Дар нахустин барномаи “Озодӣ Онлайн” дар соли 2021 дар бораи модарону хоҳарони тоҷик ва мардикорӣ кардани онҳо гап мезанем.
Суҳбати Маҳпора Киромова, хабарнигори тоҷик, ки доир ба мардикорбозори занони тоҷик дар вилояти Хатлон ва зиндагии сахти онҳо филме бардоштааст, баҳси зиёдеро дар вебсайти мо ва Фейсбук барангехт.
Теъдоди зиёде бо Маҳпора Киромова ҳамфикр буда, гуфтаанд, муздурӣ ва ё ҳамон мардикорӣ шоистаи модари тоҷик нест. Қисмати дигар гуфтаанд, муздурӣ на айб асту на шармандагӣ. Ба гуфтаи онҳо, бояд аз бекор нишастану дастнигарӣ ҳиҷолат кашид. Аз шарҳи корбаре шуруъ мекунем, ки худро дар вебсайти мо Адолат муаррифӣ кардааст.
Ӯ навиштааст: "Набудани кор шармандагист. Шиками гуруснаи кӯдакон шармандагист. Фоҳишагӣ шармандагист. Таҳқири коргар шармандагист. Чӣ гуна бо меҳнати ҳалол ризқу рӯзӣ ба даст овардан шармандагӣ мешудааст?"
Дар Фейсбук низ корбаре бо номи Хайр Зуҳуров ба заноне, ки дар хонаҳои мардум кор карда, рӯзӣ меёбанд, аҳсан хонда ва гуфтааст, ҳузури онҳо дар мардикорбозор шармандагӣ нест. Ба қавли ӯ, бояд онҳое шарм доранд, ки шароити муносиб барои кори занон фароҳам намекунанд.
Шарҳи Хайр Зуҳуров чунин аст: "Сано бодо ба занҳое ки марданд, Ҷафо диданду номардӣ накарданд. Ман ба ин заноне, ки ба мардикорӣ мебароянду зиндагии тифлаконашонро пеш мебаранд, аҳсан мехонам. Ин шармандагии онҳо нест, шармандагии ҳукуматдорон аст."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Абдусаттор Зокиров, яке аз корбарони саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук гуфтааст, дар воқеъ, муздурӣ кардани занон айб аст ва набояд иҷоза дод, ки онҳо ҳар рӯз дар гӯшае мунтазир бошанд, ки касе меояду онҳоро ба муздурӣ ба хонаи худ мебарад.
"Ҷомеае, ки дар он ҷо ҳар занро модари хеш ва хоҳари хеш мешуморанд, занҳо набояд ба мардикорбозор раванду барои якрӯза ризқи кӯдакону аҳли хонаводаашон кор кунанд. Мо бояд барои онҳо шароите созем, ки кори доимии занона кунанд, дар ҷойҳои гарм кор кунанд, корашон беозор бошад, маблағи корашонро аз рӯи адолат гиранд. Ҷойи модари тоҷик мардикорбозор нест!", -- навиштааст ӯ.
Корбарони зиёди дигар ҳам мардонро дар Тоҷикистон танқид кардаанд, ки иҷоза медиҳанд, ҳамсар, хоҳар, ё модарашон аз роҳи муздурӣ ва ё ҳамон мардикорӣ рӯз гузаронанд. Дар ин миён корбаре бо номи "Фармер" гуфтааст, занон ҳам як қишри баробарҳуқуқ бо мардони тоҷиканд ва бояд дар канори онҳо кор кунанд.
Ӯ чунин навиштааст: "Мард бечора дигар чӣ кор кунад. Ку ҳамон маоши шоиста? Дар Русия ҳам пул барги бед нест. Бечора мард ҷонаш дар кафи даст таваккал мекунад. Лекин зан имрӯз маҷбур ба мардикорӣ аст. Дигар аз ноилоҷӣ чӣ кор кунад ва чаро меҳнати ҳалол шармандагӣ будааст. Модоме ҳамин роҳи корро пайдо карданд, чаро онҳоро дастгирӣ накунем, имкониятҳои бештар фароҳам наорем?"
Айни андешаро корбарони дигаре ҳам доштаанд ва яке аз онҳо дар вебсайти мо навиштааст, ки марду зан бояд ҳамроҳ кор кунанд, чун зӯри мардон ба танҳоӣ ба таъмини хонавода намерасад. Ин корбар, ки нахостааст, номашро бигӯяд, дар саҳифаи Радиои Озодӣ гуфтааст, занони тоҷик тақрибан нисфи аҳолӣ ҳастанд ва бояд кор кунанд:
"Бечора мардҳо аз мардикорӣ ҳам дар ватан ва ҳам дар Русия мурданд. Боз дигар чӣ кор кунанд? Занҳо бояд кор кунанд, на ин ки бечора писару бародарҳояшон, ба 17 нарасида дар хунукӣ дар Русия касалӣ шуда, кор кунанд. Ман мард гуфта, касал шуда мурда раваду занону хоҳарон бекор нишинанд дар хона? Албатта, мардум барои зану мард кору маоши шоиста мехоҳем, вале бояд ҳам мард ва ҳам зан кор кунад."
Дар воқеъ, бекорӣ дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти сахт мемонад ва рӯзона садҳо ва ё ҳазорон зану мард дар кишвар аз роҳи муздурӣ ва ё мардикорӣ рӯз мегузаронанд.
Бисёр хуб мешавад, агар Шумо ҳам назару андешаҳои худро дар бораи мардикорӣ кардани занон дар Тоҷикистон бигӯед ва ба телефоне, ки мебинед, бифристед. Вайбер Вотсап ва Телеграму Имо дорем.