Кумисияи муштараки Тоҷикистону Узбакистон ба хулосае омад, ки садамаи қатори Тоҷикистон бо даҳҳо сарбоз бо гуноҳи ҷониби Узбакистон сурат гирифтааст.
Кумисияи муштараки Тоҷикистону Узбакистон, ки ба думболи садамаи қатори ҳомили низомиён таъсис ёфта буд, ба хулосае омад, ки дар садамаи қатор ҷониби Узбакистон гунаҳкор аст. Ин кумиссиюн гуфтааст, ки Узбакистон ба ҷониби Тоҷикистон нагуфтаст, ки дар ин қитъаи роҳи оҳан таъмир ҷараён дорад. Рӯзи гузашта қатори ҳомили даъватшудаҳои артиши Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон ба садама дучор шуд ва даҳҳо нафарро захмӣ кард. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки агар ронандаи қатор аз таъмир дар ин ҷода огоҳ мебуд, суръати ҳаракатро коҳиш медод ва аз садама ҷилавгирӣ мекард.
Қурбонхон Саидов сардори Хадамоти роҳи оҳани Вазорати нақлиёти Тоҷикистон 11 октябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки бар асоси хулосаи кумисияи дуҷониба ҷониби Уззбакистон гуноҳи худр ва пардохти ҳамаи зарари ворида ба қатори Тоҷикистонро ба дӯш гирифт.
«Имруз бар асоси ин хулосаи кумисия вагонҳои тахрибшударо узбекҳо бардошта ба корхонаи таъмири вагонҳои худ бурданд ва фардо рузи шанбе ҳайати Кумиссия дар Тошканд ҷамъ омада ҳамаи зарари садамаро ҳисоб намуда ҷуброн хоҳанд кард» - гуфт Қурбонхон Саидов.
Ба қавли Қурбонхон Саидов ҷониби Узбакистон пас аз ошноӣ бо ҳамаи далелҳои Кумисия муштарак ва тақозои ҷониби Тоҷикистон розӣ шуд, ки хисоротро бидуни чуну чаро пардохт кунад. Аммо ҳоло маълум нест, кки ҷуброни хисорот танҳо ба вагонҳои қатор дахл дорад ва ё хисороти ҷисмонии аскарони маҷрӯҳ низ ҷуброн хоҳад шуд.
Қабл аз ин Раиси Котиботи Шӯрои роҳу нақлиёти Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ (ИДМ) Бӯрӣ Каримов ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло Тоҷикистон метавонад бо роҳи дипломатӣ бино бар созишномаҳои марбутаи ИДМ ва конвенсияҳои байнулмилалӣ аз Узбакистон ҷуброни осеби шаҳрвандон ва қатори роҳи оҳани худро талаб кунад.
Ба ақидаи Раиси Котиботи Шӯрои роҳу нақлиёти ИДМ, садамаи 10-уми октябр дар қитъаи Ғаллаарали вилояти Ҷиззахи Узбакистон гурезпазир буд ва ин воқеа якҷо бо вокуниши зуди мақомот суолбарангез ба назар расида, дар ҳоле иттифоқ афтодааст, ки муносибати байни ду кишвар дар ҳолати сардист: “Пештар ҳам дар роҳи оҳани миёни ду кишвар ва ҳам дар роҳҳои мошингард мушкилоти зиёд мавҷуд буд ва мақомоти ИДМ ҳам борҳо ба ин ишора кардаанд. Масалан, бору вагонҳо боздошта мешуданд, пардохтҳои убур аз роҳҳои мошингард беасос боло мерафтанд, мушкилти сунъии зиёд сохта мешуд, ки бубинед, акнун ба чунин фоҷиа оварда расонд ва аскарбачаҳои тоҷик маҷруҳ шуданд. Бояд муносибатҳо ислоҳ карда шаванд, то аз такрори чунин ҳодисаҳо пешгирӣ ба амал ояд.”
