Масъулони Кумитаи андози Тоҷикистон аз се бонк ва як ширкати хурди қарзӣ дар кишвар хостаанд, то поёни баҳсҳои додгоҳӣ суратҳисобҳои ширкати “Babilon-M”-ро набанданд. Қаблан ин ниҳод талаб карда буд, ба далели 337 миллион сомонӣ қарздорияш аз ҳисоби андоз суратҳисобҳои “Babilon-M” дар “Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвестбонк”, “Казкомертсбонк” ва созмони хурди қарзии “Зудамал” баста шаванд.
Як мақоми Кумитаи андози Тоҷикистон рӯзи 13 феврали соли ҷорӣ ба шарти он ки аз ӯ ном бурда нашавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, тасмими онҳо баъд аз дарёфти як нома аз тарафи Додгоҳи олии иқтисодӣ гирифта шудааст. Ин ниҳоди додгоҳӣ гуфтааст, ҳанӯз ки баҳс миёни Кумитаи андозу ширкати “Babilon-M” ҷараён дорад, касе ҳақ надорад, суратҳисобҳои дувумиро масдуд намояд.
Манбаи мо аз “Тоҷикисодиротбонк” низ ин хабарро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ таъйид кард. Мусоҳиби мо гуфт, номаи Кумитаи андоз рӯзи 6 феврали соли ҷорӣ дастрасашон шуда, бонк қарор кардааст, онро ба иҷро бирасонад.
Кумитаи андози Тоҷикистон рӯзи 28 январ ба се бонки Тоҷикистон “Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвестбонк”, “Казкомертсбонк” ва ширкати хурди қарзии “Зудамал” нома ирсол карда, талаб намуд, барои рӯёндани 337 миллион сомонӣ маблағи андоз суратҳисбоҳои “Babilon-M”-ро ҳабс кунанд. Баъд аз он Беҳзод Файзуллоев, раиси ширкати “Babilon-M” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, азбаски баҳси Кумитаи андоз бо ширкати зери раҳбарии ӯ дар Додгоҳи олии иқтисодӣ идома дорад, ҳабси суратҳисобҳои ширкат амали ғайриқонунист.
Файзуллоев гуфта буд, дар сурати маҳкам кардани суратҳисобҳо, онҳо дигар ягон амалиёти молиявӣ гузаронда наметавонанд ва маблағҳо ҳамааш ба андоз меравад. “Аз рӯи қонун дар сурати маҳкам шудани суратҳисоб, мо танҳо пардохтҳои ҳатмии давлатӣ, ба мисли пардохти пули барқро, анҷом медиҳем. Аммо мо аз Додгоҳи олии иқтисодӣ низ ҳуҷҷат дорем, ки дар он гуфта мешавад, то анҷоми баҳсҳои судӣ Кумитаи андоз ҳаққи маҳкам кардани суратҳисобҳои моро надорад”,-таъкид дошта буд раҳбари “Babilon-M”.
Баҳси ин ду ниҳод аз чанд моҳ ба ин тараф идома дорад. “Babilon-M” қарори Кумитаи андозро, ки қарзу ҷаримаҳои ин ширкатро 337 миллион сомонӣ, ҳудуди 68 миллион доллар ҳисоб карда буд, қабул накарда ва ба додгоҳ муроҷиат кардааст. Додгоҳи шаҳри Душанбе ин баҳсро ба нафъи Кумитаи андоз ҳал кард, вале ширкати "Babilon-M" бо норизоӣ аз ин қарор ба зинаи болоии Додгоҳи олии иқтисодӣ шикоят кардааст.
Кумитаи андози Тоҷикистон бо ширкатҳои мобилии "Билайн" ва "Мегафон" низ чунин баҳсҳои чандмиллиондолларӣ дошт, вале ахиран Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон баҳси онҳоро ба фоидаи ширкатҳои русӣ ҳал кард. Кумитаи андоз танҳо "Мегафон"-ро 94 миллион сомонӣ ҷарима баста буд. Аммо ин ширкатҳо ба Додгоҳи олии иқтисодӣ шикояти кассатсионӣ оварданд ва баҳс ба нафъи онҳо ҳал гардид.