Толибон 4 шаҳрванди Тоҷикистонро асир гирифтаанд

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, барои раҳоии чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон аз асорати Толибон кӯшиш доранд.

Гурӯҳи Толибон чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро дар вулусволии Имом Соҳиб, дар рӯбарӯи ноҳияи Қумсангири Тоҷикистон рабудаанд. Амониддин Қурайшӣ, вулусвол ё раиси ноҳияи Имом Соҳиб рӯзи 20-уми декабр ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ин шаҳрвандони Тоҷикистон шоми рӯзи панҷшанбе барои ҷамъоварии ҳезум ва буридани ҷангалҳо ба хоки Афғонистон ворид шуда буданд, ки дар чанги Толибон афтодаанд.

Оқои Қурайшӣ гуфт, ки гаравгонгирҳо дар ивази раҳоии ин афрод, хоҳони озодии чанд мухолифи мусаллаҳ гардидаанд, ки гуфта мешавад дар Тоҷикистон зиндонӣ мебошанд. Оқои Қурайшӣ афзуд, ки талошҳои ҷараён дорад, то тоҷикҳои гаравгон аз чанги Толибон озод шаванд: "Тоҷикистон ҳамсояи мо аст, онҳо бародарони мо ҳастанд, боз мо аз як давлати қонунӣ бархӯрдор ҳастем, робитаи байналмилалӣ, робитаи ҳамсоядорӣ, робитаи дипломатик бо Тоҷикистон дорем. Мо дар ғаму андӯҳу шодии Тоҷикистон шарик ҳастем."

Амониддин Қурайшӣ афзуд, маълум нест, шаҳрвандони Тоҷикистонро дар куҷо нигаҳ медоранд, чун Толибон гурӯҳ-гурӯҳ мегарданд ва ҳар ҷое, ки рафтанд, асиронашонро бо худ мебаранд. Вай афзуд, аз мақомоти Тоҷикистон ба онҳо касе барои кӯмак дар раҳоии асирони тоҷик муроҷиат накардаанд, вале мумкин аст, муроҷиат дар сатҳи вилояти Кундуз сурат гирифта бошад. Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории "Хома"-и афғонӣ рӯзи 20 декабр хабар дод, ки чаҳор марзбони тоҷик дар сарҳад бо вулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз аз сӯи Толибон ба асорат гирифта шудаанд. Саид Сарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи фармондеҳии пулиси Қундуз ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки ин афрод дар ҷараёни ҷамъоварии чӯб аз ҷангал дар хоки Афғонистон аз сӯи Толибон ба асорат гирифта шудаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки тибқи гузоришҳо, дар миёни Толибони афғон дар шимоли Афғонистон шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳузур доранд.

Мақомоти амниятии Қундуз ахиран гуфта буданд, дар қаламрави вилоят дар таркиби гурӯҳҳои Ал-Қоида ва Толибон шаҳрвандони Покистон, Чеченистон, Узбакистон ва Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Дар маҷмӯъ, шаҳрвандони Тоҷикистон 25 то 30 нафарро ташкил медиҳанд.