Порлумони Тоҷикистон рӯзи 23-юми октябр ба Кодекси андоз баъзе тағйиру иловаҳо ворид кард. Бар асоси он, ба сармоягузорони дохилӣ ва хориҷие, ки дар арсаи истифода аз сарватҳои зеризаминӣ кор мекунанд, ҳақ дода шудааст қабл аз оғози кор андози "бонуси обунавӣ"-ро пурра напардозанд. Пештар ширкатҳо муваззаф буданд, ин навъи андозро пурра пардохт кунанд ва баъзан гаронии он боис мешуд, соҳибкорон корро қатъ намоянд.
Бонуси обунавӣ андозест, ки ширкатҳо баъд аз гирифтани иҷозатнома ё литсензия барои истихроҷ ва пеш аз оғози корҳо ба будҷа пардохт мекунанд. Мақомоти тоҷик дар гузашта баланд будани маблағи пешпардохт барои ширкатҳои бахши истихроҷро рад карда буданд. Моҳи январи соли 2017 Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз гуфта буд, мухолифи тағйир додани пешпардохт барои ширкатҳои истихроҷӣ аст.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии тарҳ дар порлумон гуфт, бар асоси ин тағйиру иловаҳо, соҳибкорон метавонанд дар оғози кор 30 дарсади андози «бонуси обунавӣ»-ро пардохт кунанд ва боқимондаро давоми як соли фаъолият диҳанд. Вазири молия ҳадаф аз ин тағйиротро «ҷалби бештари сармоя, таъсиси ҷойҳои корӣ ва пешниҳоди сабукиҳо ба соҳибкороне, ки дар ин самт фаъолият мекунанд», арзёбӣ кард.
Вазири молия бо таваҷҷӯҳ ба вазъи иқтисодии соҳибкорон гуфт, "вақте кон бениҳоят ҳаҷми калон дорад, соҳибкор наметавонад яку якбора то 500-600 миллион сомониро барои бонуси обунавӣ пардохт кунад ва боз иловатан барои анҷоми корҳои истихроҷӣ маблағ пайдо кунад".
Толибхон Азимзода, вакили Маҷлиси намояндагон гуфт, яке аз сабукиҳои дигари пешниҳодшудаи тағйирот ин аст, ки минбаъд ширкатҳо барои корҳои геологиву омӯзишӣ аз пардохти маблағи бонуси обунавӣ озод мешаванд. "Зеро машғул гаштан ба корҳои геологиву омӯзишӣ ягон намуд фоида намеорад ва он танҳо корҳои кофтукову кашфро дар назар дорад",-гуфт ин вакили порлумон.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, вазири молия таъкид намуд, ки пешниҳоди чунин сабукӣ барои корҳои омӯзишиву геологӣ шароити беҳтареро фароҳам меорад. Қаблан ширкатҳо дар баробари корҳои истихроҷӣ, бо дастрас намудани иҷозатномаи корҳои омӯзишиву геологӣ, барои чунин амал низ бонуси обуна пардохт мекардаанд, ки акнун аз пардохти он озод шуданд.
Тибқи ин тағйирот, сармоягузорон ё ширкатҳое, ки ба истихроҷи ангишт машғуланд, 30 дарсади маблағи бонуси обунавиро мисли дигарон пардохт мекунанд, аммо як тафовуташ ин аст, ки 70 дарсади маблағи боқимондаро давоми 10 сол имкони пардохт намудан доранд.
Соҳибкорон дар гузашта аз печидагиҳои ба даст овардани литсензия ва андози "бонуси обунавӣ" шикоят карда ва гуфта буданд, ки ин навъи андоз ширкатҳоро барои сармоягузорӣ ба Тоҷикистон дилсард мекунад. Ба гуфтаи онҳо, меъёри бонуси обунавии Тоҷикистон хеле гарон аст, ки мисолаш дар кишварҳои зиёди хориҷӣ дида намешавад.
Зуҳур Ёров, геологи собиқадори тоҷик қаблан дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Кумитаи андоз аз ширкатҳои истихроҷкунандаи маъдан ва нафту газ аз қаъри замин бонуси обунавиро ба ҳисоби 300 сол ҳисоб карда меситонад, ки ниҳоят гарон аст. Аз ин рӯ, "дасту дили ширкатҳои хориҷӣ барои сармоягузорӣ ба Тоҷикистон чандон гарм нест".
Ҳисоби 300 сол аз он ҷост, ки ба пиндори мақомоти андоз эҳтимол дорад ширкат аз захираҳои кони дар ихтиёрбудааш то 300 сол баҳра барад.
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад