Султоншоев: "Ман фақат шогирди дарсгурезро танбеҳ додам"

Асламшоҳ Султоншоев

Асламшоҳ Султоншоев, омӯзгоре, ки беш аз даҳ руз боз барои "гӯшмол"-и як шогирдаш аз корбарони Интернет гап мешунавад, чунин бархӯрди худро шарҳ дод ва гуфт, ин кораш барқасдона набуд.

Асламшоҳ Султоншоев, омӯзгоре, ки дар навори 15-сониягӣ як донишомӯзро латту кӯб мекард, иддао дорад, ин рафтораш барқасдона ва аз сари ғазаб набуда, танҳо хостааст шогирди дарсгурезашро танбеҳ диҳад. Ин омӯзгори фанни риёзиёти Мактаб-интернати ҷуҳуриявии тамоюли варзишии ба номи Иброҳим Ҳасанов дар Душанбе, 20 октябр гуфт, эҳтимол навор аз сӯи хонандагон пинҳонӣ сабт шуда, баъдан ба Интернет роҳ ёфтааст. Вале ӯ аз он норизост, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ асли қазияро нафаҳмида, “коҳи кӯҳнаро бод додаанд”.

Ӯ дар суҳбат бо мо асли қазияро нақл кард ва гуфт, “чаҳор рӯз пайиҳам Муҳаммадҷон Сулаймонов аз дарсҳо мегурехт. Ман роҳбари синфи ӯ будам, кӯшиш мекардам, ки шогирдони ман хонандаи боодоб бошанд, аз дарсҳо нагурезанд. Вақте чанд бор барои дарсгурезияш огаҳӣ додам, гӯш накард.” Баъд аз ин, Султоншоев мегӯяд, волидони Муҳаммадҷонро аз ин вазъ огоҳ карда, барои монеи дарсгурезии ӯ кумак хостааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Султоншоев: "Шогирди дарсгурезро танбеҳ додам"

Ин ҳодиса 17 апрели соли ҷорӣ рух дода, баъд аз он кормандони умури дохилӣ Асламшоҳ Султоншоевро як бор бозпурсӣ карда будаанд. Ӯ, ки собиқаи 37 соли омӯзгорӣ дорад, мегӯяд, тӯли ин солҳо боре хонандаро беҳудаву барқасдона танбеҳ надодааст
.

Ин омӯзгор ҳанӯз ба фаъолияти худ идома медиҳад ва ҳафтаҳои охир ду бор аз сӯи кормандони додситонӣ бозпурсӣ шудааст. Ба гуфтаи ин омӯзгор, Муҳаммадҷон Сулаймонов, собиқ хонандаи Мактаб-интернати ҷуҳуриявии тамоюли варзишӣ қаблан дар мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 88-и ноҳияи Синои пойтахт таҳсил мекард ва пас аз хатми синфи 8 ба инҷо омадааст.

Султоншоев мегӯяд, Муҳаммадҷон, шогирде ки ӯро “қаҳрамон” кард, аз ӯ дар баробари дарcҳои ҳаррӯза, дарсҳои иловагӣ низ гирифтааст. Зеро ба таъкиди ӯ Муҳаммадҷонро падару модараш маҳз ба синфе овардаанд, ки Султоншоев роҳбарӣ мекард.

Зӯҳро Ҳусейнова, модари Муҳаммадҷон Сулаймонов мегӯяд, то замоне ки барои бозпурсӣ ба додситонӣ даъват нашуд, аз сабт ва пахши ин навор дар интернет хабар надошт. Хонум Ҳусейнова гуфт, на ӯ ва на шавҳару писараш нисбат ба ин омӯзгор даъво надоранд, зеро “як шаттаи муаллим тавонистааст, писари онҳоро аз роҳи бад баргардонад”.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Зӯҳро Ҳусейнова: Як мушти муаллим писарамро аз роҳи бад баргардонд

“Саҳар аз хона мебаромад. Шаб соати 20 бармегашт. Ӯ ба дарс меравад ва баъди он тамрин мекунад гуфта мо ҳам чизе намегуфтем, аммо чанд рӯз пайиҳам аз дарсҳо гурехтааст. Писари ман, ки гунаҳкор буд, ҷазояшро гирифт. Агар бо ӯ чунин рафтор намешуд, шояд писари ман кӯчагард мешуд ё сигоркаш,” – мегӯяд Зӯҳро Ҳусейнова. Ин модар мегӯяд, заҳматҳои Асламшоҳ Султоншоев боис шудааст, ки писараш баъд аз хатми мактаб-интернат ба коллеҷи техникии шаҳри Душанбе шомил шуда, ҳоло дар онҷо таҳсил дорад.

Абдусамад Шамсуллоев, раҳбари мактаб-интернати ҷумҳуриявии тамоюли варзишӣ низ рӯзи 19 октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз Султоншоев “шахси ором” ном бурда ва гуфт, ки баъзе аз хонандаҳои душвортарбия вайро ба ин ҳол оварда, баъдан ҳадафмандона навор бардоштаанд. Ӯ афзуд, раҳбарони қаблии ин муассиса чандин бачаҳои душвортарбияро барои таҳсил иҷозат додаанд, ки ба қавли ӯ “онҳо воқеан нописанд ҳастанд”. То кунун тақрибан даҳ нафар чунин хонандаҳо аз мактаб-интернати ҷумҳуриявии тамоюли варзишӣ ронда шудаанд.

Даҳ рӯз қабл як навори 15-сониягӣ ба шабакаи Ютуб роҳ ёфт, ки дар он дида мешавад омӯзгор хашмгин аст ва гоҳе ба сару рӯй ва шиками талаба зада, гоҳе дигар гӯшашро мекашад:

"-Чаро дер кардӣ? Падарлаънат, ту-ку аз отат метарсӣ...

-Муаллим, ба ҳоҷатхона рафтем. Наравем? Назан муаллим, сарам дард мекунад..."

Ин навор дар як дам вокунишҳои мухталифро ба бор овард. Аз ҷумла, Абдуҷаббор Алиев -- сардори Раёсати мактабҳои миёнаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон 10 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, “муаллимон ба ҳеч ваҷҳ ҳаққи латту кӯби хонандагонро надоранд ва чунин рафтор хилофи қонун буда, амали ғайрипедагогист”.

Соли гузашта низ айни ҳамин гуна навор дар интернет нашр шуда буд. Он вақт гуфта мешуд ҳодисаи мазкур дар мактабҳои пойтахт сар задааст. Вале пас аз таҳқиқи Вазорати маориф ва илм маълум гардид, ки латту кӯби хонанда аз сӯи омӯзгор на дар пойтахт, балки дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ шудааст.