Толибон 8 гаравгони “Шерхон-Бандар”-ро озод карданд

Боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Кундуз бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Толибон.

Ҳашт нафар аз 12 корманди рабудашудаи гузаргоҳи марзии “Шерхон-Бандар”-и байни Тоҷикистону Афғонистон озод шуда, 4 нафар ҳамоно дар асорати Толибон боқӣ мондаанд.

Толибоне, ки гуфта мешавад, аксаран тоҷиктаборанд, ҳашт корманди гузаргоҳи марзии “Шерхон-Бандар”-ро раҳо карда, 4 нафари дигарро ҳамоно дар асорати худ нигоҳ медоранд.

Ин 12 корманди гузаргоҳи марзии Шерхон-Бандар шаби 26 ба 27-уми ноябр рабуда шуда буданд ва толибони бо эҳтимоли зиёд тоҷиктаборбарои раҳоиашон озод шудани як ҷавони фаранҷипӯши тоҷик бо номи Абдураҳмони Ҷаъфарро мехостанд, ки моҳе пеш аз тарафи ниҳодҳои амниятии Афғонистон боздошт шудаааст.

Саидсарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи фармондеҳи пулиси вилояти Қундузи Афғонистон дар сӯҳбат ба Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, имрӯз, 8-уми декабр гуфт, ин ҳашт корманди гузаргоҳ тоза ба хонаҳои худ расидаанд ва ҳанӯз пулис бо онҳо сӯҳбат накардааст.

Ӯ гуфт: “Ҳоло мо намедонем, ки чаро ин 8 нафарро раҳо кардаанд ва боқиро бо худ нигоҳ доштаанд. Онҳо талаб доштанд, ки ҳамон ҷавони тоҷикистониро раҳо кунед, аммо ин кор ғайримумкин буд. Мо фардо бо инҳо сӯҳбат мекунем ва аз вазъи дигар нафарони дар гаравбуда пурсуҷӯй хоҳем кард. Муҳим ҳамин аст, ки ин ҳашт нафар бидуни кадом осебе дар хонаҳои худ ҳастанд.”

“Шерхон-Бандар” дар рӯ ба рӯи гузаргоҳи марзии “Панҷи Поён” –и Тоҷикистон воқеъ аст ва пули иртиботии бузурге ин ду гузаргоҳро ба ҳам мепайвандад. Ин пул соли 2007 аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида бо харҷи зиёда аз 30 миллион доллар сохта шудааст.

Сухангӯи пулиси Қундуз гуфт, Абдураҳмон Ҷаъфарро аллакай ба Кобул интиқол додаанд ва тафтиши парвандаи ӯ бо ҷурми ширкат дар ошӯби мусаллаҳона алайҳи давлати Афғонистон идома дорад. Бино бар ин манбаъ, азбаски Абдураҳмон аз ноҳияи пояш захмӣ шудааст, то ҳол таҳти табобат қарор дорад.

Ӯ афзуд, ҳанӯз мақомоти Тоҷикистон дар робита ба ин шаҳрванди худ ба ҷониби онҳо муроҷиат накардааанд. Саидсарвар Ҳусайнӣ гуфт, дар сурати чунин муроҷиат имкони истирдоди Абдураҳмон ба Душанбе вуҷуд дорад: "Мо ҳамеша ба ҳамкорӣ бо ҳампешаҳои тоҷики худ дар масъалаи мубориза бо тундгароёну террористҳо омодаем."

Сухангӯи пулиси Қундуз дар ин маврид аз ҷумла аз қазияи ду ҷангии дигари тоҷикистонӣ - Тошпӯлотов Умаралӣ аз ноҳияи Шаҳритӯс ва Қулбошев Комилҷон аз ноҳияи Қубодиён – ёдовар шуд, ки моҳи июн низ дар пайи як задухӯрд дар Қундуз дастгир шуда, баъди ҳамагӣ чанд ҳафта ба мақомоти тоҷик супурда шуданд. Дар моҳи сентябр додгоҳи Тоҷикистон ҳардуро 9-солӣ ҳукми зиндон дод.

Аммо мақомоти пулиси Қундуз имкони ба муомила бо Толибон рафтану ба онҳо супурдани ин ҷангии тоҷикистонӣ дар ивази раҳоии кормандони гузаргоҳи марзии “Шерхон-Бандар”-ро рад мекунанд. Саидсарвар Ҳусайнӣ гуфт, чунин муомила дар гузашта собиқа надоштааст ва “хеле баъид аст, ки ин бор давлат бо “ошӯбгарон” ба чунин муомила розӣ шавад. Агар фикри чунин муомилаеро медоштанд, Абдураҳмонро ба Кобул намефиристоданд.”

Ин ҷангии тоҷикистонӣ, ки мақомоти афғон узви шабакаи Ал-Қоида муаррифиаш карданд, қариб 3 ҳафта пеш либоси фаранҷии занона дар тан замоне дастгир шуд, ки ба гуфтаи худашу 2 ҳамроҳи низ дастгиршудааш, дар задухӯрде бо нирӯҳои афғон аз пояш захмӣ шуда, барои табобат бояд ба Кобул ва аз он ҷо ба Покистон мерафт.