Даҳҳо зану духтари афғонистонӣ рӯзи 14-уми сентябр дар бинои сафорати он кишвар дар Душанбе ҷамъ омада, алайҳи "Толибон" ва Покистон шиор доданд. Ҳарчанд мақомоти Покистон даст доштани худро дар дигаргуниҳои охир дар Афғонистон рад кардаанд, иддае ба он бовар надоранд.
"Оромии атроф халал наёбад"
Намоиши эътирозӣ дар сафорати Афғонистон бо ҳузури қариб сад зану духтар баргузор шуд. Дар оғоз қарор буд, намоиш дар ҳавлии сафорат баргузор шавад, баъдан онро ба дохили бино кӯчонданд. Як масъули сафорат ба мо гуфт, "сабаб ин буд, ки оромии атроф халалдор нашавад."
Закия Раҳмонӣ, яке аз иштирокдорони намоиши эътирозӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз дахолати Покистон ва аз ояндаи кишвараш нигарон аст. Покистон ҳамеша пуштибонӣ аз "Толибон" ва дахолаташро дар умури Афғонистон рад кардааст.
"Толиб" не, Покистон Афғонистонро ишғол кардааст. Возеҳ дида шудааст, ки бо муҳиммоти ҷангӣ ва ҳавопаймоҳо дохили Афғонистон шуданд ва ба умури кишвари мо дахолат карданд", -- мегӯяд ин паноҳанда.
Ишораи Закия Раҳмонӣ ба хабарҳое аст, ки гуфта мешавад бесарнишинҳои покистонӣ ба нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер ҳамла кардаанд. Вале сухангӯи артиши Покистон гуфт, кишвараш "ба он чӣ дар дохили Афғонистон дар ҳоли рух додан аст, чӣ дар Панҷшер ва чӣ дар ҷойи дигар, ҳеч рабт надорад".
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Талаби пуштибонӣ аз Масъуд
Як талаби дигари тазоҳургарон пуштибонӣ аз Ҷабҳаи муқовимат бо роҳбарии Аҳмад Масъуд аст. Аҳмад Масъуд, фарзанди қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд, дар Панҷшер неруҳои мухолифи "Толибон"-ро гирди ҳам оварда, бо ин гуруҳи тундрав мубориза мекунад.
Занони эътирозгари афғон дар Душанбе аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳанд, Аҳмад Масъудро дастгирӣ карда, ҳукумати "Толибон"-ро ба расмият нашиносад. Хавфи онҳо аз ҳукумати "Толибон", ба гуфтаи Лола Муштарӣ, маҳдуд шудани озодиҳо аст.
"Ҳеч кас озодӣ надорад. Озодии баён надорем, наметавонем аз ҳуқуқи худ дифоъ кунем. Дар хонае, ки озодӣ набошад, гап зада натавонед, дар онҷо зиндагӣ мумкин нест. Фикр кунед, дар қабр ҳастед, тамом. Фақат зинда ҳастед, нон мехӯред, бас. Дигар ҳеч чиз анҷом дода наметавонед", -- афзуд паноҳандаи афғон.
Сафир дар бораи "аморати исломӣ" чӣ гуфт?
Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, дар назди занону духтарони эътирозгар аз ҳукумати "Толибон" ба ҳайси ҳукумате ном бурд, ки наметавонад мошини давлатдориро ба чархиш дарорад. Ӯ аз ҷумла гуфт, "Толибон" ба ҳаққи занон барои кору таҳсил эҳтиром қоил нестанд. Вале гуруҳи "Толибон" гуфтааст, дар доираи шариати исломӣ ба занон ҳаққи кору таҳсил дода мешавад.
Тибқи дастури нави "Толибон", занону духтарон танҳо дар синфхонаҳои хос барои онҳо ва бо либоси иҷбории исломӣ ҳаққи таҳсил дар донишгоҳҳоро хоҳанд дошт.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Идомаи эътирозҳо дар Кобулу Парвон ва БадахшонҶанг дар дараи Панҷшер норозигӣ алайҳи "Толибон" ва нидои “марг ба Покистон”-ро дар Афғонистон ва кишварҳои дигар зиёд кардааст. "Толибон", ки даъво дошт, "аз муҳаббати мардум шаҳрҳо бидуни ҷанг ба дасти онҳо афтид", ҳоло ба мухолифати зиёд дар дохил ва хориҷи Афғонистон рӯбарӯ аст.
Ҳафтаи гузашта дар шаҳрҳои Кобул ва Мазори Шариф гуруҳе аз занон бо талаби ҳаққи худ намоиши эътирозӣ баргузор кунанд. «Толибон» ин гуруҳи занонро "иғвогар" номида, бо хушунат пароканда кард. Чунин намоишҳои эътирозӣ дар чандин шаҳрҳои Эрон ва Амрико ҳам баргузор шуд.
Занону духтарони афғони муқими Тоҷикистон бо баргузории намоиши эътирозӣ умед доранд, ки садояшон шунида мешавад. Чун ин эътироз феълан танҳо коре аст, ки онҳо метавонанд алайҳи «Толибон» анҷом диҳанд. Гуруҳе, ки як моҳ пеш Кобулро соҳиб шуд ва гуфт, мақсадаш оромии Афғонистон ва хидмат ба мардум аст, аммо сокинон ҳар рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои баръакси онро мегузоранд.