва бародарам мулоқот дошт. Гуфтааст, ки кори баде накардааст. Фақат падарвор аз пешонии кӯдак бӯсидаасту бас", -- нақл кард ӯ.

Як манбаъ дар Додгоҳи ноҳияи Ёвон мегӯяд, "қазия фаротар аз як бӯса аст ва ташхис нишонаҳои зӯроварӣ дар бадани кӯдакро ошкор кард". Мақомоти додгоҳ ба далели махфӣ будани парванда ҳозир нашуданд, дар ин бора шарҳи бештар диҳанд.

Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шикояти хешовандони омӯзгори гунаҳкор ба “рафтори шаҳвонӣ”

Мирзохон Алиев, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, моҳи апрели имсол ҳангоми кор дар мактаб боздошт шуд. Ба иттилои тафтишот, пас аз шикояти ноболиғи 12-сола ба наздиконаш аз рафтори омӯзгор пойи ӯро ба додгоҳ кашиданд.

Маҳмурод Алиев, писари муаллим мегӯяд, қабл аз боздошт, падараш аз ҷониби наздикони ноболиғ, ки дар ин шаҳр нуфуз доранд, дар мактаб латту кӯб шудааст.

Дар пайи ҳодиса хонаводаи ноболиғ ҷойи зисти худро дигар кардаанд ва талош барои пайдо кардани онҳо натиҷа надод. Ба хотири ноболиғ будани ҷабрдида ва ҳифзи шаъну шарафи ӯ ному насаби кӯдак ва пайвандонаш низ дар матлаб оварда намешавад.

Парвандаи омӯзгор аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ дар Норак баррасӣ ва баъдан бо дархости наздикони муаллим ба Додгоҳи ноҳияи Ёвон фиристода шудааст. Ҳукм рӯзи 3-юми октябр содир шуд.

Манобеи огоҳ аз парванда гуфтанд, дар нишондодҳои аввал омӯзгор ба гуноҳаш иқрор кардааст. Ба гуфтаи онҳо, омӯзгор дар баёноти худ навиштааст, “аз ҳисси шаҳват аввал аз рӯ ва абрӯи хонанда бӯса карда, баъдан хостааст аз лабони ӯ бӯса гирад.” Аммо дар ҷараёни мурофиаҳо ба гуфтаи манбаъ, омӯзгори маҳкумшуда ин иттиҳомро рад кардааст.

Дар ҳамин ҳол наздикони муаллим мегӯянд, худиқрории ӯ зери шиканҷа сурат гирифтааст. Мунираи Мирзохон, духтари омӯзгор иддао дорад, ки дар як вохӯрӣ пас аз боздошт, модараш дар чеҳраи падар осорӣ латту кӯбро дидааст. Мақомот мегӯянд, ин иддаои наздикони омӯзгор исботи худро наёфт.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Омӯзгор барои "табрику бӯсидани толиба" 17,5 сол зиндонӣ шуд. Наздиконаш мегӯянд, туҳмат аст

Ҳоло вакилони дифои омӯзгор, ки пойфишорӣ доранд дар ҳаракатҳои ӯ рафтори шаҳвонӣ набуд, бо шикоят ба зинаҳои болоӣ мехоҳанд, бо тағйир додани моддаи парвандаи ӯ ҷазоро сабуктар кунанд.

Мирзохон Алиев, 38 сол таҷрибаи омӯзгорӣ дошта, соли 2017 ба яке аз мактабҳои маркази шаҳри Норак ба кор рафтааст. Мудир ва омӯзгорони мактаб, мегӯянд, ӯ муаллими бомасъулият буд ва дар рафтораш амалҳои ноҷо мушоҳида намешуд.

Шаҳри Норак

Аслия Сафарова, мудири мактаб гуфт, “фаъолияташ босамар буд. Хонандаҳояш дар озмунҳо иштирок мекарданд. Бо омӯзгорон ҷаласаҳо мегузаронд ва дар синфҳои ибтидоӣ озмунҳо ташкил мекард. Дар натиҷаи ин озмунҳо хонандаҳо дар сабқатҳои вилоятӣ пирӯз мешуданд.”

Хонандаи 12-сола, ки гӯё аз ҷониби омӯзгор дастдарозӣ шудааст, ҳоло дар мактаб ва синфи худ таҳсилро идома медиҳад. Масъулини мактаб мегӯянд, муҳитеро фароҳам оварданд, ки ин баҳсҳо ва қазия ба таҳсилу руҳия ва ояндаи кӯдак таъсир нарасонад.