Толибон рӯйи пайкараҳои пластикиро ҳам пӯшонданд
Чеҳраи пӯшидаи манекенҳо ё пайкараҳои сунъӣ ба як рамзи ҳукмронии гуруҳи "Толибон" дар Афғонистон табдил ёфтааст. Онҳо аввал амр карданд, ки манекенҳо аз фурӯшгоҳҳо гирифта шаванд. Пас аз эътирози тоҷирон, ки манекен як василаи тарғиби молашон аст, тасмим шуд, рӯйи ин пайкараи пластикӣ пӯшонда шавад.
Толибон истифода ва нигаҳдории пайкараву тасвири одамро дар Афғонистон манъ кардаанд. Бо ин роҳ, онҳо гуё аз парастиши пайкараҳо пешгирӣ мекунанд. Бо бозгашти Толибон ба сари қудрат дар кору зиндагии занону духтарони Афғонистон маҳдудиятҳои зиёде ҷорӣ шуд. Ҳоло онҳо ҳақ надоранд, бо чеҳраи боз ва танҳо берун раванд ё кору таҳсил кунанд.
Вазорати амр ба маъруф ва наҳйи мункари Толибон амр дод, ки бояд тамоми манекенҳо аз мағозаҳо барчида шаванд ё сари онҳо аз тан ҷудо гардад.
Ин амр боис ба норозигии соҳибкорон шуд. Онҳо шикоят карданд, ки бе манекен наметавонанд, моли худро тарғиб ва тиҷораташонро хуб пеш баранд. Дар натиҷа, ду ҷониб ба созиши аҷиб расиданд.
Тоҷирони мағозаҳо маҷбур шуданд, роҳеро пайдо кунанд, ки ҳам амри Толибонро иҷро ва ҳам таваҷҷуҳи харидоронро ба молашон ҷалб кунанд.
"Наметавонам сари манекенҳоро бо чизи зишт бипӯшонам, ин ба ҳусни мол ва мағоза таъсир мерасонад," – мегӯяд Башир, тоҷире, ки аз тарс нахост, худро пурра муаррифӣ кунад.
Ин маҳдудият дар замоне ҷорӣ шудааст, ки тоҷирон рӯзҳои сахте доранд. Бо омадани Толибон ва бас шудани ёрии созмонҳои байнулмилалӣ иқтисоди Афғонистон рӯ ба табоҳӣ овард.
Либосҳои зебои арӯсӣ дар Афғонистон ҳамеша серхарид буданд. Тӯй яке аз маъдуд маъракаҳое мондааст, ки Толибон ба пӯшидани либоси зебо дар он иҷозат медиҳанд. Ба далели маҳдудиятҳои дигари ҷоришуда, шумори харидорони ин либосҳо ҳоло ду баробар коҳиш ёфта.
Башир, тоҷири афғонистонӣ, гуфт: “Ҳоло мардум дар фикри либоси тӯёнаву идона нестанд. Одамон бештар дар фикри харидани хӯроку зинда мондан ҳастанд”. Ҳаким, тоҷири дигар, рӯйи манекенҳоро бо фалга пӯшондааст. Ҳам амри Толибонро иҷро мекунад, ҳам таваҷҷӯҳро ба молаш ҷалб месозад.
Тоҷирон мегӯянд, шахсони масъул пайваста мағозаҳоро тафтиш ва назорат мекунанд, ки сари манекенҳо пӯшида аст ё на. “Ҳама медонанд, ки манекенҳо бут нестанд ва касе ба онҳо ибодат намекунад. Дар тамоми кишварҳои исломӣ барои намоиши либос аз манекен истифода мебаранд”
Толибон дар рӯзҳои аввали бозгашт ба қудрат дар Афғонистон гуфтанд, қонунҳои сангини давраи аввали ҳукмрониашонро ҷорӣ намекунанд, вале ба тадриҷ дар зиндагии мардум маҳдудиятҳои зиёде ворид кард.
“Вақте ман онҳоро мебинам, фикр мекунам, манекенҳо ҳам ба дом афтодаанд ва маро ҳисси тарс фаро мегирад. Тассавур мекунам, ки пушти шишаи мағозаҳо худам истодаам. Мане, ки аз тамоми ҳуқуқ маҳрум шудааст”, -- гуфт як муштарӣ.