Ҳаракати Толибон ба гурӯҳи "Давлати исломӣ", ки ахиран дар Афғонистон фаъол шуд, ҳушдор додааст, ки аз ихтилофангезӣ худдорӣ кунанд ва ҳамроҳи онҳо зери як парчам қарор бигиранд. Ин ҳушдор дар ҳолест, ки бар асоси гузоришҳо, бархе аз чеҳраҳои Толибон ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастаанд ва дар бархе манотиқи Афғонистон бо Толибон вориди ҷанг шудаанд.
Бар асоси иттилои хабаргузории Франс-пресс, гурӯҳи "Давлати исломӣ" то ба ҳол ҳузураш дар Афғонистонро ба таври расмӣ таъйид накардааст. Аз ин қабл раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ" Абубакри Бағдодӣ пешвои Толибон Мулло Муҳаммад Умарро ҷангсолори бесавод ва нодон хитоб карда буд.
Абубакри Бағдодӣ дар баёнияи худ гуфта буд, ки ҷиҳоди Толибон бар зидди амрикоиҳо бояд мутобиқи усули исломӣ зери як парчам раҳбарӣ шавад. Толибон ҳам бар ин таъкид кардаанд, ки раҳбарӣ бояд яке бошад ва сафи ягона дошта бошанд, то эҳтимоли ихтилофот аз байн биравад.
Аммо Мулло Ахтар Муҳаммадмансур, муовини раҳбари Толибон дар нома гуфтааст, ки агар талоше сурат бигирад, ки раҳбарии ин ҷангҳоро гурӯҳи дигаре ҷуз Толибон ба ӯҳда бигирад, заминаи ихтилофот ва фитнаҳо фароҳам мешавад. Толибон ин номаи худро дар сафҳаи интернетии худ ба забонҳои урду, пашту, форсӣ ва арабӣ низ нашр кардаанд. Аммо дар он ҷузъёти бештар дода нашудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Толибон ва "Давлати исломӣ" ду гурӯҳи суннӣ ҳастанд, ки бо ҳам тафовутҳои мазҳабӣ доранд. Толибон дар Афғонистон ва Покистон пайравони мазҳаби ҳанафӣ мебошанд, аммо аксари афроди гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз назарияи салафият пайравӣ мекунанд.
Бинобар ин ихтилофот, ахиран гузоришҳое ба нашр расиданд, ки байни ин ду гурӯҳ дар ҷануби Афғонистон даргириҳо сурат гирифтааст. Ҳафтаи ҷорӣ дар интернет наворе ба нашр расид, ки дар он гурӯҳи "Вилояти Хуросон" вобаста ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" иддао мекард, ки бархе аз Толибонро дар вилояти Нангарҳор сар буридааст.
Гузоришҳои зиёде дар мавриди фаъолияти гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон дар оғози соли ҷорӣ ба нашр расиданд. Мулло Абдурауф Ходим -- раҳбари ин гурӯҳ дар моҳи феврали соли ҷорӣ дар ҳамлаи ҳавопаймҳои бидуни сарнишини НАТО дар вилояти Ҳилманд кушта шуд. Сипас Ҳофиз Ваҳид ба ҳайси ҷойнишини вай гумошта шуд ва баъдан ӯ аз сӯи нерӯҳои афғон кушта шуд.