Як сол баъди "тӯи президентӣ": Саидшову Марҷона интизори нахустфарзанд. ВИДЕО

Як омӯзгори ҷавон, ки соли гузашта бо кӯмаки президенти Тоҷикистон арӯсӣ кард, мегӯяд, ки ҳоло интизори таваллуди нахустфарзанд мебошад ва бо ҳамсараш мехоҳанд навзодро ба хотири раиси ҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон номгузорӣ кунанд.

Саидшоҳ Асроров, омӯзгори 24-сола аз ноҳияи Кӯшониён (собиқ Бохтар), ки як соли пеш бо машварати президент ва кӯмаки ҳукумати маҳаллӣ тӯи арӯсӣ барпо кард, имрӯзҳо бо ҳамсараш Марҷона интизори таваллуди фарзанди нахустин ба сар мебаранд. Табибон гуфтаанд, ки меҳмони нав бояд баъди ду моҳ чашм ба дунё кушояд, дастгоҳи ултросадоӣ таваллуди писарро пешгӯӣ кардаст ва омодагиҳои хонавода ин аст, ки нахустварзандро Эмомалиҷон ном гузоранд.

Ин омӯзгори ҷавон дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ рӯзи 31 август гуфт, ки баъди кӯмаки президент дар ташкили тӯи арӯсӣ як сол пеш, дар зиндагии ӯ навгониҳои зиёде сурат гирифт.

Бархе ҷомеашиносон мегӯянд, ки мулоқоти президент бо мардуми оддӣ бо ҳамингуна тасмимҳо дар хотирҳо мемонад.

Марҷона ва Саидшоҳ -- ҳоло дар ҷамоати деҳоти Заргари Кӯшониён ба сар мебаранд. Ҳамсараш аз рӯи ихтисосаш ба ҳайси ҳамшираи шафқат дар бунгои тиббии деҳа кор мекунад. Музди маоши ин ду мутахассис бештар аз 2000 сомониро ташкил медиҳад ва, ба гуфтаи Саидшоҳ, зиндагиашон хуб пеш меравад.

Марҷона, ҳамсари Саидшоҳ Асроров, ки порсол дар бораи хостгории Саидшоҳ ва кӯмаки президент дар ташкили арӯсии омӯзгори ҷавон хиҷолатзада буду зиёд сӯҳбат накард, ин навбат низ нахост дар бораи омодагиаш ба модар шудан ва зиндагии муштаракаш бо Саидшоҳ ҳарф занад. Ӯ танҳо гуфт, ки аз ҳама чиз розӣ аст ва зиндагии хубе дорад. Ин ҷуфти ҷавон дар як ҳавлӣ бо волидони Саидшоҳ зиндагӣ мекунад.

Саҳнаи суханрониии Саидшоҳ дар назди президент

Саидшоҳ таҷрибаи дусолаи кор дар мактаб ба ҳайси омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқро дошт, ки ба ноҳияи Бохтар президент меҳмон шуд.

Рӯзи 16-уми августи соли 2017 президент Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти фаъолону сокинони маҳаллӣ дар минбар нишаста, мардумро гӯш мекард. Омӯзгори ҷавони мактаби 39-уми ноҳияи Бохтар Саидшо Асророви он замон 23-сола назди микрофон омад.

Ӯ гуфт, хушбахт аст, ки метавонад рӯбарӯ бо президент сӯҳбат карда, барои заҳматҳояш дар рушди соҳаи маориф ва тарбияи насли ҷавон ташаккур кунад. Дар суханрониаш Асроров чанд пораи шеърро ҳам қироат кард.

Дар ниҳоят Эмомалӣ Раҳмон бо ӯ кӯтоҳ суолу ҷавоб кард ва аз ҷумла дар бораи вазъи иҷтимоиаш пурсид. Сӯҳбати кӯтоҳ ва тақдими соати саримизӣ ба Саидшоҳ бо саволи оиладор будани омӯзгори ҷавон тамом шуд.

Мақомоти ноҳияи Бохтар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки баъди ин мулоқот президент аз онҳо хост, ки дар оиладор кардани омӯзгори ҷавон мусоидат кунанд ва арӯсии Саидшоҳ бо духтари ҳамдеҳааш рӯзи 27-уми август сурат гирифт.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тӯи рекордии Марҷонаву Саидшо: 11 рӯз баъди супориши президент

Ин ҳодисаи камназир буд, ки дар Тоҷикистон солҳои охир бо машварати президент ва бо кӯмаки ҳукумат маросими ақди никоҳи ду ҷавон баргузор шуд. Дар солҳои оғози шӯравӣ таҷрибаи баргузории тӯйҳои ба истилоҳ "комсомолӣ" расм буд, ки бо машварат ва ширкати намояндагони ҳукумат ва харҷи кам, барпо мешуд

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Бо машварати президент: Ҳукумати Бохтар Саидшои омӯзгорро тӯй мекунад. САДО

Вале мулоқоти президент бо сокинони оддии Тоҷикистон борҳо бо тасмимҳои сареъ ва ногаҳонӣ анҷомидааст. Дар мулоқотҳои чандин соли пеши худ бо ҷавонони фаъол, борҳо шудааст, ки суханрони боистеъдоде баъди сӯҳбаташ бо президент соҳиби ҷои кор дар сохтори давлатӣ ваё донишҷӯи мактаби олии кишвар шудааст.

Бархе ҷомеашиносон мегӯянд, мулоқоти президент бо мардуми оддӣ бо ҳамингуна тасмимҳо дар хотирҳо мемонад ва як василаи дигари боло бурдани таваҷҷӯҳи мардум ба шахсияти раҳбари аввал мешавад.