Кумитаи дин хондани таровеҳро дар хонаҳо иҷоза додааст

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон хондани таровеҳ дар хонаи сокинонро бо иштироки то 10 нафар иҷоза додааст. Ҳусейн Шокиров, раҳбари раёсати иттиҳодияҳои динӣ дар Кумитаи дин, рӯзи 9 июн ба Озодӣ гуфт, ин тасмим дар пайи муроҷиати намозгузороне сурат гирифтааст, ки масҷид аз маҳалли зисташон дуртар воқеъ аст.

"Мо танҳо шифоҳӣ иҷоза додем, ки то даҳ нафар дар хонаҳои худашон намози таровеҳро гузоранд. Аслан, ин дархостро бештар сокиноне карданд, ки бо далели бемориву раҳдурӣ наметавонанд, ба масҷид бираванд," – афзуд ӯ.

Ҳусейн Шокиров

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ҳоле гузоштани намози таровеҳ дар хонаҳои шахсиро иҷоза додааст, ки бинобар ҳуҷҷати расмӣ надоштан аксари масҷидҳо дар маҳаллҳо баста шудаанд. Аз сӯи дигар, тибқи қонунҳои Тоҷикистон гузоштани намозҳои ҷамоат ё гурӯҳӣ дар маҳалли ғайри аз масоҷид манъ карда шудааст.

Холиқ Ашӯров, сокини 42-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, аз ин иҷозаи Кумитаи дини Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард. Ӯ гуфт, бинобар баста шудани масҷиди маҳалли зисташон ҳамроҳ бо ду фарзандаш ҳайрон буд, ки дар куҷо намози таровеҳ бигузоранд. Вай афзуд, “як бачаи ҳамсоя бо мошин моро ба масҷиде мебурд, ки 5-6 километр дуртар буд. Бо ҳамсояҳо маслиҳат кардем, ки дар хонаҳо таровеҳ хонем, аммо боз гуфтем, ки ягон гап нашавад. Ҳоло маслиҳат кардем, ки дигар сарфи вақту пул накарда, дар хона ҳамроҳ бо бачаҳои ҳамсоя намози таровеҳро мехонем.”

Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили мазҳабӣ мегӯяд, ин тасмими Кумитаи дин норозиҳо дар пайи бастани масҷидҳои бидуни ҳуҷҷати расмиро камтар мекунад. “Инчунин, ихтиёри сокинонро барои ба масҷид рафтан ба раҳи дур ва ё дар хона намоз гузоштан бештар мекунад. Аз тарафи дигар ҳоло вақте ҳаст, ки мардум барои захираи зимистонаи худ кор мекунад ва бегоҳ хеле хаста ба хона бармегардад. Дар чунин ҳолат тавони ба масҷид рафтан ҳам надорад. Барои онҳо хуб аст, ки дар хонаҳои худ намози таровеҳро мегузоранд,” - гуфт, ӯ.

Фаридун Ҳодизода

Дар ҳамин ҳол, Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон дар як қарори худ гузоштани намози таровеҳро на бештар аз як соат муқаррар кардааст. Ин Шӯро бо дарназардошти кӯтоҳ будани шабҳо ва хаста шудани сокинон аз имомхатибон дархост кардааст, ки намози таровеҳро на бештар аз як соат бигузоранд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Озодӣ тасмими Кумитаи динро дуруст хонд, вале гуфт, “дар ин бора ягон фатво ё қарор содир нашудааст. Ягон хел хилоф надорад, махсусан дар ҷойҳое, ки масиҷд дуртар воқеъ аст ва одамон қуввати то онҷо рафтанро надоранд.”

Ҳукми намози таровеҳ дар мазҳаби Имоми Аъзам суннат аст ва дар шабҳои моҳи мубораки Рамазон баъд аз намози хуфтан адо мешавад. Ҳоло дар аксар масоҷиди шаҳри Душанбе дар намозҳои таровеҳ хатми Қуръони Карим сурат мегирад.