Таркиш дар Покистон: Шаш сарбоз кушта шуд

Нерӯҳои Покистон. Акс аз бойгонӣ

Дар пайи як таркиш дар Покистон шаш сарбозу афсар кушта ва як нафар захмӣ шудааст.

Ҳодиса рӯзи 9-уми июн дар вилояти Хайбар Пахтунхва рӯй дод.

Як манбаи амниятӣ ба Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ, гуфт, "бомбаи канори роҳ таркид".

Касе ё гурӯҳе масъулияти ҳодисаро бар уҳда нагирифтааст.

Як ҳафта пеш низ бар асари таркиши бомба дар ҳамин минтақаи Покистон чаҳор сарбоз кушта ва се нафари дигар захмӣ шуда буданд.