Дорухонаҳо дар алоҳидагӣ андозбандӣ мешаванд

Кумитаи андози Тоҷикистон зери чатри як филиал фаъолият кардани дорухонаҳо дар кишварро манъ кард. Ҳамакнун дорухонаҳо бояд дар алоҳидагӣ ҳамчун соҳибкори инфиродӣ сабти ном шаванд.

Аз ин ба баъд дар Тоҷикистон дорухонаҳо наметавонанд зери чатри як филиал фаъолият кунанд. Бар пояи қарори нави Кумитаи андози Тоҷикистон, дорухонаҳои кишвар бояд ҳамчун соҳибкори инфиродӣ сабти ном шуда, шаҳодатнома бигиранд ва дар алоҳидагӣ андоз супоранд. Ин қарор дар авоили ҳафтаи ҷорӣ аз сӯи Нусратуллоҳ Давлатов, раиси Кумитаи андоз ба имзо расидааст.

Дар шарҳи қабули ин қарор, масъулини Кумитаи андоз мегӯянд, ки дар дар пайи бозрасӣ ва тафтиши дорухонаҳо фаъолияти соҳибкоронеро ошкор кардааст, ки дар асоси шартномаҳо 8-10 адад дорухонаҳоро бе қайди давлатӣ ба иҷора гирифта, ҳисоботҳои андозро бидуни ишораи фаъолияти ин аптекаҳо ба мақомоти андоз пешниҳод мекарданд, ки ин хилофи қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» будааст.

Ин ниҳод гуфт, иддае аз соҳибкорон дорухонаҳои худро дар феҳристи ягонаи давлатӣ ҳамчун филиал ва ё намояндагӣ дарҷ накарда, пинҳон доштаанд ва чунин ҳолатҳо дар фаъолияти аксари марказҳои хариду фурӯши доруворӣ ҷой доштааст. Ба хотири ҷилавгирӣ аз чунин ҳолатҳо, Кумитаи андоз шӯъбаҳои андоз дар навоҳиро муваззаф кардааст, ки фаъолияти ҷудогонаи ҳар як нуқтаҳои фурӯши дорувориро ба истиснои дорухонаҳое, ки дар Феҳрасти ягонаи давлатӣ дар қайд мебошанд, омӯзанд ва мавриди андозбандӣ қарор диҳанд.

Дар ҳамин ҳол соҳибони дорухонаҳо аз қабули чунин қарор огаҳӣ надоранд. Муътабар Раҳимова, соҳиби як дорухона дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дирӯз маблағи андозро супорида буд ва аз чунин тасмим бехабар аст. Вале ин мусоҳиби мо афзуд, ”чун соҳибкори инфиродӣ сабт кардани дорухонаҳо ду паҳлӯ дорад. Барои буҷаи маҳаллаҳо, ин фоида мешавад, аммо аз сӯ дигар, кори соҳибкоронро боз ҳам душвортар хоҳад намуд. Ҳам андози баланд ва ҳам даву този бештар. Аммо онҳое, ки то ин дам ғайриқонунӣ амал мекарданд, онҳо боз роҳи худро пайдо мекунанд.”

Бино ба маълумоти Хадамоти назорати фармасевтии Тоҷикистон, ҳоли ҳозир дар кишвар 500 Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд амал мекунад, ва дорухонаҳо дар назди ин ҷамъиятҳо ба ҳайси нуқта, дӯкон ва ё дорухона фаъолият мекунанд. Ба гуфтаи масъулони хадамот, то имрӯз ҳамаи филиалҳо расман сабт шудаанд ва эҳтимоли сарпечии онҳо аз супоридани андоз кам аст.

Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Тиб барои шумо”, ки 15 сол инҷониб дар кишвар амал мекунад, соҳиби тақрибан 100 нуқтаи фурӯши маводи доруворист. Мамадамин Зикиров, муҳосиби ин ҷамъият мегӯяд, моҳона дар маҷмӯъ аз 120 то 150 ҳазор сомонӣ маблағи андозро пардохт мекунанд. Ҷаноби Зикиров гуфт бо вуҷуди он, ки чанде пеш дар бораи тасмими ҳамчун соҳибкори инфиродӣ аз нав сабт шудани дорухонаҳо шунидааст, вале то имрӯз расман онҳоро дар ин бора огаҳ накардаанд. Вай гуфт, ки “аммо агар чунин қарорро содир кунанд, мо ба ҷуз аз иҷро намудани он, дигар роҳе надорем.”

Ин тасмим дар ҳоле гирифта мешавад, ки дар Тоҷикистон дорухонаҳо яке аз манбаъҳои даромад ва тиҷорати пурравнақ ба шумор меравад. Ҳуқуқшиносони тоҷик бар инанд, ки танзими фаъолияти дорухонаҳо ба шакли дигар, онҳоро аз назорати вазорати адлия берун карда, таҳти назораи мустақими мақомоти андоз қарор медиҳад. Зеро то имрӯз соҳибкорони ҳуқуқӣ дар Вазорати адлия сабт мешуданд ва ин ниҳод ҳуқуқи ҷарима карданро надошт.

Собир Вазиров, иқтисодшиноси тоҷик рӯзи 12 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба он, ки тиҷорати доруворӣ пурдаромад аст, гурӯҳҳои алоҳида аз ин навъи бизес фоидаи зиёд мегиранд ва дар баъзе маврид воқеан ҳам аз андозбандӣ канор мемонанд. Ба гуфтаи оқои Вазиров, “чунин тасмим боиси он мешавад, ки назорат болои нуқтаҳои доруворӣ таҳким меёбад ва ҳамчунин ҳисобу китоб низ дуруст ба роҳ монад мешавад. Ҳамчунин барои ноҳияҳо низ ин хуб аст, чун манбаи иловагии даромадро пайдо мекунанд.”

Бар пояи омори Хадамоти назорати фармасевтии Тоҷикистон, феълан дар кишвар 2000 дорухона фаъолият менамоянд, ки наздики 500-тои он ба шаҳри Душанбе рост меояд.