Ҷаноби Каримов гуфт, агар Узбакистон бо баҳонаи садама ин масири роҳи оҳани худро низ барои Тоҷикистон бандад, кишвари мо дигар роҳи оҳани бурунрафт аз минтақаро нахоҳад дошт. Биноан, бояд роҳи оҳани нав ба воситаи Афғонистон ба Туркманистон ҳарчӣ зудтар сохта шавад. Ин ҳам зикр гашт, ки чанде пеш Русия гуфтааст, мехоҳад ба сохтмони роҳи оҳани Русия — Қазоқистон – Қирғизистон – Тоҷикистон сармоягзуорӣ кунад. Ин роҳ бахши узбакистонии шабакаи роҳи оҳани Осиёи Марказиро камаҳамият хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки масъулони Ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ҷониби Узбакистонро дар сар задани ҳодисаи субҳи 10-уми октябр дар қаламрави вилояти Ҷиззах гунаҳгор мекунад. Мақомот мегӯянд, ки сабаби садамаи қатори Тоҷикистонро, ки дар ин мавзеъ таъмир мерафтааст, арзёбӣ карданд. Сардори Хадамоти мусофирбари Роҳи оҳани Тоҷикистон Маҳмадюсуф Абдураҳмонов, 11-уми октябр ба радиои Озодӣ дар робита ба натиҷаи пешакии таҳқиқи садама гуфт, ки мақомоти Роҳи оҳани Узбакистон мебоист аз суръати ҳаракат дар маҳалли таъмири роҳи оҳан мошинисти тепловозро қаблан огоҳ мекарданд, вале бехабарӣ аз таъмири роҳ ва суръати баланди ҳаракати қатора боиси садама шудааст.
Аммо сардори Хадамоти бехатарии роҳи оҳани Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Қурбонхон Саидов ба Радиои Озодӣ гуфт, кумисюни муштараки ду кишвар мушахас карда хоҳад шуд, ки омили аслии садама чӣ будааст. Ҳамзамон вай афзуд: «Кишваре, ки аз қаламрави он қатора ба таври тронзит мегузарад, зомини бехтарии ҳар вагони он аст ва дар таъмини бехатарии роҳи оҳан масъул дониста мешавад. Ҳамаи уҳдадориҳои байналмилалӣ дар масъалаи роҳи оҳанро, ки Тоҷикистон пазируфтааст Узбакистон низ қабул кардааст аз ин рӯ дар назди хулосаи кумиссия ҳеҷ тарафе наметавонад сарпечӣ кунад.»
Гуруҳи кории Тоҷикистон, ки ба маҳалли садама сафар кард мегӯяд, воқеан Идораи роҳи оҳани Узбакистон дар Ҷиззах қисмати роҳи оҳани худро таъмир мекардааст ва тибқи қонунгузориҳои байналмилалӣ вазифадор буд, ки аз ҳолати роҳи худ Тоҷикистонро дар ҷараён гузоранд.
Муовини раиси Кумитаи сохтмон ва энергетикаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов мегӯяд, барои рушан кардани иллати аслии садамаи қатораи Тоҷикистон дар Ҷиззахи Узбакистон бояд як кумиссияи босалоҳияти ҳукуматҳои ду кишвар таъсис ёфта, он сабаб ва ҷузъиёти фалокатро ошкор намоя. Вай афзуд: «Ҳоло идораи роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, ки мақомоти Узбакистон тарафи тоҷикро дар ҷараён нагузоштааст ва ин ҳодиса сар задааст, аммо ин як тарафи масъала аст, оё Узбакистон инро эътироф мекунад ё не ин масъалаи дигар аст.»
Ба назари ҷаноби Шабдолов дар сурате, ки ин ҳодиса дар қаламрави Узбакистон рух додааст, мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ бояд ҷониби Тошканд ҷуброни ин зарарро пардозад, лекин бояд барои ин хулосаи фаннӣ ва тадқиқотии як ҳайати босалоҳият зарур аст: «Чунки мо намедонем, ҳангоми ҳаракат машинист ба иштибоҳ роҳ додааст ё воқеан ин маҳалли роҳ дар ҳоли таъмир қарор доштааст.»
Муовини раиси Кумитаи сохтмон ва энергетикаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳамчун узви порлумон ва ҳам раиси Ҳизби комунистӣ аз маҷруҳ шудани даҳҳо сарбози тоҷик изҳори таасуф кард ва афзуд, ин фоҷиа ҳам мақомоти Тоҷикистон ва ҳам Узбакистонро уҳдадор мекунад, ки сабаҳои аслии ҳодисаро ошкор ва барои ҷомеа рушан кунанд.
Қурбонхон Саидов сардори Хадамоти роҳи оҳани Вазорати нақлиёти Тоҷикистон 11 октябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки бар асоси хулосаи кумисияи дуҷониба ҷониби Уззбакистон гуноҳи худр ва пардохти ҳамаи зарари ворида ба қатори Тоҷикистонро ба дӯш гирифт.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад