Дар нишасти матбуотии рӯзи 11 июли раёсати андози вилояти Суғд хабарнигорон мизони маоши кормандони ин сохтор ва мутобиқати даромади онҳо ба харидории мошинҳои гаронбаҳоро суол карданд.
Хабарнигорон ба истгоҳи мошинҳои гаронбаҳои хориҷие ишора карданд, ки дар пушти дарвозаҳои сохтмони раёсат қарор дорад ва ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад. Журналистон аз раҳбарияти ин ниҳод дар ҷараёни нишасти хабарии натиҷаҳои нимсолаи кори раёсати андози Суғд пурсиданд, ки то куҷо маоши моҳонаи ҷамъоварандагони андоз барои харидани мошинҳои гаронбаҳо кифоят мекунад?
Дар посух Бахтиёр Султон, сардори раёсати андози вилояти Суғд
Камбудии зиёдтаре аз ягон андозсупори гарданшах ёфтем, аз кумитаи андоз фоиз ҳам мегирем
гуфт, зердастонаш автомобилҳои қимати хориҷӣ надоранд ва агар доранд, мошинҳои оддие, мисли “Опел”. Вай, аз ҷумла гуфт: “Мумкин мошинҳоеро, ки дида бошед, аз они соҳибкорон бошад. Шояд. Вале ҳамкорони мо мошинҳои қимати хориҷӣ надоранд, кормандони мо мошинҳое мисли “Опел” доранд. Вале мо ҳаракат мекунем ин масъаларо назорат кунем.”
Ба иттилои Бахтиёр Султон, нозирони қатории идораи андоз ба ҳисоби миёна 800 сомонӣ ва сардори раёсат 1780 сомонӣ маош мегиранд. Бо қурби имрӯзаи бозор ин маблағ 95 ва 200 доллари амиркоиро ташкил медиҳад. Барои аз моҳонаи худ харидани як автомобили нави оддии хориҷӣ, ки ҳудуди 10 ҳазор доллар арзиш дорад, як корманди ин ниҳоди давлатӣ бояд ҳудуди 10 сол моҳонаашро ҷамъ кунад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар идомаи ин сӯҳбат муовини сардори раёсати андози вилояти Суғд Обиди Муҳаммадсаид талош кард мавзӯъро бештар шарҳ диҳад ва аз кори ҳамкоронаш ҳимоят кард. Вай, аз ҷумла, гуфт, ки кормандони раёсати андоз василаҳои дигари «бо роҳҳои ҳалол пулкоркунӣ»-ро доранд, то ки соҳиби автомобили хуб шаванд. Вай, аз ҷумла, дар мисоли худ чунин гуфт:
“Яке аз он мошинҳо аз ман аст, ки ба маълумоти шумо мерасонам: 4 сол дар Афғонистон кор кардагӣ ҳастам. Бар замми ҳамаи ин нафарон, ки дар ин ҷо нишастаанд, ҳамаи инҳо - номзади илм ҳам ҳастем, дарс ҳам медиҳем. Боз бар замми ҳамаи ин, камбудии зиёдтаре аз ягон андозсупори гарданшах ёфтем, аз кумитаи андоз фоиз ҳам мегирем.”
Ҷаноби Муҳаммадсаид нагуфт, ки дарсади фоиз ё мукофотпулие, ки расман ба корманди андоз барои ошкор кардани андозсупорандаи беинсоф тақдим мешавад, чанд аст.
Ҳамчунин масъулони раёсати андоз гуфтанд, ки давлат ба онҳо заминкориро манъ накардааст ва аз ин кор низ метавонанд барои харидани автомобилҳои гаронарзиш даромад ба даст биёранд.
Мақомоти раёсати андози Суғд мегӯянд, аз натиҷаҳои худ дар шаш моҳи соли 2017 розӣ ҳастанд, чун дар ин муддат нақшаи қисми даромади буҷаи давлатиро ба андозаи 108, 8 дар сад иҷро намуда, ба буҷаи давлат 1 миллиарду 71 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 175 миллион сомонӣ ё ҳудуди 20 дар сад зиёд маблағ ворид намудааанд.
Биноба омори ин ниҳод, дар ин давра нақшаи ҷамъоварии танҳо 2 намуди андоз, аз даромад (ба андозаи 92.4 фоиз) ва аз арзиши изофа (80.5 фоиз) иҷро нашуда ва ба буҷаи давлатӣ ҳудуди 40 миллион сомонӣ кам маблағ ворид шудааст.