Корхонаи алюминсозии Тоҷикистон -ТАЛКО овозаҳо роҷеъ ба муфлисшавии ин ширкатро беасос мешуморад.
Ширкати алюминсозии Тоҷикистон ба як матлаби радиои «Озодӣ», ки рӯзи 13-уми март зери унвони "Талко" - як қадам то муфлисӣ" ба нашр расид ва дар он аз қавли вазорати молияи Тоҷикистон гуфта мешуд, ки бузургтарин корхонаи саноатӣ ва яке аз бузургтарин молиётдиҳандагон ба буҷаи кишвар ба вартаи хатарноки муфлисӣ наздик шудааст, вокуниш нишон дод.
Игор Сатторов, сухангӯи ин ширкат гуфт, ҷониби ТАЛКО мавҷудияти қарзҳои корхонаро инкор намекунад, аммо куллан шеваи ҳисоби коэффитсенти муфлисшавии аз тарафи вазорати молия амалӣ намударо қобили қабул намешуморад. Дар ҳисоботи вазорати молияи Тоҷикистон «Оид ба фаъолият ва вазъи молиявии корхонаҳои бузурги давлатӣ» таъкид мешавад, ки «коэффитсенти муфлисшавии корхона (ТАЛКО) дар 9 моҳи соли 2013 ба 0,90 расида, дар ҳадди муфлисшавӣ қарор доштани онро шаҳодат медиҳад».
Ба гуфтаи оқои Сатторов, ба ин шакл пешниҳод намудани ҳисобот куллан ғалат мебошад, зеро нишондиҳандаи мазкур аз ҷониби мақомоти номбурда, дар асоси бақияи арзиши тавозунии ТАЛКО (1,5 млрд. сомонӣ) ҳисоб карда шудааст. Зеро ба гуфтаи ӯ, усулан имрӯз дар тамоми ҷаҳон ҳисоби нишондиҳандаи муфлисшавӣ тибқи Меъёрҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (МФСО) дар асоси арзиши бозорӣ (арзиши бозории ТАЛКО – 930 млн. доллари ИМА) ҳисоб карда мешавад.
Ба гуфтаи сухангӯи ширкати ТАЛКО, агар ин шакли ҳисоби коэффитсенти муфлисшавӣ қобили қабул мебуд, он замон дар заминаи тақвият ёфтани бӯҳрони ҷаҳонии истеҳсолоти алюминий, бузургтарин истеҳсолкунандагони алюминиюм дар дигар кишварҳо аз қабили CHALCO, HIDRO, RUSAL, RIO TINTO ALCAN ва дигарон, бинобар зиёни бисёрмиллиона ва силсилаи қарзҳо, онҳо низ ба рӯйхати ширкатҳои дар минтақаи хафнок ҷой дошта, қарор мегирифтанд.
Ба гуфтаи ширкати ТАЛКО, чунин ҳисобу китоб, тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ, таҳияи ҳисоботи молиявии муттаҳидаро дар асоси принсипи фаъолияти бефосилаи ширкат ва баргузории фаъолияти амалиётӣ дар ояндаи наздикро тақозо мекунад. ТАЛКО ягона ширкати дорои хулосаи аудитории аз тарафи ширкати баҳогузории American Appraisal (AAR) Inc. (ИМА) таҳиягардида, дар Тоҷикистон мебошад.
Дар мавриди қарзҳои ТАЛКО, оқои Сатторов иброз намуд, ки дар ҳоли ҳозир тамоюли камшавии онҳо мушоҳида мешавад. Ҳамзамон ӯ афзуд, ки дар натиҷаи аз соли 2008 то ин замон идома доштани бӯҳрони молиявӣ дар бахши ҷаҳонии алюминий, зиёну зарарҳои рекордӣ, аз ҳисоб баровардани дороиҳо ва афзоиши қарзӣ ба назар мерасад. Дар пасманзари ин мушкилот Ширкати Алюминийи Тоҷик миёни дигар гигантҳои истеҳсолоти алюминийи ҷаҳон, тавонистааст на танҳо сатҳи афзоиши қарзҳоро нигоҳ дорад, балки онро коҳиш диҳад.
Дар вокуниши ин ширкат ҳамчунин омадааст, ки агар дар соли 2006 қарзи берунаи ТАЛКО 536 млн. доллари ИМА-ро ташкил медод, маблағи умумии қарзҳои беруна дар охири соли 2013 287 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Ширкати ТАЛКО аз "кӯшиши пеши по заданҳои вазорати молия" ибрози таассуф намуда", аз андешаҳо оид ба ноустувории молиявии ТАЛКО, ки на танҳо далели воқеӣ ва асоснок, балки ба муқаррароти қонун «Дар бораи ноустуворӣ (муфлисшавӣ)» мутобиқат намекунанд, ибрози нигаронӣ кардааст.
Ҷониби ТАЛКО мегӯяд, ки ин иқдоми вазорати молия бар хилофи дастур ва супориши раҳбарияи ҳукумат дар мавриди кӯмаку дастгирии давлатӣ дар давраи ба мушкил рӯбарӯ шудани бозори ҷаҳонии алюминий ба ин сектори иқтисодиёти Тоҷикистон, ки яке аз соҳаҳои стратегии кишвар маҳсуб меёбад, равона гардидааст.